Ба хотири ризои Худо, аз зиндониёни мазлуми кишвар ҳимоят кунед!

Амруллоҳи Низом

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз рӯзноманигорони зиндонӣ ва боздоштшуда

Дар ҳамин шабакаҳои иҷтимоӣ кам касоне ҳастанд, ки ин азизонро нашиносанд.

Аммо, ман фикр мекунам, аксари онҳое, ки ахбор, аҳвол ва таҳаввулоти Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд, дасти кам яке аз ин бузургонро ба сурати маҷозӣ ҳам, ки бошад, мешиносанд.

Бар илова, аксари онҳое, ки инҳоро ва яке аз ин фарҳангиҳои миллатро мешиносанд, бовар ҳам дорам, ки як замоне яке аз балегӯён ва ташфиқгарони онҳо низ буданд ва гоҳ бо лайку гоҳ бо шарҳе ва гоҳҳое дигар дар суҳбатҳои худмонӣ онҳоро аҳсантум ва офаринатон ҳам мегуфтанд.

Вале акнун, ки бо саду чанд баҳонаву бӯҳтон, тӯҳмату тавҳин ва парвандасозиҳои дурӯғини иддае аз мақомоти номӯҳтарам онҳоро ба пушти панҷараҳои зиндонҳо фиристодаанд, ҷуръат лозим аст, то ҳақ гуфта шавад ва онҳо озод шавад.

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор

Ин садои ҳақро имрӯз ҳар касе аз мо ва шумо гуфта метавонем. Ҳамин, ки кас бо як лайк ва ё шарҳу тафсире дар ин бора ибрози андеша кунад, бидонад, ки дар гуфтани ҳақ саҳм гузоштааст!

Ба ин хотир, хоҳиш, илтимос ва зораву тавалло мекунам, ки бо ҳар роҳе муносиб медонед, хос ба хотири ризои Худо, аз ин азизон ва дигар зиндониёни мазлуми кишвар ҳимоят кунед ва савоби ин ҳама ҳимоятҳои худро ҳам аз Худо бихоҳед, зеро Аллоҳ Таъоло ҳеч ҷаҳду талоши бандаеро беподош намегузорад!

#Ҳафтаи_дифоъ_аз_рӯзноманигорони_зиндонӣ_ва_боздоштшуда

#Озодӣ_ба_рӯзноманигорони_зиндонӣ_ва_боздоштшуда

#Озодӣ_ба_Далери_Имомалӣ

#Озодӣ_ба_Абдуллоҳ_Ғурбатӣ

#Озодӣ_ба_Абдусаттор_Пирмуҳаммадзода

#Озодӣ_ба_Завқибек_Саидаминӣ

#Озодӣ_ба_Улфатхоним_Мамадшоева

#Озодӣ_ба_Муҳаммади_Султон

#Озодӣ_ба_Ҳушом_Ғулом

#Озодӣ_ба_Муяссар_Саъдоншоев

#Озодӣ_ба_Ифтихор_Саидбеков

#Озодӣ_ба_Комчек_Мирзоев

#Freedom_for_jailed_journalists

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: