Гузорише аз ҷаласаи солонаи КШНГЗС

Дирӯз (15.01.2023) ҷаласаи ҷамъбастӣ ва солонаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) бо ширкати аъзо ва меҳмонон ба сурати онлойн аз тариқи ZOOM баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа, ибтидо мӯҳтарам Муҳаммадсаъид Ризоӣ, фаъоли КШНГЗС, аз меҳмонон ва фаъолони кумита хайрамақдам намуд. Сипас ҷаноби Абдусаттор Бобоев гузорише аз фаъолияти КШНГЗС дар соли 2022 ироа фармуд (ки дар поёни ин гузориш хулосаи он оварда мешавад).

5 нафар аз фаъолони кумита барои риёсати КШНГЗС дар соли 2023 пешбарӣ шуда буданд, ки иборатанд аз:

1) Мавҷуда Соҳибназарова;

2) Муҳаммадсаъид Ризоӣ;

3) Абдусаттор Бобоев;

4) Муҳаммадиқболи Садриддин;

5) Салим Султонзода.

3 нафар аз номзадҳои пешбаришуда узр хостанд ва гуфтанд, ки ба далели машғулияти зиёд, наметавонанд ин масъулиятро ба дӯш гиранд. Аз ин рӯ, фақат ду шахсият боқӣ монд: Муҳаммадиқболи Садриддин ва Абдусаттор Бобоев.

Дар натиҷаи раъйгирӣ, Абдусаттор Бобоев бо 57 дар сади оро дар муқобили 43 дар сад раъй барои Муҳаммадиқболи Садриддин, ба унвони раиси КШНГЗС дар соли 2023 интихоб гардид.

Сипас, аъзо ва меҳмонони ҷаласа ба суханронӣ пардохта, ҳар яке аз онҳо интиқодҳои худ ва низ пешнидҳояшонро ироа карданд.

1) Интиқодҳо:

Аз ҷумлаи интиқодҳо яке ин буд, ки КШНГЗС ҳанӯз ба таври шояд натавониста таваҷҷӯҳи ҷаҳониён хусусан созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарро ба қазияи зиндониёни тоҷик ҷалб кунад.

Яке дигар аз интиқодҳо ин буд, ки бо вуҷуди он ки тибқи ойинномаи КШНГЗС ҳар сол раиси кумита бояд иваз шавад, вале се соли паёпай аст, ки фақат як нафар ба унвони раис интихоб мешавад.

2) Пешниҳодҳо:

Пешниҳод шуд, ки КШНГЗС ба сурати фаъол дар ҷаласаҳои мухталифи ҷаҳонӣ оид ба қазияи зиндониёни сиёсӣ ва гаравгонҳо иштирок карда ва садои мазлумияти зиндониёни тоҷикро ба гӯши оламиён бирасонад.

Пешниҳоди дигар он буд, ки КШНГЗС кӯмакҳоеро ҷалб намуда ва ба дасти зиндониён ва хонаводаҳои онҳо дар дохили кишвар бирасонад. Вале ҷаноби Бобоев гуфт, дар чанд соли ахир ҳукумат касонеро, ки ин корро карданд дастгир намуда ва онҳоро ба зиндон афканд. Яъне ҳукумат монеъи ин кори хайр аст ва аз назари вай, зиндониён ҳаққи ҳаёт надоранд.

Дар поёни ин ҷаласа Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ – яке аз меҳмонони даъватшуда ба ин ҷамъомад, дар суханоне кӯтоҳ, зимни “таслияти” ҷаноби Абдусаттор Бобоев ҷиҳати ба дӯш гирифтани ин масъулият гуфт, ки вай шоҳиди яке аз шаффофтарин интихобот дар ин ниҳоди ҳуқуқӣ шуд.

Вай афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки риёсати опозитсия дар чанд соли ахир алорағми хости ӯ, аз тарафи фаъолон ба гарданаш бор мешавад, ин мушкилиро дарк мекунад.

Кабирӣ хотирнишон намуд, яке аз айбҳои мо ин аст, ки шахсиятҳои тавоно аз ба дӯш гирифтани масъулият мегурезанд ва инсон бояд дар ин гуна мавоқеъ ба фикри кор бошад, на чизи дигар.

Хулосаи гузориши Абдусаттор Бобоев:

“Соли сипаришуда соле буд, ки барои мардуми кишвари мо бахусус барои мардуми азизи Бадахшон, соли даҳшату ваҳшат, қатлу куштори мардуми осоишта аз ҷониби ҳукумат ва мақомоти қудратӣ буд, ки дар дилҳои мардум ёдгориҳои талх боқӣ гузошт.

Дар соли сипаришуда талош ва хадамоти аъзоёни кумита нисбат ба солҳои қаблӣ зиёдтар назаррас буд.

Дар ин сол Кумита 34 ҷаласа барпо кард, ки дар ҳар моҳ се бор буд яъне ҳар моҳ се ҷаласа дар Кумита доир шудааст.

183 нома ба кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар барои дастгирии муҳоҷирони сиёсӣ фиристода шуд, ки ин номаҳо натиҷаҳои хуб доданд.

Дар аввали соли гузашта садҳо нафар шаҳрвандони мо баъди ноором шудани кишвари Укроин ба Поланд ҳиҷрат карданд ва Кумита дар қатори соири фаъолиятҳояш, барои қабули онҳо ва фиристоданашон ба кишварҳои дигари Аврупо хидмати худро дареғ надода ба онҳо кӯмак кард.

