Пикет дар Олмон бо дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин (акс ва видео)

Дирӯз (16 феврали соли 2023) дар шаҳри Дортмунди Олмон бо ибтикори чанд нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ва бо иштироки дӯстону ҳамкорони Абдуллоҳи Шамсиддин гирдиҳамоӣ баргузор гардид.

Гирдиҳамоӣ дар назди бинои Идораи кор бо хориҷиёни шаҳри Дортмунд соати 15.00 оғоз ёфт ва чанд соат тӯл кашид. Талаби афроди гирдиҳамомада аз мақомоти Олмон, муайян кардани ҷои Абдуллоҳи Шамсиддин, ҷавони тоҷик ва бозпас гардондани ӯ буд. Инчунин талаби пикет аз ҳукумати Тоҷикистон фаврӣ озод кардани Абдуллоҳи Шамсиддин аз боздоштгоҳ буд, чун боздошти Абдуллоҳ бепоя буда мақомоти Тоҷикистон ғайриқонунӣ ӯро нигоҳ медоранд.

Ҳангоми пикет шиорҳои “Озодӣ ба Абдуллоҳи Шамсиддин!” “Абдуллоҳи Шамсиддин ба Олмон баргардонида шавад!” садо доданд.

Абдуллоҳи Шамсиддин санаи 18 январи соли ҷорӣ аз Олмон ихроҷ ва ба Тоҷикистон супорида шуд.

Дар гирдиҳамоӣ аз афроди расмӣ роҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ иштирок дошт.

Дар охир афроди гирдиҳамомада бо имзои петитсия талаботи худро ба “Идораи кор бо хориҷиён”-и шаҳри Дортмунд супориданд. Дар петитсия аз ҷумла омадааст:

Як моҳ шуд Абдуллоҳи Шамсиддин аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, то ҳол қазияи ӯ равшан нест. Абдуллоҳро боздошт карданд, аммо то ҳол ҷои боздошти ӯро эълон намекунанд. Фаврӣ ҷои будубоши Абдуллоҳ муаян карда шуда ӯ озод шавад ва ба Олмон баргардонида шавад.”

#Ҳафтаи_Абдуллоҳи_Шамсиддин

#Абдуллоҳи_Шамсиддин

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: