Интиқоли Чоршанбе Чоршанбиев ба “СИЗО”

Чоршанбе Чоршанбиеви 27-сола, варзишкори саршиноси MMA, ки моҳи майи соли ҷорӣ ба 8.5 сол зиндон (моддаи 307-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон) маҳкум шуда ва даврони маҳкумияти худро дар режими сахти колонияи Хуҷанд сипарӣ мекард, ба “СИЗО”-и шаҳри Душанбе, ба зиндони ба истилоҳ, “пӯшида” мунтақил шуд.

Ба навиштаи рӯзноманигор Анора Саркорова, режими сахт ба режими шадидтар ва сахттар (дар воқеъ, шадидтарин ва бераҳмонатарин) тағйир ёфтааст.

Пеш аз ин, варзишкор аввал дар камераи ҷаримавӣ (штрафной изолятор) ва сипас дар камераи танбеҳӣ (карцер) қарор дода шуда буд.

Як манбаи огоҳ дар колонияи Хуҷанд ба шарти ношинос мондани номаш гуфт, ки ба мудирияти зиндон дастур дода шудааст, ки амдан Чоршанбе Чоршанбиевро таҳрик ва аз зӯр истифода кунанд.

Вай афзуд: “Нигаҳбонон варзишкорро таҳрик карданд, ба ӯ беадабӣ карданд ва аз зӯр истифода карданд, то посухе бидиҳад. Роҳбарият борҳо бо варзишкор, дар бораи ин ки чӣ гуна рафтор кунад, чӣ гуна ҷавоб диҳад, чӣ гуна муомила кунад, чӣ гуна либос бипӯшад даъво мекард. Ва ин ҳама амдан сурат мегирифт, то вай саркашӣ ва худдорӣ кунад ва баҳонае шавад, то ӯро ба зиндони режимаш сахттар интиқол диҳанд.”

Ба гуфтаи ин манбаъ, раҳбарияти колонияи Хуҷанд аз марказ дастур гирифтааст, ки барои зиндониёни сиёсии помирӣ “шароити тоқатфарсо” фароҳам оварда, “ирода ва нерӯи онҳоро бишкананд”.

Манбаъ афзуд: “Чоршанбиев ба ягон амали ғайриқонунӣ роҳ надодааст ва тасмими интиқоли ӯ ба режими сахттар, аз боло гирифта шудааст.”

Ба гуфтаи манбаъ, маҳбусони интиқолдодашуда ба маҳалли ҷазои сахт ва сахтттар, аз санҷиши ба истилоҳ шартӣ мегузаранд ва дар ҷараёни он мавриди латукӯби шадид қарор мегиранд.

Мақомоти зиндон аксар вақт ба наздикони маҳкумшудагон пешниҳод мекунанд, то пул пардохт намоянд, то зиндонӣ аз ҷазои сахт раҳо шавад. Дар маҳбаси “пӯшида” пешниҳод мекунанд, ки дар ивази 1500 доллар, зиндонӣ латукӯб нашавад. Ин “кори паҳлӯӣ”-и онҳо барояшон бад нест, то кормандони ниҳодҳои ислоҳии Тоҷикистон зиндагиашонро пеш бибаранд.

Дар ҳамин ҳол, Амриддин Аловатшоев, раҳбари ҷавонони помирӣ, ки моҳи апрел ба 18 соли зиндон маҳкум шуда буд, бо сабабҳои номаълум аз маҳбаси шаҳри Ваҳдат ба маҳбаси “пӯшида”-и Душанбе интиқол ёфт.

Тағйир додани навъи муассисаи ислоҳӣ ва низоми ҳабс бидуни муҳокима ва иштироки вакили дифои маҳбус сурат гирифтааст, ки ин нақзи дағалонаи қонун аст.

Дар маҳбасҳои пӯшида маҳбусон дар камераҳо нигоҳ дошта мешаванд ва дар ҳудуди муассисаи ислоҳӣ озод ҳаракат карда наметавонанд.

Рӯзе як бор дар зери посбонӣ аз камераҳо баромада, ба ҳавлии зиндон ба сайру гашт мебароянд.

Маҳбасҳои Тоҷикистон биноҳое мебошанд, ки таъмироти дуруст, вентилятсияи бад ва шароити антисанитарӣ надоранд, ки боиси бемориҳои зиёде дар миёни маҳбусон мешаванд.

Пунктҳои фелдшерӣ дар зиндонҳо аксар вақт доруҳои зарурӣ надоранд ва аз ин рӯ ба маҳбусон ёрии зарурӣ расонда наметавонанд.

Гуфтанист, Чоршанбе Чоршанбиев — зодаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, дар содир намудани ҷиноятҳои моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифода аз интернет”) гунаҳкор дониста шуд. Режими Раҳмон барои он, аз 8 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ кардааст.

Чоршанбе Чоршанбиев дар шаби 30 декабр аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд.

Ӯро дар гузаргоҳи ҳавопаймо боздошт ва ба Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар бурданд.

Бар асоси версияи расмӣ, далели ихроҷи ин варзишкори тоҷик нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия будааст.

Парвандаи варзишкор ангезаи сиёсӣ дошт.

Мақомот аз мавқеи шаҳрвандии Чоршанбиев, ки рӯзи 25 ноябри соли гузашта аз эътирозгарони шаҳри Хоруғ ошкоро пуштибонӣ карда буд, норозӣ буданд.

Раҳпаймоии ҳазорон нафар сокинон дар Бадахшон, дар эътироз ба қатли Гулбиддин Зиёбекови 29-сола, сокини рустои Тавдеми ноҳияи Роштқалъа тавассути нерӯҳои амниятии Тоҷикистон, сурат гирифта буд.

Чоршанбе Чоршанбиев як паёми видеоӣ сабт карда ва дар он аз мақомоти Тоҷикистон даъват карда буд, ки аз амалҳои саркӯбгарӣ даст кашанд ва таҳқиқи мунсифона дар бораи қатли Гулбиддин Зиёбеков анҷом диҳанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: