Имрӯз зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, марди наҷибу шариф, ки метавон гуфт, рамзи шуҷоат ва муқовимат аст, устод Муҳаммадалӣ Ҳайит мебошад.
Муҳаммадалӣ Ҳайит аз чеҳраҳо ва шахсиятҳои шинохтаи сиёсӣ-низомии кишварамон буда, дар замони Шӯравӣ ба унвони афсари гурӯҳи кашфи артиши 40-уми Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат ва масъулияти афсари робит миёни мақомоти артиши Шӯравӣ дар аввал бо Гулбиддин Ҳикматёр ва баъдан бо Аҳмадшоҳ Масъудро бар ӯҳда дошт.
Бар асоси баъзе манобеъ, ӯ дар барқарории оташбас миёни Аҳмадшоҳ Масъуд ва артиши Шӯравӣ дар соли 1984 саҳм дорад. Барои хидматҳояш дар Афғонистон аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ бо ордени “Ситораи сурхи ҷангӣ” ва аз ҷониби Афғонистон бо “Нишони ифтихор” тақдир шудааст.
Ҳайит муддате дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон кор кардааст.
Ӯ аз соли 1990 то соли 1992 дабири созмони Растохез ва муҳаррири нашрияи “Растохез” буд.
Муҳаммадалӣ Ҳайит дар моҳи майи соли 1992 муовини раиси Кумитаи радио ва телевизион таъйин шуда, кор кардааст.
Вай аз соли 1992 ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пайваста, узви гурӯҳи кории татбиқи созишномаи Хустдеҳ ва баъдан гурӯҳи кории Комиссияи оштии миллӣ буд. Ҳоло муовини раиси ҲНИТ мебошад.
Инак бештар аз 7 сол аст, ки ин марди шариф ба хотири ақида, андеша ва афкораш ва ба хотири як Тоҷикистони дигар, як Тоҷикистони мутамаддин, мутараққӣ ва озод, аз сӯи рақибони номардаш, душманони озодиву озодандешӣ, монанди дигар ҳамсафон ва мардони озодаву озодихоҳаш, пушти миллаҳои зиндон қарор дорад. Он ҳам на ба муддати 10 солу 20 сол он тавре, ки дар ҳукумати истибдодии Эмомалӣ Раҳмон маъмул аст, балки ба ҳабси абад маҳкум ва зиндонияш намудаанд.
Ҳукумати истибдодии Эмомалӣ Раҳмон бо зулм ва азобу азияту шиканҷа мехоҳад руҳия ва иродаи ӯро бишканад ва тарс дар дили мардум ва ҷавонону пайравони ӯ эҷод кунад, вале ғофил аз он, ки ин марди оҳанин ва қавиирода бо истодагарӣ, устуворӣ ва азми росихи худ дарси шуҷоат, муқовимат ва истодагарӣ дар баробари ҳар навъ зулму истибдодро кайҳо ба ҷавонон ва мардум интиқол додааст. Ин аст, ки фарзандону ҷавонон ҳамеша дар саҳнаанд, роҳи ӯ ва ҳамсафони ӯро, ки феълан дар зиндонҳои режими ҳукумати худкомаи Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, то озодии ин марди бузург ва дигар азизони зиндонӣ ва кишвари азизамон ва шикасти ин режими диктаторӣ барои расидан ба як Тоҷикистони озоду пешрафта идома ва ҳеч гоҳ тарсу хастагӣ дар ин роҳро ба худ роҳ нахоҳанд дод.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи ин марди шариф ва дар воқеъ ин роҳбари фарзонаро аввалан ба ҳузури худашон ва хонаводаи мӯҳтарамашон ва ҳамаи азизону мухлисону пайравонашон табрик гуфта, озодии ҳарчи зудтари Муҳаммадалӣ Ҳайит ва тамоми озодагонро аз Худованди бузург хоҳон аст.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
20.10.2022
Варшава, Поланд
Добавить комментарий