Вақти вуруд аз кишвари Укроин ба Поланд 12 нафар аз шаҳрвандони мо, ки аз тарафи мақомоти кишвар дар пайгарди ҷустуҷӯи қарор доштанд, боздошт шуда буданд, аз тарафи Кумита бо вакилони дифоъ таъмин шуда бегуноҳияшон собит шуд ва охирон шаҳрванди мо аз ин 12 нафара дирӯз қабл озод шуда ба лагер интиқол дода шуд ва ҳама таҳти ҳимояи пурраи кишварҳое, ки дар онҷо паноҳанда шуданд қарор доранд.

Чанд нафари дигар аз ҳамватанони мо, ки ба дархости мақомоти кишвари Тоҷикистон дар кишварҳои Туркия, Латвия, Русия, Славения ва дигар кишварҳо боздошт шуда буданд, бо дахолат ва кӯмаки Кумита ва дигар созмонҳо озод шуда, ба кишварҳои бехатар раҳнамоӣ шуданд.

Дар ин сол Кумита бо ташаббуси Мавҷудабону (Мавҷуда Соҳибназарова), ки сардабир буданд ва заҳмати ҳамаи аъзоёни Кумита, ду маҷаларо ба роҳ андохтанд: яке ба номи “Вазъи асафбори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон”, ки иборат аз 86 саҳфа мебошад ва маҷалаи дигар ба номи “Наслкушӣ дар Бадахшон”, ки иборат аст аз 96 саҳфа, ки бо факту санадҳои муҳкам ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарҷума шуда, ҳудуди чаҳор ҳазор нусха ба чоп расида, ба созмонҳо, кишварҳои лозима, вакилони дифоъ, додгоҳҳо ва аз ҳамааш муҳим, ба нишасти солонаи САҲА, ки дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон баргузор гардида буд, расонида шуд ва мавриди истиқболи бисёре аз коршиносон қарор гирифт.

Ҳамчунин маҷаллаи севвум, ки он ҳам дар бораи вазъи асафбори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст, бо заҳмат ва ташаббуси яке аз муовинон ва дӯстони дар Фаронса буда ба забони фаронсавӣ тарҷума шуда, тариқи электрониаш дар сойти Кумита ва дигар сойтҳо гузошта шуд, ки дӯстон метавонанд истифода кунанд.

Кумита дар ин соли сипаришуда ҳар ҳафтаеро ба ёди ҳар як зиндонии сиёсӣ ихтисос дода, мушахассот ва таърихи ҳаёташро ҷамъоварӣ карда, дар расонаҳо пахш кард, ки аз ҷониби наздикони зиндониёни сиёсӣ новобаста дар кадом ҳизбу ҳаракат буданашон, хело хуб истиқбол шуд.

Дар Кумита чаҳор шӯъба роҳандозӣ шудааст:

1) Шӯъбаи расона;

2) Шӯъбаи номанигорӣ;

3) Шӯъбаи тарҷумонӣ;

4) Шӯъбаи ҳуқуқ.

Ин шӯъбаҳо дар ин сол масъулияти худро хело хуб ва боинсофона анҷом доданд. Шӯъбаи расонаи Кумита, ки иборат аст аз сойт ва сафаҳот дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, хело фаъол буданд. Ҳудуди 300 матлаб марбут аст ба зиндониён ва гаравгонҳои сиёсӣ дар сойт гузошта шуд.

Ҳамчунин дар соли сипаришуда шахсан худам чандин сафар доштам барои ширкат кардан дар додгоҳи дӯстон ва фаъолонаи сиёсӣ то ки тасдиқ шавад, ки ин ашхос агар ба Тоҷикистон истирдод шаванд, мавриди шиканҷа ва ба солҳои зиёд равонаи зиндон мешаванд. Шукри Худо, ки ин сафарҳо натиҷаҳои хуб доданд ва парвандаи дӯстон ҳалли худро ёфтанд.

Хулоса, Кумита дар давоми фаъолияти солонаи худ ба ҳеч як аз қазияи зиндониён ва гаравгонҳои сиёсӣ, чи дар қазияи ваҳшатноки мардуми осоиштаи Бадахшон ва боздошти рӯзноманигорон ва чӣ ғайра, камтарин бетаваҷҷӯҳиро накарда, ҳамеша дар ҷараёни ҳимояи мардум буд ва дар оянда ҳам хоҳад буд.

Ман дар охир аз ҳама аъзоёни мӯҳтарами кумита ва нафарони дигари аъзоёни кумита, ки моҳҳои охир бо мо набуданд ва ба сабаби дар дигар сохтору ҳаракатҳо машғул буданашон, мурахас шуда буданд, изҳори ташаккур мекунам ва аз заҳмату талоши ҳамагон қадрдонӣ мекунам, зеро ки дар Кумитаи мо ҳеч нафаре маош ва ё кӯмак нагирифтаанд. Дӯстон ҳама заҳматҳояшон барои миллати мазлум ва зиндониён холис буд.

Муддати роҳбарии ман ва муовинон ба охир расид, мо инҷо истеъфои худро эълон медорем.

Умедворам, ки дӯстон нафар ҷадидеро роҳбари Кумита интихоб мекунанд ва мо дар хихматашон ҳастем.

Ташаккур аз ҳама дӯстон!”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: