Баёнияи КШНГЗС оид ба вазъияти ҷисмонии зиндонии сиёсӣ Сайидмуҳаммади Ғозӣ

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни нигаронии шадид аз бемор шудани зиндонии сиёсӣ, Сайидмуҳаммади Ғозӣ дар зиндон, аз мақомоти марбута тақозо мекунад, фавран ӯро озод кунанд, то бастагонаш битавонанд ӯро дармон кунанд ва ҳамчунин аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари байналмилалӣ ва дар кишвар хоҳиш мекунад, ба вазифаи инсонии худ амал кунанд ва аз ҳукумати Тоҷикистон дармони фаврии ин зиндонии сиёсиро, ки бе ҳеч гуноҳ ва айбе аз озодӣ маҳрум шудааст, талаб намоянд.

Гуфтанист, бино ба хабари расонаҳо аз ҷумла Радиои Озодӣ, Сайидмуҳаммади Ғозӣ дар зиндон бемор шудааст ва “ба кумак ниёз дорад”. Сайидмуҳаммади Ғозӣ, ки 46 сол син дорад, писари Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ, намояндаи пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик аст ва ӯро ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ба 13 сол зиндон маҳкум кардаанд.

Раҷабгул Мусулмонова, модари Саидмуҳаммади Ғозӣ, рӯзи 21-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, бадани писараш варамида, дараҷаи қандаш боло рафтааст.

Чанде пеш ҳамсараш ба дидани ӯ рафт. Ҳаракат карда наметавонад. Бо ёрии ду нафар овардаанд. Саидмуҳаммад гуфтааст, аҳволаш бад аст. Утоқи маҳбас сард. Аъзои баданаш варамида, ба сахтӣ пешоб мекунад,” – гуфтааст ӯ.

Саидмуҳамади Ғозиро дар зиндони низомаш сангини Хуҷанд нигоҳ медоранд.

Саидмуҳаммад ва бародаронаш, Саидҳасану Саидмуҳаммадӣ, тобистони соли 2020 яке пайи дигаре дастгир шуданд. Саидмуҳаммадӣ раҳо гардиду Саидмуҳаммад ва Саидҳасан зиндонӣ. Як “гуноҳи” онҳо фиристодани чанд ҷавон барои таҳсил ба Эрон дар охири солҳои 90-ум гуфта шудааст.

Падари онҳо, Эшон Саид Қиёмиддини Ғозӣ, соли 2017 дар шароити мармуз аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуда, ба 25 сол зиндон маҳкум гардид. Дар ошӯби тобистони соли 2019 дар зиндони шаҳри Ваҳдат шаҳид гашт.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

Варшава, 22.12.2022

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: