Абдуллоҳро танҳо нахоҳем гузошт!

Ҳафтаи Абдуллоҳи Шамсиддин

Инак, ҳудуди 10 рӯз мешавад, ки хабаре аз Абдуллоҳи Шамсиддин нест. Танҳо ҳамин миқдор маълум аст, ки ин фаъоли сиёсӣ ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС), бо ишора ба истирдоди ӯ ба Тоҷикистон гуфт, сабаби истирдоди ин ҷавони пурталош ба Тоҷикистон ҳанӯз ба таври мушаххас равшан нест, пушти пардаҳои ин қазия дар ояндаи наздик ҳатман равшан хоҳад шуд, вале ин андоза метавон гуфт, ки бешак режими Тоҷикистон бо ин кораш собит кард, ки ҳеч хатти қирмизеро намешиносад ва мо ҳаргиз Абдуллоҳро танҳо намегузорем, ба зудӣ мақомоти Тоҷикистон хоҳанд фаҳмид, ки муртакиби як иштибоҳи бисёр сахте шудаанд.

Режими Тоҷикистон ҳанӯз хабар надодааст, ки Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз фаъолон ва аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар куҷост. Наздиконаш мегӯянд, Абдуллоҳи Шамсиддин як ҳафта пеш аз Олмон ба Тоҷикистон депорт шуд, аммо дар ин муддат дар бораи ӯ ҳеч гуна маълумот надоранд.

Шамсиддин Саидов мегӯяд, номаълумӣ хонаводаро музтарибу нигарон кардааст. Вай гуфтааст: “Мо номаи тасдиқи интиқоли ӯро аз ҷониби ниҳодҳои олмонӣ гирифтем, аммо то ин дам ҳеч хабаре, вокунише аз ҷониби ҳукумат дар даст надорем.”

Шамсиддин Саидов дар таърихи 23-юми январи соли 2023, дар суҳбат ба Azda tv гуфт:Хонавода ва наздикону пайвандон ҳама аз замони ихроҷи Абдуллоҳ аз Олмон ба Тоҷикистон то ҳол ҳеч хабари дақиқе дар даст надоранд, ки дар куҷову дар чӣ шароите писараш қарор дорад.

Пас аз ихроҷи ин фаъоли сиёсии Тоҷикистон, ки бо ҳамкории сафорати Тоҷикистон дар Берлин сурат гирифт, то ҳол на мақомоти корҳои дохилӣ, на Хадамоти федеролии муҳоҷират ва на Вазорати корҳои хориҷии Олмон ва на Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба мактуб ва дархостҳои хонавода ва наздикону пайвандони Абдуллоҳи Шамсидин хабари мусабате надодаанд.

Пеш аз ин мақомоти Тоҷикистон ҳамтоёни олмониашонро мутақоид карда буданд, ки нисбат ба ин фаъоли сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳеч гуна парвандаи ҷиноятие, ки ҳаёти ӯро таҳдид кунад, боз нашудааст. Аммо акнун вазъият фарқ мекунад. Вай бедарак шудааст.

Инчунин пас аз боздошти ин писари яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Олмон сафорати Тоҷикистон дар Берлин низ камаш ду маротиба “Сертификати баргашт ба Ватан” ба номи Абдуллоҳи Шамсиддин ба дасти мақомоти олмонӣ дода буд ва онҳо низ ӯро дар ҳамин асос ба Ватан ихроҷ карданд.

Шамсиддини Саид, фаъоли сиёсии тоҷик бо нигаронии амиқ аз сарнавишти фарзандаш мегӯяд: “Дар ҳоли ҳозир ҳама талошҳои мо ба он равона шудааст, ки чӣ аз мақомоти олмонӣ бошад ва ё чӣ аз мақомоти тоҷикистонӣ дар бораи дар куҷо ва дар чӣ шароите қарор доштани фарзандаш иттилои дақиқе дарёфт кунанд ва сипас вориди амал шаванд.”

Гуфта мешавад, 18-уми январи соли ҷорӣ мақомоти олмонӣ фаъоли сиёсии тоҷик Абдуллоҳи Шамсидинро тариқи ҳавопаймо нахуст ба Туркия ва сипас аз он ҷо ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Баъзе манобеъ мегӯянд, ки мақомоти тоҷик дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддинро таҳвил гирифтанд ва ҷудо аз дигар мусофирон ӯро алоҳида бо худ ба ҷое номаълум ҳамроҳ бураданд.

