Суханронии Абдусаттор Бобоев дар сайдевенти (чорабинии паҳлӯӣ) бахшида ба вазъи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, 05.10.2022. Варшава
Хонумон ва ҷанобон!
Дар ин ҳафта, ки конфронс идома дорад, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ду нафареро, ки моҳи июли соли ҷорӣ барои ҳамкорӣ бо “Комиссияи 44” ба муддати тӯлонӣ ба зиндон фиристода шуда буданд, бахшидааст.
Ин ду ҷавони помирӣ Муяссар Саъдоншоев ва Ифтихор Саидбеков бо иттиҳоми сохта ба зиндон фиристода шуданд. Кумита аз он нигарон аст, ки ин ду нафар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ буданд, аммо бо вуҷуди он ки онҳо ба таври ғайриқонунӣ ва бегуноҳ ба зиндон фиристода шуданд, пас аз чанд моҳи зиндон, на як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва на як созмони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон барои онҳо садо баланд накарданд.
Аммо САҲА ҳамасола барои рушди демократия ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маблағ ҷудо мекунад ва чорабиниҳо ташкил мекунад.
Муяссари 28-сола на танҳо як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки шоир ва наворбардор аст. Вай маҷлисхои “Комиссияи 44”-ро ба навор мегирифт. Ин наворҳо ҳама ҳуҷҷат буданд ва дар онҳо ҳеҷ чизи ғайриқонунӣ ба мисли “даъват ба гирдиҳамоӣ” ё ошӯб вуҷуд надошт. Зеро комиссия мехост ба тафтиши одилонаи куштори Гулбиддин Зиёбеков ноил шавад. Муяссар ва Ифтихор, ки саҳифаҳои корбарии онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаст, ягон бор даъват ба нооромӣ дар Тоҷикистон накардаанд.
Аз ин рӯ, Кумитаи мо хоҳиш мекунад, ки намояндагони вижаи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ҳамчунин рӯзноманигорони байналмилалӣ барои баррасии қазияи намояндагони зиндонии “Комиссияи 44” ба Тоҷикистон сафар кунанд ва бар асоси гузориши онҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба Тоҷикистон фишор оварад, то парвандаи онҳо аз сӯи додгоҳи ошкоро ва беғараз баррасӣ шавад.
Добавить комментарий