Имрӯз зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ аст. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни табрики ин диловар, таманнои озодии ҳар чи зудтари ӯро дорад.
Чанд рӯз пеш, Завқибек (Солеҳов Завқибек) хост, ҳукмаш бекор карда шавад. Ӯ ба 7 сол зиндон маҳкум шудааст. Ӯ дар номае, аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ҳукмашро бозбинӣ ва бекор кунад.
Вай таҳқиқи парванда ва мурофиашро дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт “якҷониба ва нопурра” номидааст.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи октябри имсол хабарнигори 38-соларо ба ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24” гунаҳкор кард.
Худаш гуфт, ба ҳеч созмону гурӯҳе вобаста нест. Ҳарду созмон низ ҳар гуна ҳамкориро бо Завқибек Саидаминӣ рад кардаанд.
Номаи Завқибек Саидаминӣ 16-уми ноябр дастӣ навишта шудааст.
Дар нома аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хоста шудааст, “бо назардошти мавҷуд будани духӯрагиҳои зиёд дар рафти тафтиши пешакӣ ва судӣ; омодаи ҳамкорӣ будани ман бо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алайҳи гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ, ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бозбинӣ ва бекор карда шавад.”
Хабарнигори зиндонӣ дар идома афзудааст, тафтишу муҳокимаи парвандааш яктарафа ё нопурра буд ва додрас далелҳои пешниҳодияшро ба инобат нагирифту номи шоҳиди набударо дар ҳукм навишт. Ба ин сабаб, талаб кардааст, ки ҳукмро дигар кунанд.
Завқибек Саидаминӣ моҳи июли имсол дастгир ва моҳи октябр ба зиндон маҳкум шуд. Ҳукми ӯ вокунишҳои байнулмилалиро ба бор овард. Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ҳукмашро зарба ба озодии баён дар Тоҷикистон донист ва Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон озодияшро хост.
Хабарнигори пешини “Телевизиони Тоҷикистон” бо суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гашта, аз зумраҳои онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқатҳо гуфта шаванд.
Дар яке аз маъракаҳои интихоботӣ талош кард, ба таври худпешбарӣ номзад шавад, аммо номзадии ӯро сабт накарданд ва ин ҳам яке аз ангезаҳои интиқодии журналист шуд. Завқибек Саидаминӣ борҳо ба минтақаи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафта, аз онҷо гузориш медод. Солҳои охир ба соҳибкорӣ ва барномаҳои хайрия машғул буд.
Дар ним сол ҳафт хабарнигору блогери тоҷик дастгир ва то ин дам чаҳор нафари онҳо аз 7 то 10 сол зиндонӣ шудаанд. Муҳокимаи дигарон идома дорад.
#Озодӣ_ба_Завқибек_Саидаминӣ
Добавить комментарий