“Дар яке аз маъракаҳои интихоботӣ талош кард, номзад шавад, аммо номзадии ӯро сабт накарданд ва ин ҳам яке аз ангезаҳои интиқодии журналист шуд. Завқибек Саидаминӣ борҳо ба минтақаи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафта, аз онҷо гузориш медод. Солҳои охир ба соҳибкорӣ ва барномаҳои хайрия машғул буд…”
Дӯстон дар Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) тасмим гирифтанд, ҳафтаи ҷорӣ ҳафтаи дифоъ аз зиндонии сиёсӣ, Завқибек Саидаминӣ ва низ зиндонии сиёсӣ, Ораз Вазирбеков, ки судаш тоза шурӯъ шуда бошад.
Завқибек Саидаминӣ кист?
Зиндонии сиёсӣ, Завқибек Саидаминӣ зодаи 28 ноябри соли 1983 дар шаҳри Роғуни Тоҷикистон аст Вай дар соли 1991 вориди мактаби миёнаи рақами 28-и зодгоҳаш шуда ва дар соли 2002 онро хатм кардааст. Пас аз хатми риштаи рӯзноманигорӣ, Завқибек дар “Симои мустақилли Тоҷикистон” маъруф ба “CMT Online” ба унвони рӯзноманигор фаъолият карда ва аз соли 2010 то соли 2012 дар нашрияи “ИмрӯзNews” фаъолият намудааст.
Завқибек Саидаминӣ аз соли 2013 то соли 2019 дар Созмони телевизиони Тоҷикистон кору фаъолият намуда. Ӯ ба унвони муҷрӣ ва низ муҳаррир дар ин созмон кор кардааст.
Вай бо сӯҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур буд, аз зумраи онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқат гуфта шаванд.
Дар яке аз маъракаҳои интихоботӣ талош кард, ба таври худпешбарӣ номзад шавад, аммо номзадии ӯро сабт накарданд ва ин ҳам яке аз ангезаҳои интиқодии журналист шуд.
Завқибек Саидаминӣ борҳо ба минтақаи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафта, аз онҷо гузориш медод. Солҳои охир ба соҳибкорӣ ва барномаҳои хайрия машғул буд. Ӯ мағозае дошт ба номи “Нинича” ва ба фурӯши асбоббозӣ ва тӯҳфаҳои гуногун машғул буд.
Бино бар охирин хабар (гузорише дар Радиои Озодӣ дар 26 октябри 2022) додгоҳи вай дари 26-уми октябр паси дарҳои баста ва бе ҳузури пайвандонаш идома кард. Маълум нест, тарафҳо чӣ гуфта ва чӣ шунидаанд. Вакили мудофеъ баъди мурофиа нахост, гап занад.
Завқибек моҳи июли имсол дастгир шуда, ба ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24” гумонбар аст. Худаш қаблан гуфтааст, ба ҳеч созмону гурӯҳе вобаста нест. Ҳар ду ҳизб ҳар гуна ҳамкориро бо Завқибек Саидаминӣ рад кардаанд.
Ба иттилои яке аз пайвандонаш, дар мурофиаи рӯзи чаҳоршанбе “баъзе аз мутахассисон” иштирок кардаанд, вале аз онҳо ном бурда намешавад.
Вай гуфт: “Мурофиа соати 9 сар шуд. Як сиёсатшинос ҳам омада буд. Адвокат шиносномаҳои моро гирифт ва гуфт, барои ширкат дар мурофиа иҷозат мегирад, аммо имрӯз ҳам ширкат карда натавонистем.”
Завқибек Саидаминӣ рӯзи 8-уми июли имсол дар шаҳри Ваҳдат дастгир ва баъдан ба Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе бурда шуд. Мақомот парвандаи Саидаминии 38-соларо бар асоси қисми 2-и моддаи 307 (нишонаи 3) ҷамъбаст карда, миёнаҳои моҳи сентябр ба додгоҳ фиристода буданд.
Дар ним соли охир дар Тоҷикистон дастикам 7 рӯзноманигору блогер дастгир ва се нафари онҳо – Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5, Далери Имомалӣ 10 сол ва Муҳаммади Султон ба 7 сол зиндон – маҳкум шудаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукмҳоро танқид кардаанд, вале мақомот дуруст мешуморанд.
Ораз Вазирбеков кист?
Зиндонии сиёсӣ, Ораз Вазирбеков мутаваллиди 1 октябри соли 1977 дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Вай дар мактаби миёнаи рақами 7-и ҳамин шаҳр таҳсил кардааст. Ораз Вазирбеков шаҳрванди Русия аст. Вай дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекард. Ораз яке аз аз раҳбарони диаспораи помириён дар Русия ба шумор мерафт.
Дар таърихи 30-уми июли соли ҷорӣ пойгоҳи Pamir Daily News аз бедарак шудан Ораз ва низ Рамзӣ Вазирбековҳо хабар дод. Ин пойгоҳи интернетӣ, ки ҳодисаҳои вобаста ба Бадахшон ва зодаҳои ин вилоятро дар Тоҷикистону гӯшаҳои ҷаҳон бозтоб медиҳад, дар Телеграм-каналаш аз “нопадид шудан”-и ду фаъоли ҷомеаи помириҳо дар Маскав хабар дод. Ин манбаъ навишт, ки Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо шаби 29-уми июл дар фурудгоҳи Домодедово “бедарак шудаанд”. “Ҳавопаймои онҳо аз Екатеринбург меомад ва соати 19:30 дар Домодедово поин шудааст. Чизе, онҳо ба наздиконашон гуфтаанд. Баъд аз ин, телефонашон дастнорас шуд,” – навишт пойгоҳ.
Сабрина Отамбекова, ҳамсари Ораз Вазирбеков, рӯзи 1-уми август гуфт, шавҳараш аз Екатеринбург ба Маскав бармегашт, вале дигар аз фурудгоҳ берун нашуд.
Бино бар гузорише дар Радиои Озодӣ дар таърихи 1 августи соли ҷорӣ як навори видеоӣ дар канали “Беҳдошт ТВ”-и шабакаи YouTube нашр шуд ва Ораз ва Рамзӣ дар он зоҳир шуданд ва гуфтанд, ки “саҳари имрӯз ихтиёран ба Тоҷикистон омадаанд.”
Аммо бар асоси хабаре дар таърихи 29 август дар расонаи мазкур, пайвандони Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо гуфтанд, онҳо нияти ба Тоҷикистон рафтан надоштанд ва нашри навори “бозгашти ихтиёрӣ”-и онҳо саҳнасозӣ аст.
Бино бар хабаре дар 14 сентябри соли ҷорӣ, пайвандони Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо гуфтанд, як моҳ боз онҳоро надидаанд ва намедонанд, ки дар чӣ шароит ҳастанд. Аммо рӯйхати доруҳое, ки оварданашро хостаанд, нигарониро дар бораи эҳтимоли шиканҷа шудани онҳо бештар кардааст.
Сабрина Отамбекова, ҳамсари Ораз Вазирбеков, рӯзи 29-уми август гуфт, шавҳараш рӯйхати доруҳоро ба пайвандонаш фиристодааст, то зудтар барояш фароҳам кунанд. Вай гуфт: “Мо рӯйхатро дидем. Дар он давоҳое ба монанди “Бадяга”, “Фуратсилин” ва доруҳои дигарро навиштаанд. Табибон гуфтанд, онҳоро барои давои захму доғҳои сиёҳе, ки бар асари зарбу лат дар бадан пайдо мешаванд, истифода мекунанд.”
Наздикони Ораз ва Рамзӣ Вазиребковҳо гуфтанд, онҳо вакили мудофеи давлатӣ доранд, аммо вазъро бозгӯ намекунанд. “Вақте аз намояндаҳои боздоштгоҳ мепурсем, ки чаро ба худи мо иҷозаи мулоқот намедиҳед, фақат як ҷавоб доранд, “фармон аз болост”, — гуфтанд пайвандони Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо.
Вазирбековҳо бо назарҳои танқидияшон нисбати мақомоти Тоҷикистон маъруфанд. Қаблан ҳар ду дар наворе гуфта буданд, ки шаҳрвандии Русияро доранд ва агар ногаҳон дар Тоҷикистон пайдо шуданд, “пас, рабуда шудаанд”.
Бино бар навиштаи Pamir Daily News, дар ним сол дастикам 5 зодаи Бадахшон дар Русия рабуда ва ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Амриддин Аловатшоев, яке аз афроди бонуфуз дар миёни ҷавонони Бадахшон, яке аз онҳост. Ӯ моҳи январи имсол дар Русия нопадид шуд. Наздикони варзишгар се ҳафта талош карданд, ки дар бораи ӯ хатту хабаре ёбанд, вале кӯшишҳо бенатиҷа буданд. Танҳо дар аввали моҳи феврал мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон эътироф карданд, ки Аловатшоев дар як боздоштгоҳи шаҳри Душанбе аст ва сипас ба 18 сол зиндон маҳкум карданд.
Фаъолони ҳуқуқи башар се сол пеш гуфта буданд, ки дар солҳои 2005-2018 дар хориҷа, бахусус Русия, 15 шаҳрванди Тоҷикистон рабудаву боздошт ва ё нопадид шудаанд. Аксари ин ҳодисаҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, ба нигоҳи танқидии ин афрод нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон рабт медиҳанд.
Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, ки Тоҷикистон мухолифонашро дар хориҷа ҳам таъқиб мекунад. Мақомоти расмӣ чунин иттиҳомро ҳамеша рад мекунанд ва эълом мекунанд, ки афроди дар кишвар пайдо шуда бо майли худ ба Тоҷикистон омаданд.
Бино бар гузориши 20 октябри соли ҷорӣ (2022) ба парвандаи Ораз Вазирбеков иттиҳоми нав илова кардаанд. Пайвандонаш рӯзи 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин дафъа ӯ ба “азхудкунии маблағ” гумонбар аст.
Бино бар навиштаи Анора Саркорова, ҷумъаи 28 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мурофиаи пӯшидаи парвандаи Ораз Вазирбеков оғоз шуд.
Вай навишт, ки Ораз Вазирбеков бар асоси моддаҳои 307 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили созмони ифротӣ) ва низ барои “Даъвати оммавӣ ба тағйири зӯроварӣ дар сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз интернет” муттаҳам мешавад.
Ҷаласаи нахустини додгоҳӣ дар СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллии шаҳри Душанбе, ки муттаҳам аз замони боздошт дар онҷо нигаҳдорӣ мешавад, пушти дарҳои баста баргузор шуд.
Анора Саркорова навишт, Ораз Вазирбеков мавриди шиканҷаи шадид қарор гирифтааст. Вай адвокат надорад.
#Озодӣ_ба_Завқибек_Саидаминӣ
#Озодӣ_ба_Ораз_Вазирбеков
Добавить комментарий