Ба муносибати зодрӯзи пизишки зиндонӣ

Имрӯз зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, пизишки тоҷик, Мирзоқул Ҳоҷиматов маъруф ба Мирзои Ҳоҷимуҳаммад аст. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни табрики ӯ ва хонаводааш ба ин муносибат, лозим дид, андаке дар бораи ин зиндонии сиёсӣ бинависад.

Мирзоқул Ҳоҷиматов, 26 октябри соли 1059 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар зодгаҳш хонда, дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил ва дар соли 1983 онро хатм кардааст. Ӯ узви боризи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аз раҳбарони он дар вилояти Суғд ба шумор мерафт. Ӯ қабл аз боздошт ва зиндонӣ шудан, дар вилояти Тюмени Русия зиндагӣ мекард. Дар яке аз дармонгоҳҳои Тюмен ба унвони пизишк кор мекард.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, раиси департаменти умури хориҷаи Паймони Миллии Тоҷикистон ва аз раҳбарони ҲНИТ, дар мақолае, ба тафсил дар бораи Мирзои Ҳоҷимуҳаммад навиштааст. Вай менависад:

Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад, ки шаҳрвандии Русияро дошт ва дар вилояти Тюмени Русия ба ҳайси табиб кору зиндагӣ мекард, рӯзи 22-уми майи 2021 дар зодгоҳаш, ноҳияи Ашт боздошт шуд ва баъди 8 рӯз, яъне 1 июни 2021 ба ба иттиҳоми узвият дар ташкилоти экстремистӣ (моддаи 307, иловаи 3-и Кодеки ҷиноӣ), яъне узвият дар ҲНИТ, ба муддати 5 сол равонаи зиндон гардид. Ин дар ҳолест, ки ҲНИТ мегӯяд, ӯ соли 2015 ин ҳизбро тарк карда ва ягон фаъолияти сиёсӣ надоштааст.

Мирзоқул барои фошкориҳояш оиди COVID-19 зиндонӣ шуд?

Аксари хабаргузориҳо ва таҳлилгарон сабаби боздошт ва зиндонӣ шудани Мирзои Ҳоҷимуҳаммадро дар фаъолиятҳои фейсбукии ӯ медонанд, вале агар дақиқтар назар кунем, мебинем, ки ӯ барои фошкориҳояш дар мавриди сиёсати ғалати ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон нисбати коронавирус зиндонӣ шуд.

Дар ҳоле, ки ҳукумат сиёсати пинҳонкорӣ дар мавриди коронавирусро ихтиёр карда буд, табиб Мирзои Ҳоҷимуҳаммад яке аз нодир табибони тоҷик ба шумор мерафт, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин сиёсати ғалати ҳукуматро фош мекард. Ин амал ва фошкориҳои ӯ — ки он вақт дар вилояти Тюмени Русия кору зиндагӣ мекард — ҳукумати Тоҷикистонро нороҳат мекард, ки билохира боис шуд, ӯро ба кунҷи зиндон барад.

Барои мисол: ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле, ки аз моҳи феврали 2020 (моҳи пайдоишу интишори коронавирус дар қариб тамоми кишварҳои ҷаҳон) то моҳи майи 2020 вуҷуди мавориди коронавирус дар Тоҷикистонро ба шиддат инкор мекард, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад рӯзи 27-уми апрели 2020 алайҳи ин сиёсати пинҳонкории ҳукумат овоз баланд кард. Ӯ бо бознашри матлаби “Кишвари тиллоӣ” ё баҳси буду набуди COVID-19 дар Тоҷикистон навишт: “Чунин таҳлилу масъалагузориҳо ба нафъи миллат ва кишвар, ҳатто ҳукуматдорон низ ҳаст. Мадҳу васфҳои чоплусона дигар ба дарди ҷомеа намехуранд.” Ӯ афзуд: “Вабо оламгир шудааст, Тоҷикистон ҷузъи хеле кучаки дунё аст, мо ягон имтиёзу бартарие надорем.”

Дар моҳи апрели 2020 масъалаи буду набуди коронавирус ҷомеаи тоҷикро ба ду даста тақсим карда буд. Аз постҳои дигари Мирзои Ҳоҷимуҳаммад дар ин моҳ маълум мешавад, ки ӯ аз ин пинҳонкории ҳукумат нороҳат аст. Ҳатто дар як пости худ ғайримустақим аз фишору душмантарошии фейкҳои ҳукумат шикоят карда, навишт: “Хеле мутаассифам, ки ҳатто дар чунин рӯзҳо ҳам баъзе аз ҳамватанони азизамон, ки на ному насаби аслияшон маълум ва на касбу кор ва сатҳи таҳсилоташонро касе медонад, дар фазои иттилоотӣ хабарнигорон ё фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро ба хиёнату ватанфурӯшӣ ва воҳимапароканиву мардумро нооромсозӣ муттаҳам мекунанд.”

Пас, ҳувайдост, ки ӯ ба ҳайси як табиб барои ин фошкориҳояш мавриди ҳуҷуми фейкҳои наздик ба ҳукумат қарор гирифта буд.

Таъсиси гурӯҳи фейсбукӣ таваҷҷӯҳи ҳукуматро бештар кард

Ҳоҷимуҳаммад дар рӯзи 7-уми майи 2020 гурӯҳи фейсбукии “Тавсияҳои табиб Мирзои Ҳоҷимуҳаммад”-ро таъсис дод ва беш аз 4 ҳазор нафар бо мурури замон дар ин гурӯҳ узв шуданд. Ин амали ӯ таваҷҷӯҳи ҳукуматро нисбати ӯ бештар кард.

Вақте мақомоти тоҷик шурӯъ аз моҳи январи 2021 пофишорӣ мекарданд, ки кишвар орӣ аз бемории коронавирус мебошад, бори дигар аз навиштаҳои Мирзои Ҳоҷимуҳаммад дар моҳи январи 2021 маълум мешавад, ки ба ин сиёсат ва пофишории ҳукумат чандон розӣ нест.

Ӯ дар посте дар ҳамин гурӯҳи фейсбукӣ “якбора хеле паст рафтан ва ба сифр наздик шудани теъдоди гирифторони Кувидбемориро” ба шакле зери суол бурд.

Рӯзи 28-уми январи 2021, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад дар посте бо бознашри матлаби хабаргузории Азия-плюс зери номи “Таҳқиқ: Фавт дар соли 2020 зиёд шуд. Чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз чӣ фавтид?” навишт: “ТАҲЛИЛИ ОМОРИ ФАВТ ДАР ҶТ, ки Азия-плюс шиносамон кард, воқеан ҷолиб аст”. Ӯ дар зери ҳамин пост “омори расмии сироятёфтагон ва фавтидагон” аз коронавирусро хулосаи сатҳӣ ва зоҳирӣ номид.

Сафар ба Тоҷикистон, мамнуъулхуруҷ ва боздошту зиндонӣ

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад, ба гуфтаи наздиконаш, 4-уми феврали 2021 аз Русия ба Тоҷикистон ба зиёрати модари бемори худ дар зодгоҳаш, ноҳияи Ашт дар шимоли Тоҷикистон рафт. Ҳарчанд ӯ билети бозгашт ба Русияро барои 19-уми феврал дошт, вале мақомоти тоҷик ба ӯ иҷозаи берун шудан аз кишварро надоданд ва ба ӯ гуфтанд, ки алайҳаш парванда кушода шудааст.

Баъди рафтан ба Тоҷикистон бори аввал рӯзи 29-уми апрел посте бо лаҳни наздик ба сиёсатҳои ҳукумат ва бо мадҳи зиёд аз оромию пешравиҳо навишт ва иддао кард, ки онро аз телефони дигар шахс навиштааст. Дар ин пост ӯ навишт: “Шукри Аллоҳ, Ватанро тинҷу орому обод дидаму, нишоне аз кувидбеморӣ надидам.”

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ҳукумат шурӯъ аз моҳи январи 2021 то июни 2021 пофишорӣ кард, ки ҳеч мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст ва кишвар аз коронавирус орӣ будааст. Иддаое, ки аз тарафи коршиносон ва созмонҳои байналмилалӣ зери суол қарор гирифт ва ин табиби мамнуъулхуруҷ ин иддаои ҳукуматро тасдиқ кард.

Агар навиштаҳои Мирзои Ҳоҷимуҳаммад дар Фейсбук таҳқиқ ва пайгирӣ шаванд, ҳар инсони оқил дарк мекунад, ки лаҳни навиштаҳояш пас аз бозгашт ба Тоҷикистон дар моҳи феврали 2021, аз постҳои пешинааш хеле фарқкунанда мебошанд ва дар он постҳо бештар вожаҳои таблиғотие, ки дар навиштаҳои шахсони наздик ба ҳукумат дида мешаванд, истифода шудаанд.

Барои мисол, ӯ дар рӯзи 7-уми майи 2021 дар пости дигараш чунин менависад: “Шукри Худо, ин вабо кишвари моро тарк гуфт, шикаст хӯрд, нобуд шуд.”

Ӯ дар зери ҳамин пост ба саволи як корбар “Чӣ тур шуд, ки дар тамоми дунё вабо худ ба худ нест нашуд ва бедодагариҳояш дар хурӯш, вале дар мо нест шуда бошад ва он ҳам бо 13,000 нафари сироятёфта?” чунин ҷавоб дод: “Аввалан, бо меҳнати қаҳрамононаи кормандони тиб ва чораҳои муваффақонаи ниҳодҳои давлатӣ ин натиҷа дастраси мардуми мо шуд.”

Бинобар ин, баъзе аз наздикон ва шиносони Мирзои Ҳоҷимуҳаммад мӯътақиданд, ки пас аз бозгашташ дар моҳи феврали 2021 то боздошташ дар моҳи майи 2021, зери назорати шадиди мақомот буд ва ӯ аллакай иҷозаи хориҷ шудан аз Тоҷикистонро надошт.

Мутаассифона, ҳеч маълумоти кофӣ дар дастрас нест, ки мақомоти ҳукуматӣ бо ӯ аз рӯзи бозгашташ ба Тоҷикистон (4-уми феврали 2021) то боздошташ (22-уми июн), яъне ҳудуди беш аз 3 моҳ, чӣ гуна рафтор карданд, зеро аз замони бозгашташ ба Ватан тафтиши парвандаи ӯ шурӯъ шуда буд.

Риски баргаштан ба Тоҷикистон ва ваъдаи бардурӯғи авфи мақомот

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад ба Тоҷикистон барои зиёрати модари пиронсол ва хешу табор ба зодгоҳаш баргашт. Бисёриҳо савол медиҳанд, ки чаро ӯ бо вуҷуди имкони боздошт ба хотири собиқаи фаъолиятҳои сиёсӣ ва фейсбукиаш чунин рискро анҷом дод?

Чанд авомиле вуҷуд доранд, ки ӯро то ҳадде мутмаин сохт, ки дар сурати баргаштан ба Ватан боздошт нахоҳад шуд.

Яке аз ин авомил он аст, ки ӯ ба ваъдаи авфи мақомот бовар кард. Ва ҳарчанд ӯ соли 2015 бо навиштани аризае аз саффи ҲНИТ хориҷ шуда буд ва машғули корҳои пизишкӣ буд ва ҳамчунин ба гуфтаи писараш, соли 2019 ариза навишта буд, ки ҳеч фаъолияти сиёсие надорад, аммо бо вуҷуди ин ҳама боздошт ва ба иттиҳоми узвият ба ҲНИТ равонаи зиндон шуд.

Борҳо фаъолону мухолифини тоҷик гуфтанд, ки мардум набояд ба ваъдаҳои авфи мақомоти тоҷик бовар кунанд ва аз баргаштан ба Ватан, дар ҳолати вуҷуди камтарин риск, худдорӣ кунанд. Аммо баъзеҳо ба ин ваъдаҳои дурӯғини мақомот бовар мекунанд ва дар натиҷа баҳои ин хушбовариро мепардозанд.

Фарҳод Ҳоҷиматов, писари Мирзоқул Ҳоҷиматов, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 2015 ба ин тараф падараш бо мақомот ҳеч мушкил надошт: “Чанд сол пеш барои афв рафта буданд, мақомот гуфта буданд, ба афв эҳтиёҷ надоред, бемалол гардед. Соли гузашта дар вақти вафоти бародарашон рафта буданд. Ҳеч мушкил набуд.

Яке аз авомили дигар шояд ин бошад, ки ӯ шаҳрвандии Русияро дошту дар яке аз беморхонаҳои Русия кор мекард. Илова бар ин, умраш (63-сол) низ ба ҷое расидаасту мехост модари пиронсолу маризашро зиёрат кунад. Чандин фаъолони тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, аз ҷумла Иззат Амон ва Каромат Шарипов (Худо раҳматаш кунад!), ба Тоҷикистон ба зӯр баргардонда шуданд.

ҲНИТ бо интишори баёнияе дар пайи боздошти Мирзои Ҳоҷимуҳаммад, хитоб ба тамоми аъзои собиқ, ҷонибдорон ва дар умум мухолифоне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, тавсия дод, то “ба ваъдаҳои мақомот бовар накарда ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба кишвар сафар накунанд.”

Навиштаҳояш оиди коронавирус, Фейсбук ва собиқаи фаъолият дар ҲНИТ

Чи тавре пештар гуфта шуд, навиштаҳояш дар мавриди коронавирус дар Фейсбук ва таъсиси гурӯҳи фейсбукии “Тавсияҳои табиб Мирзои Ҳоҷимуҳаммад”, ки ба бархе сиёсатҳои ҳукумат ҳамнаво набуданд, таваҷҷӯҳи мақомоти амниятии Тоҷикистонро ба худ ҷалб кард.

Илова бар ин, ӯ шояд ба сабаби ин ки дар Русия ҳамчун духтур кору зиндагӣ мекард ва шаҳрвандии Русияро дошт, фикр мекард, ки навиштаҳояш дар Фейсбук ҳатто пеш аз коронавирус барои ӯ дар Тоҷикистон дарди сар нахоҳад сохт.

Ба гуфтаи наздиконаш, далели асосӣ ба зидди ӯ “як навиштааш дар Фейсбук будааст”, вале маълум нест, ки кадом яке аз навиштаҳояш бошад. Ҳукми суди ӯ низ дастрас нест.

Яке аз авомили муҳимми дигар дар зиндонӣ шудани ӯ, собиқаи фаъолияташ дар ҲНИТ буд. Мирзои Ҳоҷимуҳаммад 63 сол дорад ва пеш аз 2015 дар мақоми муовини раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд кор кардааст ва узви Раёсати Олии ҲНИТ буд.

Ӯ фикр мекард, ки бо гузашти 5 сол аз бастани ҲНИТ ва сарукор нагирифтан ба фаъолиятҳои сиёсӣ, ҳукумат аз ӯ интиқом нахоҳад гирифт. Агар собиқаи фаъолият дар ҲНИТ намедошт, ба эҳтимоли зиёд сарнавишташ ба 5-сол зиндон намепечид. Ҳукумат борҳо собит кард, ки онҳоеро ки як замоне фаъолияти сиёсӣ доштаанд ва баъдан ба корҳои ғайрисиёсӣ баргаштанд, пурра намебахшад.

ҲНИТ дар навбати худ боздошти ӯро “як навъ интиқомҷӯӣ аз аъзои собиқи ҲНИТ донист.”

Мисли дигар парвандаҳои дорои ангезаи сиёсӣ, мурофиаи М. Ҳоҷимуҳаммад 1-уми июни 2021 дар бинои СИЗО-и рақами 2-и Хуҷанд зоҳиран бидуни ширкати наздиконаш ва бидуни расонаҳо баргузор шудааст. Мақомот низ дар бораи ҷузъиёти парванда ва иттиҳомот алайҳи ӯ маълумоти бештаре ироа накарданд.

Ба ҷои охирсухан

Дар замони вабои ҳамагир, ки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аз хидматҳои кормандони соҳаи тиб қадрдонӣ карданд ва мекунанд, ҳукумати Тоҷикистон табиби тоҷик Мирзои Ҳоҷимуҳаммадро зиндонӣ кард.

Соли гузашта баробари шурӯъи пандемии вируси коруно ин пизишки мардумӣ дар Фейсбук саҳифа боз кард ва шабонарӯзӣ маълумот дарҷ мекарду маслиҳат медод ва ба суолҳои мардум посух мегуфт. Баррасии навиштаи корбарон дар саҳифааш нишон медиҳад, ки ҳазорҳо нафар аз маслиҳатҳои ӯ суд бардоштаанд ва ба суолҳояшон посух гирифтаанд.”

Бори дигар сарнавишти ин табиби тоҷик, ки собиқаи фаъолияти сиёсӣ дошт, нишон дод, ки мақомоти тоҷик ба ваъдаи авфи фаъолони сиёсӣ пойбанд нестанд ва таҳаммули дигарандеширо надоранд. Дигарандеш будан дар Тоҷикистон кори осон нест ва баҳои сангине мисли шиканҷаву зиндонӣ шуданро металабад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: