Зодрӯзат гиромӣ бошад Абдусаттор!

Ҳамзамон бо Завқибек Саидаминӣ, ёри ғори ӯ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ имрӯз ҷашн дорад, ӯ ҳам зодрӯзаш аст. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни таҳниати ин рӯзноманигор ва фаъоли иҷтимоӣ, аз Худо мехоҳад ҳар чи зудтар ин марди шариф низ озод шавад.

Ахиран, Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (CPJ), созмони ҳомии озодии баён, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ба дархости рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода “ҷавоби комил ва қонеъкунанда” бидиҳанд.

Пирмуҳаммадзода дар номае аз боздоштгоҳ гуфт, муфаттишон ӯро бо азобу шиканҷаи зиёд маҷбур карданд, гуноҳҳои нокардаро ба гардан бигирад.

Гулноза Саид, намояндаи Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон, дар баёнияе гуфт, “бадрафториву таҳдиду эътирофи иттиҳом зери шиканҷа дар идораҳои интизомии Тоҷикистон гапи нав нест”, вале “бисёр нигаронкунанда ҳастанд ва ҷавоби комил ва қонеъкунандаи мақомотро талаб мекунанд”.

Фурсати он расидааст, ки мақомоти Тоҷикистон суистифодаро аз пинҳонкорӣ дар парвандаҳои хабарнигорон бас кунанд, ки ҳуқуқи онҳоро ба таври дағалу нафратангез зери по мекунад,” – афзудааст ӯ.

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон хостааст, мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигорони боздоштшуда ва зиндониро фавран озод кунанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаи 44-соларо 8-уми июли имсол дар шаҳри Ваҳдат дастгир карданд. Худаш мегӯяд, барои дигарандешӣ ва танқидаш аз амалкарди мақомот аз ӯ ниқор гирифтаанд.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва то ин дам се нафари онҳо – Муҳаммади Султон ба 7, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва Далери Имомалӣ ба 10 зиндон – маҳкум шуданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ба таъқибу таҳдиду фишор хотима дода, рӯзноманигорону блогеронро озод кунад. Мақомот бо мурофиаҳои баста ва ҳукмҳои тӯлонии хабарнигорон посух доданд.

#Озодӣ_ба_Абдусаттор_Пирмуҳаммадзода

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: