Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз рӯзноманигорони зиндонӣ ва боздоштшуда
Дар соли ҷорӣ (2022) дар Тоҷикистон шумори зиёде аз блогерон, хабарнигорон ва рӯзноманигорон аз ҷумла Далери Имомалӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Завқибек Саидаминӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Ҳушом Ғулом, Муяссар Саъдоншоев, Ифтихор Саидбеков, Комчек Мирзоев ва дигарон ба хотири фаъолиятҳои хабарнигориашон боздошт шуда, ҳукми баъзе аз онҳо содир шуд ва баъзеи дигар дар интизори ҳукмашон ҳастанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) ба хотири аҳаммияти мавзӯъ, ин ҳафтаро барои дифоъ аз ин азизон ихтисос дод. Дар навиштаи мазбур роҷеъ ба ин қазия гузориш мешавад.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ барои 7.5 сол ба зиндон фиристода шуд
Бино ба хабаре дар 4 октяри 2022, Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзноманигори 26-сола Авазмад Ғурбатов маъруф ба Абдуллоҳ Ғурбатиро ба ҳафтуним сол зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Ғурбатӣ дар сухани охирин дар мурофиа гуфт, гуноҳе надорад ва бояд озод шавад.
Бино ба гуфтаи вакили мудофеъи вай, “Авазмад Ғурбатов дар мурофиаи охирин низ худро бегуноҳ дониста, иштирокашро дар созмонҳои ифротгаро рад кард. Аз додрас хост, ӯро бегуноҳ эълон кунад.” Гуфтанитс, режими Раҳмон вайро ба увият дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон айбдор карда буд, вале ин ҳизб ин ижжаоро рад кард.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июни имсол боздошт шуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон боздошти ӯ ва бақияи хабарнигорону блогерони тоҷикро дар панҷ моҳи охир беасос номида, озодии онҳоро талаб карданд.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ солҳои охир ҳамчун журналисту блогери мустақил кор мекард. Дар гузоришҳояш дар Ютуб масоили ҳассоси иҷтимоиро ба баҳс гирифта, аз кори мақомот башиддат танқид мекард. Дар гузашта дар хабаргузории “Азия-Плюс”, нашрияи “Пайк” ва Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон кор кардааст. Моҳи майи соли 2020 ду дафъа мавриди ҳамла қарор гирифт. Бори аввали дар назди хонааш дар Душанбе ва бори дувум замоне ки мехост аз вазъи сокинони селзадаи Хуросон гузориш диҳад.
Пирмуҳаммадзода сахт шиканҷа шудааст
Бар асоси гузорише дар таърихи 3 октябри 2022, як манбаи наздик ба тафтишот хабар дод, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, “сахт шиканҷа шуда”, зери фишори равонӣ иттиҳоми ифротгароиро пазируфтааст. Манбаъ “афсурдагӣ ва дасту нохунҳои сиёҳшуда”-и ӯро намуна овард. Пайвандонаш танҳо ҳаминро гуфтанд, ки муҳокимаи рӯзноманигор ҳафтаи оянда дар Додгоҳи ноҳияи Исомили Сомонӣ шурӯъ хоҳад шуд ва мавзӯъро онҷо мепурсанд.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки дар гузашта дар радио ва телевизиони давлатӣ кор карда, солҳои охир ҳамчун блогер фаъол буд, моҳи июни имсол дастгир шуд. Вазорати корҳои дохилӣ ӯро ба ифротгароӣ муттаҳам кард. Ин иттиҳом аз 3 то 5 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Дар панҷ моҳи охир дар Тоҷикистон шуморе аз блогерону рӯзноманигорон дастгир ва баъзе зиндон ва баъзеи дигар дар интизори ҳукми худ ҳастанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки таъқиб ва таҳдиду фишорро ба хабарнигорон бас кунад. Мақомот посухе надодаанд.

Модари Завқибек Саидаминӣ гуфт, се моҳ боз Завқибекро надидааст
Бино бар гузорише дар 5 октябри 2022, парвандаи рӯзноманигори боздоштшуда Завқибек Саидаминиро барои муҳокима ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе фиристодаанд. Ӯ ба ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24” гумонбар аст. Худаш борҳо гуфтааст, ба ҳеч созмону гуруҳе марбут нест ва ҳамкорӣ низ надорад.
Завқибек Саидаминӣ рӯзи 8-уми июли имсол аз тарафи пулиси шаҳри Ваҳдат дастгир ва баъдан ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бурда шуд. Ҳабиса Ятимова, модари Завқибек Саидаминӣ, рӯзи 3-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, се моҳ боз писарашро надидааст. “Рӯзи шанбеи гузашта ба қабули вазири корҳои дохилӣ рафтам. Гуфтанд, дигар имкони вохӯрӣ нест, чун парванда ба Суд рафтааст. Ба Суд ҳам рафтем, тамоман қабул накарданд,” – афзуд ӯ.
Модари Завқибек Саидаминӣ гуфт, писараш солҳои охир дар сохтмоне дар Душанбе кор мекард ва сабаби боздошташро намедонад. Ӯ бовар дорад, ки писараш ҷинояте накарда: “Дар рӯзи аввали боздошт шуданаш дар ШКД-и Ваҳдат гуфтанд, ки баъди даҳ рӯз озод мешавад. Хӯроку либос мебарем, қабул мекунанд, аммо иҷозаи дидан намедиҳанд. Ҳоло на танҳо ман, балки ҳамсару кӯдаконаш ҳам ӯро дидан мехоҳанд.”
Оғози мурофиаи Далери Имомалӣ
Бар асоси гузориши 7 октябри 2022, дар ҳамин рӯз нахустин мурофиаи додгоҳии Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери тоҷик баргузор гардид. Мурофиаи Далери Имомалӣ дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Далери Имомалӣ рӯзи 15-уми июни имсол аз сӯи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуд. Ду рӯз пас мақомот гуфтанд, ин блогер ба соҳибкории ғайриқонунӣ, дидаву дониста расондани хабари бардурӯғ ва узвият дар созмони мамнӯъи “Гурӯҳи 24” муттаҳам мешавад. Ин созмони мухолифи ҳукумат ҳама гуна ҳамкорӣ бо Далери Имомалиро рад кард.
“Онҳоро шиканҷа ва мурофиаашонро дар даҳ дақиқа ҷамъбаст мекунанд”
Бино ба гузорише дар 4 октябри 2022, дар Варшава аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва фишорҳои афзоянда ба хабарнигорону блогнависон гуфтанд. Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигоре, ки ҳаводиси моҳи майро дар Бадахшон бозтоб медод, ҳангоми суханронӣ дар бораи озодии баён соли равонро барои расонаҳо ва фаъолону ҳомиёни ҳуқуқ “фоҷеабор” хонд. Ӯ гуфт, пайгириву бозтоби ҳодисаҳои Бадахшон аз сӯйи ӯ ва ҳамсараш, хабарнигор Анора Саркорова, сабаб шуд, ки пайвандонашон дар Тоҷикистон зери таъқибу фишори мақомот бимонанд.
Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо, ки барои ифшои ришваталабии як мақоми давлатӣ ба 12 сол зиндон маҳкум шуда, баъд аз нӯҳ моҳ шартан озод шуда буд, аз сарнавишти хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ ёд овард.
Мирсаидов гуфт: “9 моҳ дар боздоштгоҳ будам. Ҳамроҳи ман 400 нафар нишастанд. Аз ин теъдод 45 дарсад шахсоне буданд, ки ба ифротгароӣ айбдор мешуданд. Онҳо ҳама шиканҷа мешуданд. Ягон нафари онҳо озод нашуданд. Мурофиаҳо дар худи бодоштгоҳҳо анҷом мешаванд ва ҳамагӣ 10 дақиқа идома мекунанд.”
Ба гузориши Хабарнигорони Бидуни Марз (Reporters Without Borders), Тоҷикистон дар бисту як соли охир дар миёни 180 давлат ҳаргиз ба сӯйи кишварҳои озод ҳаракат накарда, балки зиёдтар ба тарафи кишварҳои баставу худкома “давидааст”. Ин вазъ пас аз соли 2015 бадтар шуда.
Абдусаттор Бобоев: “Имсол соли ваҳшатноке буд”
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), дар як гуфтугӯ ихтисосӣ бо сайти “Зиндониён”, бо “ваҳшатнок” хондани соли ҷорӣ барои қишрҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон махсусан хабарнигорон ва блогерон ва рӯзноманигорон, гуфт: “Имсол дар кишвар барои озодандешон, рӯзноманигорон ва аксарияти қишри ҷомеа, ки мехостанд аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд, соли ваҳшатноке буд, ки шояд мислашро миллати мо дар тӯли таърих надида бошад.”
Вай афзуд: “Қатлу куштор ва шиканҷаву зиндонӣ кардан дигар барои режими Душамбе як амали оддӣ шудааст, даҳҳо рӯзноманигорон амсоли Ғурбатӣ, Муҳаммади Султон, Далери Имомалӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Ҳушом Ғулом ва даҳҳо нафари дигар бе ягон ҷурм равонаи зиндон шуданд.”
Бобоев бо радди иддаои мақомот мабнӣ ба узвияти ин рӯзномагорон дар аҳзоби мухолиф, гуфт: “Мақомоти Тоҷикистон аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсии мухолифро бо терорист будан муттаҳам мекунад. О, ин рӯзноманигорон, ки ҳеҷ вақт аз кишвар хориҷ набуданд, шомили ҳеч ҳаракатҳои сиёсӣ набуданд, мақомот ношармида онҳоро муттаҳам ба узвият дар ҳизбҳои мухолиф карданд. Дар ҳоле, ки баъзе аз онҳо ҳатто аз сиёсат ҳарф намезаданд ва шомили ҳеч ҳаракатҳои сиёсӣ набуданд, баъзеҳо бо таксиронӣ ва кор дар сохтумон рӯзгузаронӣ мекарданд.”
Вай дар поёни гуфтугӯи кӯтоҳи худ ёдовар шуд: “Барои миллат нанг аст, ки имрӯз аз ин мардум ҳимоя накунанд ва барои озодона зиндагӣ кардани насли оянда кӯшиш накунанд. Дунё бояд аз ин рафтори золимона мақомоти худкомаи кишвар огоҳ бошад.”
#Ҳафтаи_дифоъ_аз_рӯзноманигорони_зиндонӣ_ва_боздоштшуда
#Озодӣ_ба_рӯзноманигорони_зиндонӣ_ва_боздоштшуда
#Озодӣ_ба_Далери_Имомалӣ
#Озодӣ_ба_Абдуллоҳ_Ғурбатӣ
#Озодӣ_ба_Абдусаттор_Пирмуҳаммадзода
#Озодӣ_ба_Завқибек_Саидаминӣ
#Озодӣ_ба_Улфатхоним_Мамадшоева
#Озодӣ_ба_Муҳаммади_Султон
#Озодӣ_ба_Ҳушом_Ғулом
#Озодӣ_ба_Муяссар_Саъдоншоев
#Озодӣ_ба_Ифтихор_Саидбеков
#Озодӣ_ба_Комчек_Мирзоев
#Freedom_for_jailed_journalists
Добавить комментарий