Ҷойи Шумо ва дигар бузургони зиндонӣ дар майдони мубориза холист, падарҷон!

Номаи Фирӯзи Муҳаммадалӣ ба падараш Муҳаммадалӣ Ҳайит

Салом падарҷон, сахт пазмони Шумо ва он рӯзҳое, ки ҳама якҷо сарҷамъ будем шудаам. Имрӯз зодрӯз доред ва 65-солагии худро пушти миллаҳои зиндони торику танг мегузаронед. Мисли ҳафт соли пеш дар озодӣ нестед то ба оғушатон гирам ва бо ин рӯз табрикатон кунам. Аммо умедворам суханҳоям ба Шумо хоҳад расид.

Падарҷон, бори аввал нома менависам ва дар ин нома кӯтоҳ аз ҳафт соле, ки бе Шумо гузашт, хоҳам гуфт.

16-уми сентябри соли 2015 ноҷавонмардона Шуморо боздошт ва ба СИЗО-и КДАМ бурданд ва аз он рӯз шиканҷаву фишор болои Шумо ва сарсониҳои оилаамон шурӯъ шуд. Яке аз бадтарин рӯзи зиндагиам ҳамин рӯзи 16-уми сентябр аст ва намехоҳам ин сана вуҷуд дошта бошад.

Қаҳрамонам, баъди боздоштатон кормандони мақомот омаданд хонаро тагу рӯ карданду баъзе ашё ва аз ҳама чизи қимматбаҳо-китобҳоро бо худ бурданд. Китоб гуфтаму суханҳоятон, ки ҳамеша ба хондани китоб ва омӯхтан таъкид мекардед, ба ёдам омад. Аз дохили зиндон ҳам ҳамеша паём мефиристед, ки хонданро идома диҳем.

Падарҷон, баъди боздоштатон модарам бо чашмони пур аз об ба кофтани Шумо баромаданд. Чанд рӯз аз Шумо хабаре наёфтем, дар ҳоле ки золимон вақте Шуморо бо худ бурданд, гуфта буданд, ки бо “КАЛОН” суҳбат мекунед ва бармегардонанд. (аз рӯзи боздоштатон борҳо қисса кардаам) Хоб аз чашмони ҳама пайвандон парида буд. Мо фарзандон ҳамеша чашм ба роҳ будем ва мунтазири он лаҳза будем, ки Шумо бармегардеду мисли ҳамеша сахт ба оғушамон мегиред.

Баъдан бо кумаки адвокат Бузургмеҳр Ёров, ки ҳоло ӯро ҳам бо туҳмат барои 28 сол равонаи зиндон кардаанд,, шуморо дар СИЗО-и КДАМ пайдо кардем. Аз рӯзи аввал шиканҷа шудаед, аммо сар хам накардед. Дертар видео ҳам пайдо шуд, ки дар он мегуфтед, ки рост ба СИЗО бурданду даровардан баробар лату кӯбатон карданд. Боз пироҳанатон ба дастамон афтод, ки дарида буд. Ин номардон аз дасташон танҳо лату кӯбу қатли нафарони бегуноҳ меояд. Мехостам бидонам вақте он нафарон дасту по тарафи Шумо ё дигар бегуноҳон мебардоранд ё касеро ба қатл мерасонанд чӣ фикре доранд? Фикр мекунанд ин ҳама амали ваҳшиёнае, ки анҷом медиҳанд бе посух хоҳанд монд?

Дар телевизионҳои ҳукуматӣ такрор ба такрор номи Шумо ва ҳамкоронатон гирифта мешуд ва он табаддулоти ҳарбие, ки гӯё Ҳоҷӣ Ҳалим мехост анҷом диҳад, (дар асл ин кори сохтаи худи мақомот буд), бар дӯшатон бор мекарданд. Ва ин пропоганда метавон гуфт як каме натиҷа ҳам дод: баъзе ҳамсояҳо рафту омадро бас карданд, вақте модарам ё моро медиданд гӯшакӣ мекарданд, дар мактаб баъзе аз муаллимон ба дӯстонам гуфтанд, ки бо писарони “террорист” дӯстӣ накунед ва ғайраҳо.

Баъд аз боздоштатон, то он даме ки ҳукми ноодилонаи додгоҳ набаромада буд, ҳақ доштем дар чанд муддате як бор Шуморо бубинем. Аммо ба дигарон чандмаротибаӣ иҷозаи вохӯрӣ дода шуда буду ба мо не. Ба модар ва бибиям иҷозаи вохӯриро рӯзи 28-уми октбябри соли 2015 доданд.

Бори аввале, ки барои дидани Шумо ба зиндон рафтему вориди онҷо шудем, намедонам эҳсоси баде маро фаро гирифт намешавад онро навишт. Шояд бори аввал вориди зиндон шудам сабабаш ҳамин бошад. Вориди утоқи хурдакаке шудем ва Шуморо наздамон оварданд, дастонатон баста буд, вале мисле, ки дар озодӣ қарор доред, табассум мекардед. Ростӣ пеш аз оне ки наздатон меомадем модарам ҳамаамонро насиҳат карда буданд, ки “тарзе рафтор кунед, ки отатон зиқ нашавад”. Аммо вақте Шумо вориди он утоқаки хурд шудед, Фаррух (бародари хурдиям) шуруъ кард ба гиря кардан. Дар вохӯрии аввал Шуморо пушти панҷара ҷой накарда буданд ва дар назди миз ҳама нишаста будем. Вақте суҳбат мекардед ҳама тарафи дигар мегашту оби чашм тоза мекард. Аз пушти Шумо ду нафар ва аз пушти мо як нафар истода буданд.

Вақте суҳбат мекардед, ҳама пур аз насиҳату дилбардорӣ ва роҳнамоӣ буд. Мо фарзандон пазмони ин суҳбатҳо шудаем.

Вохӯрии мо бо Шумо камтар аз як соат идома кард…

Баъди боздоштатон модарам ва мо фарзандон ростӣ роҳи зиндагиро гум карда будем. Бечора модарам созмоне набуд, ки барои озодиатон муроҷиат накарда бошад, ё расонае намонда буд, ки дар он аз зиндонӣ шуданатон нагуфта бошад.

Агар хато накунам бори охир Шуморо ман зимистони соли 2016 дида будам. Ин дафъа Шуморо вақти вохӯрӣ пушти панҷара ҷой карда буданд ва наздатон чанд корманди дигари зиндон буд. Сахнаеро менамуд, ки шерро зиндонӣ кардаанду ду се шағолро назди панҷара гузоштаанд.

Дар саратон кулоҳро чуқур пушида будед. Баъд мефаҳмем, ки дар пешонаатон осори шиканҷо монда будааст ва нахостед, ки онро мо фарзандон бубинем. Вақте суҳбат мекардем заррае руҳафтодагиро дар Шумо надидам. Моро дилбардорӣ ва насиҳат мекардед. Аз бегуноҳиятон ва бо сари баланд ба озодӣ баромаданатон мегуфтед.

Вақт хеле зуд мегузашт. Агар медонистам, ки баъди ин вохӯрӣ дигар иҷозаи дидор бо Шуморо намедиҳанд ва ман Ватанро тарк мекунам, тамоми корро мекардам то сонияҳам бошад ба оғушатон гирам падарҷон.

Ман он замон синфи 11 мехондам ва бояд барои дохил шудан ба донишгоҳ омодагӣ мегирифтаму касб интихоб мекардам. Чун падарҷон, Шумо болои сарам набудед дар интихоби касб ё донишгоҳ, дар воқеъ, роҳамро гум кардам.

Соли 2016 мурофиаи Шумо ва дигар ҳамсафонатон оғоз шуда буд. Хабари оне ки чӣ гуна дар мурофиаҳо сухан мекардеду бо факту далел бегуноҳиятонро исбот мекардед ва аз ҳамсафонатон дифоъ мекардедро мешунидам. Озодандешон аз қаҳрамониятон мегуфтанду душманон ба хашм омада буданд. Гуфта мешуд, ки мурофиаҳо ба нафъи шумо анҷом ёфта истодааст, бо вуҷуди оне ки чанд тан дар ивази озодӣ бар зиддатон шоҳидӣ бардурӯғ дода буданд. Мақомот чун намехост ин ҳама шармандагиаш рӯи об барояд, мурофиаҳоро пушти дарҳои баста дар СИЗО мегузаронд.

