Муроҷиати КШНГЗСТ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар, ба сохторҳои дахлдори ҳукумати Тоҷикистон
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ) аз мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо исрор талаб мекунад, ки суханронии шаҳрванд Бобораҳматов Музаффар, маъруф ба “Барада ТҶ”, нисбати зани зиндонӣ Шоҳида Муҳаммадҷоноваро, ки мақомоти адои ҷазои Вазорати Адлияи Тоҷикистонро дар таҷовузи пайиҳами зиндонӣ Ш.Муҳаммадҷонова гунаҳгор мекунад таҳқиқу баррасӣ кунад. Агар нисбати зиндонӣ Муҳаммадҷонова чунин амалҳои номашрӯъ руй дода бошад, пас масъулони зиндон ҳадди ақал чанд моддаи қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардаанд ва бояд тибқи қонунгузории Тоҷикистон бо мадаҳои зерини Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карда шаванд:
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Боби 18. Ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ;
Моддаи 138. Таҷовуз ба номус
Таҷовуз ба номус, яъне алоқаи ҷинсӣ бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати зан ё нисбати дигар шахсони ба ӯ наздик ё бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зан (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35), бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.
Қисми 2
(б): Таҷовуз ба номус аз тарафи гурӯҳи шахсон, ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
(в) бо бераҳмии махсус нисбат ба ҷабрдида ва ё дигар шахсони ба ӯ наздик;
Модаи 140: Маҷбур намудан ба ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ;
Моддаи 142, қисми 2 (б): Ҳаракати бадахлоқона бо истифодаи мақоми хизматӣ;
Ва агар гуфтаҳои блогер “Барада ТҶ” тасдиқи худро наёбанд, пас ин блогери иғвоангезро бо вайрон кардани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаҳои:
Моддаи 144. Ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ;
Ғайриқонунӣ ҷамъ кардан ё паҳн намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад бидуни иҷозати ӯ, ё паҳн кардани чунин маълумот дар баромадҳои оммавӣ, асар, воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет, агар чунин кирдор бо ғарази шахсӣ ё ҳавасмандии шахсӣ анҷом дода шуда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 30.07.2007 № 301)
Моддаи 330. Таҳқири намояндаи ҳокимият
2) Таҳқири намояндаи ҳокимият дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда, воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 301)
Барраси ва таҳқиқ бурда ҷазо дода шавад.
Дар ҳолати баррасӣ накардани ин қазияи нанговар, ки ин блогер дар шабакаи Ютюб паҳн кардааст боиси поймол гардидани ҳуқуқи як зан-модар ва ба ҷинояти мудҳиш гунаҳгор кардани мақомоти масъули адои ҷазои вазорати Адлия дар расонидани зарари чисмонӣ ба зиндони, ба хар шакле ки набошад, мо ҷавобгар мақомоти Точикистонро хоҳем шумурд.
Дар робита ба ин қазияи нангин, мо ба созмонҳо ва ниҳодҳои мухталифи байналмилалии ҳуқуқи башар муроҷиат мекунем, то ба вазъ таъсир расонанд ва аз аҳволи зиндонӣ Муҳаммадҷонова хабардор шаванд ва масъулони ҳукуматиро ба риояи қонунгузории ҷории Тоҷикистон водор кунанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ)
19/02/2022
Варшава
Добавить комментарий