Изҳороти Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ)

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) интиқоли зиндонии сиёсӣ адвокати тоҷик Бузургмеҳр Ёров ба зиндони низомаш пӯшидаро идомаи даҳшатафканӣ ва шиканҷаи мухолифони режими худкомаи Раҳмон дониста, онро шадидан маҳкум мекунад.

Бино ба маълумоти “Бунёди Бузургмеҳр”, адвокати шинохта Бузургмеҳр Ёров, ки дар маҳбаси нави воқеъ дар канори шаҳри Ваҳдат 28 сол ҳукми зиндонашро адо мекунад, рӯзи 15 ноябри соли 2022, дар арафаи Рӯзи Президент, бо маъмурони ин маҳбас дар бораи нақш ва мақоми Президент вориди баҳс шуда, ба ин далел, бори дигар ба муддати 15 рӯз дар утоқи ҷаримавӣ (ШИЗО) ҷой карда шуд.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров таъсис ёфтааст, ёдовар шудааст, ки тоза дар поёни моҳи сентябри соли 2022 низ кормандони зиндони нави шаҳри Ваҳдат Бузургмеҳр Ёровро қасдан дар китобхона маҳкам карда, барои ширкат накардан дар ҳозир-ғоиб (перекличка) барои 10 рӯз ба утоқи ҷаримавӣ андохта буданд.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, дар утоқи ҷаримавӣ нисбати ӯ шиканҷа истифода шудааст, ки дар натиҷа шоми 23 ноябри соли 2022 ӯро дар беморхонаи муассисаи ислоҳӣ бистарӣ кардаанд. Ва рӯзи дигар Бузургмеҳр Ёров ва 5 маҳбуси дигар, ки номашон то ҳол маълум нест, ба маҳбаси пӯшида интиқол дода шудаанд. Ҷойгоҳи дақиқи онҳо то ҳол маълум нест, маъмурияти маҳбас ё намояндагони Вазорати адлия ба наздиконашон дар бораи интиқоли ин маҳбусон хабаре надодаанд.

Танҳо Бузургмеҳр Ёров тавонистааст бигӯяд, ки ӯро ба маҳбаси пӯшида интиқол медиҳанд ва тақрибан 2 сол бо ӯ тамос гирифтанро мамнуъ хоҳанд кард. Ӯро аз сӯҳбатҳои телефонӣ ва имкони дарёфти паём аз наздикону дӯстон ҳам маҳрум кардаанд.

Бино ба иттилоъи расида аз манобеъи мухталиф мақомоти Тоҷикистон дар ояндаи наздик дар маҳбасҳои Тоҷикистон ба як “шӯриши маҳбусони сиёсии наҳзатӣ” омодагӣ мегиранд, ки дар натиҷа маҳбусоне, ки барои мақомот нороҳаткунандаанд маҳв хоҳанд шуд.

Агар якчунин амали ноҷавонмардона, ки хосси ин низом аст ба вуқӯъ пайвандат, дар расонидани зарари ҷисмонӣ ба ҳар зиндоние, ба ҳар шакле, ки набошад, ҷавобгар мақомоти Тоҷикистон хоҳанд буд.

Дар робита бо ин, мо ба созмонҳо ва ниҳодҳои мухталифи байналмилалии ҳуқуқи башар муроҷиат мекунем, то ба вазъ таъсир расонанд ва аз фоҷиаи дигаре пешгирӣ кунанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

29/11/2022

Варшава

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: