Инҷо “қатлгоҳ” аст, на “додгоҳ”

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз рӯзноманигорони зиндонӣ ва боздоштшуда

Дирӯз бегоҳӣ (17 октябри 2022) Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери маъруфи тоҷик, ба 10 сол зиндон маҳкум гардид. Ба навиштаи расонаҳо, додгоҳи вай дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе эълон шуд. Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигори тоҷик, дар ёддоште кӯтоҳ, бо ишора ба ҳукми Далер, навиштааст: “Додгоҳ” Далери Имомалиро 10 сол ҳукми зиндон дод. Калимаи додгоҳро барои он даруни нохунак гирифтам, ки шубҳа дорам ин ниҳодро мешавад дар Тоҷикистон “додгоҳ” хонд. Ба фикрам, инҷо қатлгоҳ аст. Чунки чизеро бо номи қонун мекушад ва ғуруру озодиро мерабояд…”

Ба гузориши Радиои Озодӣ, Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик, ки бештар аз мушкили иҷтимоии мардум ва аз камбудҳои мансабдорон мегуфт, ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Додрас ӯро ба пардохти ҷарима ҳам вазифадор кардааст. Ҳукми рӯзноманигор бегоҳи 17-уми октябр ва дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе эълон шуда, наздикон ва вакили мудофеъ пас аз як рӯз онро тасдиқ карданд.

Ба навиштаи ин расона, Саъдулло Қаюмзода, вакили дифои Далери Имомалӣ, рӯзи 18-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ эълони ҳукмро тасдиқ кард, аммо ҷузъиёт надод. Пайвандони Далери Имомалӣ гуфтанд, ин рӯзноманигор ба ғайр аз 10 сол зиндон, боз ҷарима ҳам шудааст. Миқдори ҷарима феълан маълум нест.

Қаблан додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ барои Далери Имомалӣ 10 солу 6 моҳ зиндон талаб карда буд.

Ба навиштаи сайти “Бомдод”, Далери Имомалӣ ва журналисти ҳамкораш Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15 июни соли ҷорӣ (2022) дар пайи нашри силсилаи видеорепортажҳо дар бораи вайрон кардани хонаҳои сохтаи мардум дар маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансур ва интиқод аз мақомоти ин ноҳия, аз ҷумла додситонаш дастгир шуданд. Тавре маълум шуд, додситони ноҳияи Шоҳмансур писари вазири адлия Музаффар Ашӯриён ва домоди раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён буда, ба қавли мардум “пушти хеле зӯр” доштааст.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 4 октябр Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард.

Дар умум, дар чанд моҳи охир дар Тоҷикистон дастикам 12 журналисту блогер, аз ҷумла 6 журналисту блогери зодаи Бадахшон, дастгир шуданд. Аз ин шумор Муҳаммади Султон алакай ба 7 соли зиндон, Ғурбатӣ ба 7 солу 6 моҳ ва Далери Имомалӣ ва блогери бадахшонӣ Комчек Мирзоев ҳар кадом ба 10 соли зиндон маҳкум шуда, ҳоло дар додгоҳҳо баррасии парвандаҳои Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва боз як фаъоли зодаи Бадахшон Улфатхоним Мамадшоева идома доранд.

Ҳамаи ин мурофиаҳо пушти дарҳои баста баргузор мешаванд. Мақомот сабаби бидуни ҳузури наздикон, аҳли ҷомиа ва хабарнигорон баргузор кардани мурофиаҳои парвандаҳои журналистону блогерҳоро шарҳ намедиҳанд.

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз журналтистон, ин парвандаҳоро талош барои тарсондан ва бастани даҳони журналистони тоҷик номида, чандин бор аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Хушом Гулям ва дигар журналистону блогерҳои ҳабсшударо талаб кардаанд. Вале Душанбе то кунун ба ин талабҳо эътиборе надодааст.

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигори тоҷик, дар ёддоште кӯтоҳ, бо ишора ба ҳукми Далер, навиштааст: “Додгоҳ” Далери Имомалиро 10 сол ҳукми зиндон дод. Калимаи додгоҳро барои он даруни нохунак гирифтам, ки шубҳа дорам ин ниҳодро мешавад дар Тоҷикистон “додгоҳ” хонд. Ба фикрам, инҷо қатлгоҳ аст. Чунки чизеро бо номи қонун мекушад ва ғуруру озодиро мерабояд...”

#Ҳафтаи_дифоъ_аз_рӯзноманигорони_зиндонӣ_ва_боздоштшуда

#Озодӣ_ба_рӯзноманигорони_зиндонӣ_ва_боздоштшуда

#Озодӣ_ба_Далери_Имомалӣ

#Озодӣ_ба_Абдуллоҳ_Ғурбатӣ

#Озодӣ_ба_Абдусаттор_Пирмуҳаммадзода

#Озодӣ_ба_Завқибек_Саидаминӣ

#Озодӣ_ба_Улфатхоним_Мамадшоева

#Озодӣ_ба_Муҳаммади_Султон

#Озодӣ_ба_Ҳушом_Ғулом

#Озодӣ_ба_Муяссар_Саъдоншоев

#Озодӣ_ба_Ифтихор_Саидбеков

#Озодӣ_ба_Комчек_Мирзоев

#Freedom_for_jailed_journalists

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: