Бино бар гуфтаи сухангӯи КШНГЗС, дар таърихи 15 январи соли ҷорӣ ҷаласаи солонаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) — созмони дифоъ аз ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ ва гаравгонҳо баргузор шуд. Дар ин ҷаласа бо раъйи аксарияти аъзо, Бобоев Абдусаттор бори дигар ба симати раиси ин кумита интихоб гардид.
Ҳамчунин дар таърихи 22 январ КШНГЗС бо ҳадафи интихоби муовинони раиси кумита ҷаласаи навбатии худро баргузор кард ва бо пешниҳод ва интихоби аъзоёни кумита, бону Мавҷуда Соҳибназарова муовини аввал, Муҳаммадҷон Нурӣ ва Салмон Султонзода муовинони раиси кумита интихоб гардиданд.
Масъалаи дигаре, ки дар ин ҷаласа баррасӣ шуд, қабули аъзоёни нав буд. Бо пешниҳоди аъзоёни кумита, 7 нафар ҷавони огоҳ ва ҳақҷӯ ба аъзогии кумита қабул шуданд.
Аъзои кумита алалхусус раис, ба нафарони нав ба аъзогӣ пазируфташуда муваффақият ва пешравӣ дар роҳи интихобкардаи худ таманно карданд.
Бар асоси гуфтаи сухангӯи ин ниҳоди ҳуқуқи башарӣ, аъзои ҷадид баъзе аз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва баъзеи дигар узви ҳеч созмон ва гурӯҳи сиёсӣ набуда ва аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Добавить комментарий