Аммо бо гузашти наздик ба 10 рӯз то ҳол на мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва на аз Вазорати корҳои дохилӣ ва ё аз Прокуратураи Тоҷикистон ҳеч иттилое дар бораи замони боздошт ва дар куҷо нигаҳдорӣ кардани ӯ надодаанд.

Абдуллоҳи Шамсиддин куҷост?

Дар 28-уми январи соли 2023 даҳҳо нафар аз тоҷикони муқими Олмон ва шаҳрвандони ин кишвар барои додхоҳӣ дар бораи ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин аз Олмон ба Тоҷикистон, дар назди Идораи муҳоҷирати шаҳри Дортмунд тазоҳурот карданд. 

Ба гузориши сайти Yorov.org, ин тазоҳурот аз ҷониби ҳамкорон ва дӯстони олмонии Абдуллоҳи Шамсиддин ташкил шуда, дар он пайвандону наздикони Абдуллоҳ, рӯзноманигорони олмонӣ, намояндагони ПМТ ва Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”, Кумитаи наҷоти зиндониёни сиёсӣ ва дигар афроде, ки дар ин қазия бетараф нестанд, ширкат ва суханронӣ карданд. 

Ба гуфтаи баргузоркунандагони ин тазоҳурот, ҳадаф аз баргузории он пайдо кардани маълумот дар бораи Абдуллоҳи Шамсиддин ва додхоҳӣ дар бораи ихроҷи ӯ мебошад.

Дар ин тазоҳурот шиорҳои “Абдуллоҳ Шамсиддин куҷост?” ва “Абдуллоҳро наҷот диҳед” садо доданд.

Пеш аз ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин аз Олмон ба Тоҷикистон, 17-уми декабри соли 2022 ҷамъе аз олмониҳо ва ҳамкоронаш аз ҳукумати ин кишвар хоста буданд, ки паноҳҷӯи тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ накунанд, зеро дар онҷо шиканҷаву зиндон ӯро таҳдид мекунад. 

Абдусаттор Бобоев: “Абдуллоҳро танҳо нахоҳем гузошт!”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС), бо ишора ба истирдоди Абдуллоҳи Шамсидин ба Тоҷикистон гуфт, сабаби истирдоди ин ҷавони пурталош ба Тоҷикистон ҳанӯз ба таври мушаххас равшан нест, пушти пардаҳои ин қазия дар ояндаи наздик ҳатман равшан хоҳад шуд, вале ин андоза метавон гуфт, ки бешак режими Тоҷикистон бо ин кораш собит кард, ки ҳеч хатти қирмизеро намешиносад ва мо ҳаргиз Абдуллоҳро танҳо намегузорем, ба зудӣ мақомоти Тоҷикистон хоҳанд фаҳмид, ки муртакиби як иштибоҳи бисёр сахте шудаанд.

Вай гуфт, ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон фаъолони сиёсии тоҷикро аз хориҷи кишвар ё мерубояд ва ё бо додани ришва ва пули калон ба мақомоти амниятии баъзе кишварҳо мисли Русия истирдодаш мекунад. Қаблан бо домулло Абдусамеъ ҳамин корро карданд, бо Мақсуд Иброҳим ҳамин корро кардаанд, бо Шовализода ҳамин гуна рафтор шуд.

Бобоев гуфт, мақомоти Тоҷикиситон бо ин ки навкаронашон дар расонаҳо мегӯянд, ки ҳеч гуна тарсу ҳаросе аз опозитсияи тоҷик надоранд, вале рафторашон нишон медиҳад, ки онҳо сахт меҳаросанд.

Раиси КШНГЗС изҳор дошт, агар ПМТ як каме чароғи сабзаке нишон диҳад, ки бо омадани Рустам ва ё Озода ба сари қудрат пас аз Раҳмон розӣ аст, бовар кунед, ҳамон лаҳза ин рубоишҳо мутаваққиф мешавад ва шояд устод Муҳйиддин Кабириро ба ҷоизаи Нобел ҳам пешниҳод кунанд, вале мо ин коро намекунем. Ин ҷиноятҳо ҳамааш ба ҳамин хотир аст.

#Ҳафтаи_Абдуллоҳи_Шамсиддин

#Абдуллоҳи_Шамсиддин

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: