Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори мустақилли тоҷик, бо ишора ба зиндонӣ карда шудани Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз сӯи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ёдовар шуд, ки ба зиндон фиристодани рӯзноманигорон дар ҳоле аст, ки кишварҳои ғарбӣ аз шумори “ифротгароёни маҳкумшуда” дар Тоҷикистон изҳори хурсандӣ мекунанд ва дар бораи саҳми ин кишвар (Тоҷикистон) дар мубориза бо “терроризм” сухан мегӯянд.
Ба гузориши Радиои Озодӣ, Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов)-ро ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум кард.
Додситон ҳашт соли маҳрумӣ аз озодиро талаб карда буд. Худаш дар сухани охирин гуфтааст, гуноҳе надорад ва аз додрас хостааст, аз толори мурофиа озод кунад.
Маркази мустақили ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатиро рӯзи 4-уми октябр дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе хонданд.
Ӯро ба зӯроварӣ нисбати маъмурони милиса, таҳқири намояндаи ҳокимият ва узвият дар созмони ифротӣ гунаҳкор донистаанд. Худаш ҳамеша ин иттиҳомро рад кардааст.
Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигор, дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, бо ишора ба зиндонӣ шудани Ғурбатӣ навиштааст: “7,5 соли зиндон бо иттиҳоми ифротгароӣ! Тоҷикистон ба суқути дигаре расид!”

Вай афзуда, “дар аввал танҳо ин диндорҳо буданд”, ки ба зиндон равона мешуданд, “сипас навбати мухолифон омад, акнун навбат ба рӯзноманигорон расидааст.”
Мирсаидов дар ин ёддошти кӯтоҳи худ, ёдовар шудааст, ки ин боздоштҳо ва ба зиндон равона карданҳо аз тарафи ҳукумат, дар ҳоле аст, ки “кишварҳои ғарбӣ аз шумори “ифротгароёни маҳкумшуда” дар Тоҷикистон изҳори хурсандӣ мекунанд ва дар бораи саҳми ин кишвар (Тоҷикистон) дар мубориза бо “терроризм” сухан мегӯянд.”
Добавить комментарий