Моҳи июни соли 2016 додрас ҳукми ноодилинаро эълон кард. То он рӯз ҳама умед доштем, ки озодатон мекунанд. Ҳама бархилофи умедҳоямон шуд. Шуморо номардон ба ҳукми абад маҳкум карданд. Ҳама аз ин ҳукм дар ҳолати шок қарор доштанд. Касе намедонист, ки чӣ бигӯяд ва ба куҷо равад.

Касе нақл карда буд, ки дар мурофиаи охир Шумо ва чанд тан аз ҳамкоронатон пушти панҷара қарор доштеду кормандони интизомӣ онро гирд карда буданд. Додрас худаш медонист, ки ҳукм ноодилона аст саросемавор хонда берун баромадааст. Он замон ҳама бо ҳар навъ аз пушти панҷара вокуниш кардаанд.

Модар ва наздикони дигар зиндониёни сиёсӣ баъди эълони ҳукми ноодилона ба назди бинои СММ рафтанд, аммо онҳоро онҷо роҳ надоданду баръакс кормандони пулис омада онҳоро бурда, ҷарима бастанд.

Тасаввури ҳукми абад кори саҳлу соддае нест ва аз онҳое, ки Шуморо равонаи зиндон карданд пурсиданиям. Замоне ки парвандаҳоро мебофтеду месохтед ё замоне ин ҳукмро мехондед, виҷдонатон азоб намедод ё ҳоло азоб намедиҳад? Ба ҷои шумоҳо посух ман медиҳам, охир ҳамон виҷдон бошад, ки азоб диҳад, яъне шумо видон надоред онро кайҳо ба ду танга фурӯхтаед! Шумо ҳам дар ҳаққи Худо ва ҳам дар ҳаққи бандагонаш таҷовуз кардаед, дониста бошед, ки ҳатман ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират ба сазои аъмолатон мерасед. Сад дар сад мутмаинам, ки ҳечгоҳ зулм бе посух намемонад. Падарамон ба мо мардонагиро омӯхт ва барои мардонагиаш равонаи зиндон шуд. Шумо ба фарзандонатон чиро меомӯзед? Фурӯхтани виҷдону шарафу номусу мардонагиро?

Падарҷон, дар тобистони соли 2016 чанд ҳодисаи дигар низ рӯх дод. Ба ман паспорти хориҷиамро надоданд то барои таҳсил ба хориҷ равам, аммо бо вуҷуди он дар Донишгоҳи славянӣ дар факултаи иқтисод қабул шудам.

Падарҷон, бо вуҷуди оне ки мақомот кушиш карда буд ҳукми суд берун набарояд ва намехост ин ҳама шармандагиашон рӯи об барояд, он берун баромад ва барои он ману модарамро ду рӯз боздошт карданд.

Ду рӯзе, ки дар онҷо будем бисёре аз кормандони амният мегуфтанд, ки “сад ҳайф ки отат қати мо кор намекунд, бо истеъдоде ӯ дорад пешрафти зиёд мекардем” ва ба ҳамин монанд суханҳо шунидам. Нафароне ҳам буданд, ки аз бахилӣ дар ҳақатон суханҳои бад мегуфтанд. Намехоҳам дар бораи ончи гузашт онҷо чизе бинависам.

Солҳои 2017-2018 аз солҳои 2015-16 фарқе надошт. Ҳамон мушкилоту фишорҳо. Хонавода Шуморо дар 6 моҳ як маротиба медиданд. Хабари шиканҷа шуданатону бемориятон шунида мешуд, ки сахт моро рӯҳафтода карда буд. Бо ин шиканҷаҳо мехостанд Шуморо шикананд ва он сари баланде, ки назди душман доштед, поин фароранд, вале натавонистанд.

Падарҷон, тобистони соли 2019 ман маҷбур шудам тарки Ватан кунам ва ба Аврупо оям. Инҷо омадам дӯстону шогирдонатонро дидам. Онҳоро мешавад ба ду гурӯҳ тақсим кард. Гурӯҳи аввал, нафаронеанд, ки дилашон дар ҳақиқат барои ҳамсафонашон ва миллаташон месӯзад ва барои озодӣ талош доранд. Гурӯҳи дуввум нафаронеанд, ки муборизаву дӯстони худро кайҳо фаромӯш кардаанду даст ба коре намезананд ва кореҳам агар анҷом диҳанд барои манфиати шахсии худашон аст.

Хуб, бигзарем аз ин падарҷон, инҷо омодаму ба фаъолият дар CATV (ҳоло Azda TV) шуруъ кардам ва инҷо аз дӯстон бисёр корҳоро ёд гирифтам, ки аз онҳо ташаккур мегӯям.

Аз ҳама муҳим дар инҷо яке аз пайвандон буд ва дар рӯзҳои аввале, ки омада будам дастгирӣ ва роҳнамоӣ мекард.

Моҳи сентябри соли 2019 буд, ки нишастҳои САҲА оғоз шуд ва Ҳукумат бо тими чоплусонаш ба ин нишаст омада буданд.

Пештар аз ин нишаст хабари шиканҷа шудани Шумо расонаӣ шуда буд. Ҳукумат ҳам мехост аз ин фурсат истифода бурда, амалҳои ноҷавонмардонаи худро сафед кунад, аммо тирашон хок хӯрду ба мақсад нарасиданд.

Тими чоплусони ҳукумат 5000-6000 км ариза ё баёнияеро бо хурсандӣ бо худ оварданд, ки дар он гӯё Шумо шиканҷа шуданатонро рад мекардед. Аммо бехабар аз он, ки дар он варақ Шумо ба ҳама паём дода будед, ки танҳо як рӯз Шуморо шиканҷа накардаанду халос, яъне дигар рӯзҳо шиканҷа шудаед.

Агар чеҳраи онҳо ва душманҳоятонро медидед… Намедонам баъд аз ин ҳодиса ба саратон чӣ балое оварданд падарҷон…

Хулоса, соли 2020 ва аввалҳои соли 2021 ҷаҳонро пандемияи коронавирус фаро гирифта буд. Як моҳ, ба қавле, дар хона зиндонӣ будем ва бе ягон зарурат намешуд берун рафт. Ин на он зиндоне, ки Шумо қарор доред. Шумо дар утоқи торику ифлос қарор доштед, ман дар як утоқи равшану тоза. Шумо дастараси ба таъому ҷойи хоби тоза ва дигар лавозимот надоштед, ман баръакси ин ҳама. Агар зарурат пайдо мешуд, барои харидани чизе ба берун мерафтам. Аммо Шуморо на танҳо барои ҳавои тоза ба берун намебароварданд, балки шиканҷаатон мекарданд.

Мақомоти зиндонҳо низ он замон баҳона пеш оварда, ба пайвандон иҷозаи вохӯриро надоданд. Дар ҳоле ки ин вохӯриҳо дар шаш моҳ як бор сурат мегирад ва хонавода баъди ҳар як вохӯрӣ рӯзу соат мешуморанд, ки Шуморо бубинанд. Вақте иҷозаи дидор бо Шумо дода нашуда буд, модар мехостанд аз саломатии Шумо огоҳ шаванд ва ариза навишта буданд, ки ҳадди ақал иҷозаи суҳбати телефонӣ бидиҳанд, ба вуҷуди он ҳам иҷоза дода нашуд. Ин номардон заррае раҳм надоранд….

Он замон хабари гирифтор шудани зиндониён ба ин беморӣ нашр шуда буд. Аммо дар аввал мақомоти зиндонҳо ин хабарҳоро рад мекарданд.

Дертар хабар ёфтем, ки падарҷон Шумо низ ин бемориро сахт паси сар кардааед…

Тобистони соли 2021 оиладор шудам ва аз он хабар доред, чун бо дуои Шумо оиладор шудам. Дар рӯзи тӯй дӯстону шогирдонатон тамоми талошашонро мекарданд, то ман худро танҳо ҳис накунам (ташаккури зиёд ба ҳамаи устодону бародарон, ки он рӯз дар барам буданд). Худро танҳо ҳис накардам, аммо ҷойи Шумову модарам холӣ буд ва орзуи ҳар як фарзанд аст, ки падару модару бародаронаш дар наздаш бошанд. Ин ҳукумати золим тамоми корро кард, ки садҳо оила парокандаву дур аз якдигар бошанд.

Дар ҷаҳон ҳодисаҳои гуногуне рух дод, аз ҷумла моҳи августи ҳамон сол Толибон ҳукумати Афғонистонро ғасб карданд. Дар пайи он даҳҳо ҳазор афғон боз муҳоҷир шуданд. Дар миёни онҳое, ки ба Аврупо омада буданд, фарзандони яке аз дӯстонатонро, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нест ва бо Аҳмадшоҳи Масъуд пайвандӣ доранд, пайдо кардам. Қиссаҳое зиёде аз замони хидмататон ва қаҳрамониҳои Шумо дар Афғонистон нақл карданд.

Замоне ки ин қиссаҳоро мешунидам, чанд суоле ба зеҳнам омад: чаро Ҳукумат қадри мисли Шумо барин нафарҳоро намедонад, аммо дигарон аз дӯстӣ бо чунин нафарон мефахранд? Чаро нафароне, ки фақат барои ҳифзи сулҳу оромӣ ва истиқлоли Ватан ва ҳатто кишварҳои ҳамсоя талош мекунанд, дар як рӯз барои ҳукуматдорони золим «террористу хоин» мешаванд? Суолҳо зиёданд…

Ноябри соли 2021 бояд пайвандон бо Шумо дар дохили зиндон мулоқот мекарданд, аммо бо баҳонае ба он ҳам иҷоза надоданд. Гуфтанд, кадом тартиботи маҳбасро “вайрон” кардаед. Аммо вақте дертар муайян шуд, барои дифоъ аз ҳаққи худатон ва талаботҳое, ки карда будед ҷазоятон додаанд.

Пештар Шумо гуфта будед, ки қотилеро ҳамроҳатон ҷой кардаанд ва ҳамеша мушкил месозад ва қасди баде дорад, пайвандон ва тамоми ёру дӯстонатон мунтазири хабар буданд.

Чун Шумо ҳамеша аз муроҷиат ба созмонҳову расонаӣ кардани хабарҳо мегуфтед, ин дафъа низ ба 11 созмон барои кумак дар ин қазия нома навистем. Аммо он созмонҳо ҷавобе надоданду кореро анҷом дода натавонистанд.

Худоро шукр моҳи майи соли ҷорӣ, пайвандон бо Шумо мулоқот доштанд ва он гумонҳои бад аз миён рафт.

Соли 2022 вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар Тоҷикистон бадтар шуд. Ҳукумат чун дид ҷаҳон ба ҷанги Русияву Украина банд аст ва чӣ коре кард бо вокуниши ҷиддие рӯ ба рӯ нашуд, шуруъ кард, ба аз байн бурдани дигар озодандешон. Даҳҳо зодаи Бадахшон аз дасти ин Ҳукумат ваҳшиёна кушта шуданду садҳо зодаи дигари ин вилоятро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд. Ва фикр мекунам Шумо аз ин ҳодисаҳо хуб хабар доред, чун зиндонҳои Тоҷикистон пур аз зодагони Бадахшон шудааст.

Дар идомаи саркӯби озодандешон мақомот чандин рӯзноманигори ҷавони дигарро низ боздошту зиндонӣ карданд. Падарҷон, вазъ дар кишвар то ҷое расидааст, ки занҳои бегуноҳро боздошту зиндонӣ доранд.

Падар, бо ин номаам мехостам бигӯям, ки вазъ дар кишвар хеле бад шудааст ва садҳо ҳолати дигарро дар ин нома наовардам.

Дар охир агар такрор ҳам шавад боз менависам падарҷон, ки ман бо Шумо мефахрам. Орзуи мисли Шумо буданро дорам. Чун мардонагиву ростқавлиро пеша кардеду худро фадои Ватану миллат кардед. Ба мисли баъзеҳо нангу номуси худро нафурӯхтед. Ба хотири роҳати ҷони худ мардонагиро нафурӯхта, зиндонро қабул кардед. Ҳатто дар зиндон рӯҳафтода нестед, аз дохил барои озодиатон мубориза бурда истодаед.

Устоду муршидам, зодрӯзатон муборак бошад! Аз Худованд мехоҳам, ки Шуморо дар паноҳаш нигаҳ дорад ва озодиро насибатон гардонад, то зодрӯзи баъдиятонро дар Ватан якҷо ҷашн бигирем. Агарчи ман ин орзуро ҳарсол мекунам, вале ҳаргиз ноумед нестам ва мутмаинам, ки ба зудӣ ҳам Шумо ва ҳам ин миллати мазлум аз ҷанголи ин золимон озод мешавад.

Бо умеди озодиятон бузургтарин инсон дар зиндагиам! Ҷойи Шумо ва дигар бузургони зиндонӣ дар майдони мубориза холист падарҷон!…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: