Вақте нашри шеъри як шоири дарборӣ “ҷиноят” дониста мешавад.

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз рӯзноманигорони зиндонӣ ва боздоштшуда

Имрӯзҳо ҷараёни муҳокимаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигор ва блогери маъруфи тоҷик, пушти дарҳои баста идома дорад. Яке аз “ҷурм”-ҳое, ки ба гарданаш бор кардаанд ин аст, ки вай ба чанд матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ “лайк” мондааст. Ва аз ҳама тааҷҷубовартараш ин аст, ки ӯро ба доштани нусхае аз шеъри “Ҳамин аст, инқилоб”-и Абдуллоҳ Раҳнамо айбдор мекунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) ахиран дар мусоҳиба бо Azda.tv, бо ишора ба ин қазия, гуфт: “Агар “лайк” ба кудом як шеъри Абдуллоҳи Раҳнамо ҷурм бошад, чаро худи ҳамон шеър шеъри экстримистӣ ва террористӣ эътироф намешавад? Чаро соҳиби шеър ба ҷавобгарӣ кашида намешавад? Албатта, ин ба маънои он нест, ки боз бигӯянд, ки мо даъват мекунем, ки Абдуллоҳи Раҳнамо ва ё кадом шоир ё журналисти дигар, ки мақолаашро касе “лайк” мондааст, ба додгоҳ кашида шавад, на! Манзур ин ҷо дур будани амали мақомот аз мантиқ аст.”

Вай афзуд: “Матни шеър нашр мешавад, нашр шудани он ҳеч мушкиле надорад, соҳиби шеър узви таблиғотии ҳукумат аст, аммо агар як нафар омаду онро “лайк” монд, ба хусус агар он нафар касе бошад, ки ҳукуматдорон ӯро ҳадаф гирифтаанд, ин бояд ҷиноят дониста шавад, воқеан ин мантиқ мантиқи бисёр ғалат аст, ҷиноят аст.”

Раҳбари ПМТ ҳамчунин ин айби навбатиро низ, ки гӯё Пирмуҳаммадзода бо вай иртибод доштааст қотеона рад кард ва гуфт: “Ман бо камоли масъулият инро рад мекунам, ҳеч иртиботе бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода надоштам.”

Вай хотирнишон кардааст: “Ҳатто тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала агар ҷиноят ҳам ҳисоб шавад, банда ҳеч намуд иртиботе, на овозӣ, на хаттӣ ва ҳатто на аз тариқи дигар афрод, бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода надоштам.”

Ба гуфтаи ӯ, “ин баёнгари он аст, ки ҳукумат дар шинканҷа ва таъзиби зиндониҳо ва боздоштшудагон то ҳадди охирин расидааст.”

Шеъри “Инқилоб”-и Абдуллоҳ Раҳнамо

Дар таърихи 24 апрели соли 2014, дар сайти “Озодагон” шеъри Абдуллоҳ Раҳнаморо нашр шуда, ки ба шарҳи зерин аст:

Инқилоб

Гар ба бонги бомдодӣ рахт барбандӣ зи хоб,

Гар расӣ то коргоҳат гарм ҳамчун офтоб,

Гар ту дорӣ тарҳи нобу фикри нобу ҳарфи ноб,

Гар туро пок аст хону хонаву молу ҳисоб,

Гар диҳӣ дар қитъаи худ пеши виҷдонат ҷавоб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

* * *

Гар бидонӣ қадри вақту гар шиносӣ қадри ёр,

Гар ба касби худ расӣ то зинаҳои ифтихор,

Гар набахшиву нагирӣ ришва дар иҷрои кор,

Гар ба илму фан намонӣ аз замони худ канор,

Дар бари фарзанд як соат нишинӣ бо китоб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

* * *

Наҳзати мо гар бувад як наҳзати созандагӣ,

Мазҳаби мо гар бувад парҳез аз паркандагӣ,

Фитрати мо гар бувад инкори фақру бандагӣ,

Бартар аз қавму маҳал дар сатҳи миллат зиндагӣ,

Гар ба ҷои тан кунӣ фикри Ватанро интихоб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

* * *

То ғуломи нафсу муздури шикам бошем мо,

Дархӯри ҷабру сазовори ситам бошем мо,

Фахр набвад, ориёӣ ё аҷам бошем мо,

Фаҳш агар ин аст, маҳкуми адам бошем мо.

Гар ҷавонеро раҳо бахшем аз бангу шароб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

* * *

Ёд дорӣ, “кӯдаке мегашт бо қуттии худ”?

Ин ҳикоят сарнавишти кӯдаки тоҷик шуд,

Ормони насли истиқлол ҳаргиз ин набуд,

Гар тафаккуур бандагӣ бошад, аз озодӣ чӣ суд?

Гар ба сӯи худшиносӣ рӯ кунад шайху шабоб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

* * *

Инқилоби Миср ҷаҳлу зулмро якбора кард,

Инқилоби Шом ними халқро овора кард,

“Инқилоби нарм”-и Гурҷистон Ватанро пора кард,

Инқилоби Украина мулкро бечора кард,

Меҳани мо гар амон монад аз ин мавҷи хароб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

* * *

Инқилоби ҳар яки мо ростии кори мост,

Рӯшании фикри мову дидаи бедори мост,

Дасти поку қалби поку лафзи беозори мост,

Инқилоби ҳар яки мо нанги мову ори мост,

Ҳар яки мо гар ба кори хеш гардад комёб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

Гуфтанист, тибқи гузориши Радиои Озодӣ, нусхаи номае, ки ахиран Абдусаттор Пирмуҳаммадзода навиштааст, ба дасти ин расона расида. Нома дастӣ навишта шуда.

Вай дар ин нома аз ҷумла навишта: “Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам. Дар навор матни навиштаи кормандони УБОП-и ВКД ҶТ-ро дар бораи онки гуё бо раҳбари мухолифон Муҳиддин Кабирӣ дар робитаи доимӣ будаму дар Тоҷикистон инқилобе омода мекарда бошем, зери фишори ҷисмонӣ хондам.”

Пирмуҳаммадзода навишта, Вазорати корҳои дохилӣ ӯро ба умури зерин муттаҳам кардааст:

— “нафрати сиёсӣ”;

— “норозигӣ аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумат”;

— “эҳсосот ҳангоми барномаҳо”;

— “ҷонибдорӣ аз ақидаи созмонҳои мамнӯъ”;

— “дӯстӣ бо Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ”;

— “чанд шарҳу лайк”;

— “нусхаи шеъри “Ҳамин аст, инқилоб”-и Абдуллоҳи Раҳнамо”.

Пирмуҳаммадзода дар ин нома айбҳое, ки ба гарданаш бор кардаанд рад карда, навиштааст: “Ҳадди ақал чаҳор тифли маъсумам баъди калон шудан бидонанд, ки падарашон на экстремист буд, на ҷинояткор. Балки як рӯзноманигори соддадиле буд, ки мехост фарзандонаш дар ҷомеаи демократӣ зиндагӣ кунанд, на дар зери зулму диктатураи сартосарӣ ва як кишвари қафомондаи феодалӣ.”

Гуфтанист, дар ним соли охир дар Тоҷикистон шуморе аз блогерону рӯзноманигорон дастгир ва то ин дам се нафари онҳо – Муҳаммади Султон ба 7, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва Далери Имомалӣ ба 10 зиндон – маҳкум шуданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ба таъқибу таҳдиду фишор хотима дода, рӯзноманигорону блогеронро озод кунад. Мақомот бо мурофиаҳои баста ва ҳукмҳои тӯлонии хабарнигорон посух доданд.

#Ҳафтаи_дифоъ_аз_рӯзноманигорони_зиндонӣ_ва_боздоштшуда

#Озодӣ_ба_рӯзноманигорони_зиндонӣ_ва_боздоштшуда

#Озодӣ_ба_Далери_Имомалӣ

#Озодӣ_ба_Абдуллоҳ_Ғурбатӣ

#Озодӣ_ба_Абдусаттор_Пирмуҳаммадзода

#Озодӣ_ба_Завқибек_Саидаминӣ

#Озодӣ_ба_Улфатхоним_Мамадшоева

#Озодӣ_ба_Муҳаммади_Султон

#Озодӣ_ба_Ҳушом_Ғулом

#Озодӣ_ба_Муяссар_Саъдоншоев

#Озодӣ_ба_Ифтихор_Саидбеков

#Озодӣ_ба_Комчек_Мирзоев

#Freedom_for_jailed_journalists

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: