Оё кори онҳо “хиёнат ба ватан” буд?

Ба муносибати Ҳафтаи Муяссар Саъдоншоев ва Ифтихор Саидбеков

“24-уми июни 2022 ду журналисти помирӣ, Муяссар Саъдоншоев 11 сол ва Ифтихор Саидбеков 10 сол ҳукми ҳабс гирифтанд. Суди саркӯбгар онҳоро бо банди “хиёнат ба ватан” гунаҳкор донист. Ин ду ҷавон, ба қавли мақомоти тоҷик, муроҷиатҳои “Комиссияи 44”-ро навор мегирифтанд, танзим карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекарданд… Барои ҳукумати Тоҷикистон гуфтани воқеият ва расондани иттилооти зарурӣ, ки ҳеч рабте ба асрори давлат надорад, “хиёнат” таъбир мешавад, ки хеле таассуфовар аст…” (Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор)

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ҳафтаи пеши рӯйро барои ду тан аз зиндонии сиёсӣ: Муяссар Саъдоншоев ва Ифтихор Саидбеков, ки аз асҳоби расона ҳастанд ихтисос додааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мо дар бораи ин ду зиндонӣ маълумоти кофӣ дар ихтиёр надорем ба ҷуз он чи дар расонаҳои мустақил омада, бинобар ин, аз огоҳон ва дӯстони ин ду азиз хоҳиш ба амал меояд, дар ҳафтаи пеши рӯй ҳар чи дар бораи онҳо медонед нависед, то дар сайти “Зиндониён” ҳам гузошта шавад. Саъй кунем, ин ду азиз аз ёди ҷомеа наравад ва ба фаромӯшӣ супурда нашаванд.

Муяссар Саъдоншоев кист?

Муяссар Саъдоншоев зодаи 10 марти соли 1994 ва аз аҳли Бадахшон аст. Ӯ шоир ва наворбардор аст. Бино бар хабари 5 июли соли ҷорӣ (2022), Муяссарро барои ҳамкорӣ бо “Комиссияи 44”, созмоне аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, ба 11 сол зиндон маҳкум кардаанд.

Пайвандони Муяссар Саъдоншоев, машҳур ба Муяссари Кӯҳистонӣ, рӯзи 5-уми июл гуфтанд: “Додгоҳ ӯро ба хиёнат ба давлат гунаҳкор донист”, вале шикоят намекунанд, чун тавони муборизаро надоранд.

Муяссар Саъдоншоев 28-сола аст ва ҳукмашро рӯзи 24-уми июн дар Хоруғ эълон карда, сипас ба Душанбе фиристодаанд. Мақомот ҷузъиёти парванда ва ҳукми ӯро шарҳ надоданд.

Дар мурофиа гуфтанд, ӯ гӯё ҷаласаҳои “Комиссияи 44”-ро ба навор гирифта, дар Интернет паҳн кардааст. Гуфтанд, бо назардошти чанд масъала муҳлати ҳабсашро камтар карданд. Рӯзи 25-уми июн ба Душанбе бурданд,” – гуфт яке аз наздиконаш ба расонаҳо.

Гуфтанист, “Комиссияи 44”-ро дар пайи эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар маркази вилояти Бадахшон ташкил карданд. Шаш узви он шомили гурӯҳе буданд, ки аз муфаттишони Додситонии кул ва Додситонии ҳарбии Тоҷикистон таркиб ёфта, ҳодисаҳои моҳи ноябри соли гузаштаро дар Хоруғ таҳқиқ мекард.

Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли гузашта, баъди он авҷ гирифт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ, Гулбиддин Зиёбеков, як сокини Роштқалъа, кушта шуд. Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Аъзои “Комиссияи 44” дар ин ҳодиса музокиракунандаи асосӣ бо мақомот буданд. Бо миёнравии онҳо ба эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ хотима дода шуд, аммо баъдан аз тарзи кори муфаттишон ва шеваи таҳқиқи ҳодисаҳо ибрози норозигӣ карданд.

Тақрибан даҳ узви созмонро охири моҳи майи имсол, дар пайи амалиёти мақомот, дар Хоруғ дастгир кардаву барои муҳокима ба Душанбе оварданд. Он замон манобеъ гуфта буданд, онҳо ба гирифтани пул аз хориҷа ва бахусус аз намояндагони мухолифони ҳукумат дар Аврупо гумонбаранд.

Ифтихор Саидбеков кист?

Ифтихор Саидбеков мутаваллиди 25 январи соли 1995 аст. Ӯ аҳли шаҳри Хоруғ ва хабарнигор аст. Бар асоси хабари 11 марти 2022, маъмурони Вазорати умури дохила ӯро, ки узви гурӯҳи 44-нафараи ҷомеаи шаҳрвандӣ буд, боздошт карданд. Бар пояи ин хабар, ӯро ҳангоми убур аз роҳ дар постгоҳи БДА дар маҳаллаи Тирчиди Хоруғ дастгир карданд ва ҳадафи мақомот “фишор” ба ҷомеаи шаҳрвандӣ буд. Аммо раёсати умури дохилаи ВМКБ гуфт, Ифтихор Саидбеков бо он сабаб боздошт шуд, ки кормандони бозрасони автомобилиро дар постгоҳ “таҳқир кардааст”.

Гурӯҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ тирамоҳи порсол дар паи бӯҳрони навбатӣ дар ВМКБ таъсис шуд. Ҳуқуқшинос Фаромуз Иргашев, ки ӯ ҳам як узви ин гурӯҳи ҷамъиятӣ аст, рӯзи 10-уми март дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфт, ки мақомот Ифтихор Саидбековро “дар вақти пиёда аз роҳ убур намудан дастгир кардаанд”. Ба гуфтаи Иргашев, “дар соати тақрибан 12 рӯз огоҳ шудем, ки ӯро боздошт карда бурдаанду латту кӯб кардаанд”. Вай гуфт, баъди ин ҳодиса 20 узви гурӯҳ ба унвонии ҳукумати шаҳри Хоруғ ва вилояти Бадахшон нома навишта, озод кардани Саидбековро талаб карданд. Ба гуфтаи Иргашев, имзогузорон гуфтаанд, ки агар ӯ озод карда нашавад, “даст ба гирдиҳамоӣ мезананд”.

Ва ин дар ҳоле аст, ки мақомот дар сабаби боздошти Саидбеков далелҳои дигарро иддао карданд. Аз ҷумла, Маркази матбуоти шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ рӯзи 11 март Саидбековро дар содир кардани “кирдорҳои авбошона” муттаҳам кард. Дар хабаре, ки дар вебсайти ВКД Тоҷикистон нашр шуда буд, гуфта шудааст, ки рӯзи 10-уми март Ифтихор Саидбекови 27-сола “дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи бозрасии давлатии автомобилӣ, воқеъ дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кирдорҳои авбошона даст зада, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таҳқир намудааст”. Дар хабари мухтасар гуфта шудааст, ки ин сокини Хоруғ “барои содир намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ дастгир карда шуда, нисбати ӯ чорабиниҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дида мешавад”.

Ин хабар дар ҳолест, ки аз аъзои гурӯҳи шаҳрвандии вилоят, дар он вақт “7 сокини маҳаллӣ” боздошт шуданд. Фаромуз Иргашев гуфт, ин боздоштҳо “аз 7-уми март то имрӯз дар маҳаллаҳои мухталифи Хоруғ” сурат гирифтааст ва аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ инро “фишор болои ин гурӯҳ” арзёбӣ мекунанд.

Ӯ гуфт: “Дастгир шудани Ифтихор Саидбеков фишор ба фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Ҳоло дигар тафтишоти муштарак пеш намеравад ва баръакс, аз тариқи шабакаи ТВ Бадахшон намояндаҳои гурӯҳ танқид мешаванд”. Манзури ӯ таҳқиқи парвандаи куштори Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа дар моҳи ноябр ва эътирозу беназмиҳои сокинон буд.

Ҳабси Ифтихор Саидбеков

Бино бар хабаре дар 21 марти 2022, Додгоҳи шаҳри Хоруғ Ифтихор Саидбековро ба 15 шабонарӯз ҳабс маҳкум кардааст.

Маъмурони ҳукуматӣ ӯро маҷбур карданд, то пушти дурбин истода, худро гуноҳкор эълон кунад. Дар наворе, ки телевизиони давлатии “Бадахшон” дар нимаи аввали моҳи март нишон дод, Саидбеков гуфт, ки гӯё “рафтори дағалонае” бо нозирони роҳи маҳаллаи Тирчиди Хоруғ карда будааст. Ӯ дар ин навор аз ҷавонон хост, “бо намояндаҳои мақомоти интизомӣ бадрафторӣ накунанд”.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, маълум нест, ки ӯ таҳти чӣ шароит ин гапҳоро гуфтааст. Дар гузашта шикоятҳо аз шиканҷа ҳангоми ба даст овардани эътирофи дастгиршудаҳо садо додааст.

Зиндонӣ кардани Муяссар ва Ифтихор

24-уми июни соли ҷорӣ (2022) Муяссар Саъдоншоевро ба 11 сол ва Ифтихор Саидбековро ба 10 сол равонаи зиндон карданд.

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор, дар ёддоште дар ин бора навишт:

“Суди саркӯбгар онҳоро бо банди “хиёнат ба ватан” гунаҳкор донист.

Ин ду ҷавон, ба қавли мақомоти тоҷик, муроҷиатҳои “Комиссияи 44”-ро навор мегирифтанд, танзим карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекарданд.

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор

Муҳтавои ин муроҷиатҳо қонунӣ буданд ва кирдори ин ду ҷавон мухолифи ҳеч ҷои қонун нест.

Муяссар ва Ифтихор кореро мекарданд, ки ҳар журналисти масъул дар чунин вазъ бояд кунад.

Барои баёни воқеият ва расондани паёми зарур суди тоҷик онҳоро зиндон кард.

Барои ҳукумати Тоҷикистон гуфтани воқеият ва расондани иттилооти зарурӣ, ки ҳеч рабте ба асрори давлат надорад “хиёнат” таъбир мешавад, ки хеле таассуфовар аст.”

#Ҳафтаи_Муяссар_Саъдоншоев_ва_Ифтихор_Саидбеков

#Озодӣ_ба_Муяссар_Саъдоншоев

#Free_Muyassar_Sadonshoev

#Озодӣ_ба_Ифтихор_Саидбеков

#Free_Iftikhor_Saidbekov

#Freedom_for_jailed_journalists

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: