Баёнияи таслияти КШНГЗС

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) даргузашти бону Мавлуда Ғафурова, модари гиромии фаъоли кумита Салим Султонзодаро таслият ва барои он марҳума раҳмату ғуфрони илоҳӣ ва барои ҷаноби Султонзода сабри ҷамил мехоҳад.

Султонзода дар ёддоште, бо як андӯҳи бисёр ҷонкоҳ аз даргузашти модари арҷмандаш, зимни тақдиру ташаккур аз ёрон аз изҳори таслият, гуфтааст: “Модарам ба ҳамаи фишору таҳдидҳо сабр кард ва ҳеч гоҳ таслим нашуд ва назди зулм сар хам накард. Вақте мефаҳмидам аз барои ман зери фишор қарор гирифтааст, мегуфтам: Модарҷон! Бигзор назди кормандони мақомот маро ҷанг кунед, то аз фишор халос ёбед, аммо ӯ розӣ намешуд, сар хам накард, зорӣ накард.”

Вай бо баёни ин ки модари ғамхораш ”ҳалол зист ва бо сабр рафт”, ёдовар шудааст: “Ман фарзанди нахустини ӯ имрӯз натавонистам тобути модарамро бардорам, ин дард хеле бароям вазнин аст, аммо ба тақдири илоҳӣ шукр ва сабр мекунам.”

Абдусаттор Бобоев, раиси КШНГЗС, зимни изҳори таслияти фаъолони кумита ба ҷаноби Султонзода, баён дошт: “Чанд рӯз қабл модари бародар, дӯст ва ҳамсангари азизам, Салими Истравшанӣ аз дунё даргузаштанд, бино бар сабаби маҳдудият, натавонистам фавран таъзияи баён кунам, ба дӯстам Салимҷон гуфтаниам, ки Худованд ҷои модари азизро ҷаннат бигардонад ва дар ҷивори беҳтарин занони биҳиштӣ қарораш бидиҳад! Моро ғамшарик бидонед дӯсти азиз Салимҷон!

Ҳамаи фаъолони КШНГЗС ғамшарики ҷаноби Султонзода ҳастанд.

Худо раҳматашон кунад!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС)

13.01.2023

Варшава, Поланд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: