Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Юсуф Раҳмон, ба ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умед Бобозода

Ҷанобон! Тӯли чанд моҳ дар шабакаҳои иҷтимоъии Тоҷикистон наворе чарх мезанад, ки дар он як блогери наздик ба ҳукумати Тоҷикистон “Boroda.ТҶ” Музаффар Бобораҳматов бо суханҳои таҳқиромези худ на фақат модари блогери муқими Олмон “Абдураҳмон 09” Шоҳида Муҳаммадҷонова, ки (бо моддаи 307 иловаи 3, қисми 2 Кодекси ҷиноии ҶТ ба мӯҳлати 6 зиндонӣ шудааст), балки тамоми занҳои зиндонӣ ва занҳое, ки мӯҳлати ҷазояшон адо шуда, ба озодӣ баромадаро таҳқир мекунад. Тибқи моддаи 5 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон: Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ва дар ҷои дигари ин модда мегӯяд:Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Ҷанобон, дар ягон ҷойи Сарқонуни ҷумҳурӣ гуфта нашудааст, ки ҳаёт, қадр ва номуси нафароне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд ҳифз нашавад. Мутаассифона, аз пахши ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, сохторҳои қудратии Тоҷикистон аксуламале нишон надодаанд ва ба лаб муҳри хомӯшӣ задаанд Ин гумонеро ба бор меорад, ки ин блогер бо супориши мақомотҳои қудратӣ ин корро анҷом медиҳад. Ҳол он ки дар ин навор Музаффар Бобораҳматов на фақат Шоҳида Муҳаммадҷоноваро таҳқир мекунад, балки фаъолияти сохторҳои ҳуқуқии кишвар ва пеш аз ҳам вазорати Адлияи Тоҷикистон ва зерсохторҳои он Муассисаҳои ислоҳиро зери суол мебарад. Ин блогер дар навор гаштаву баргашта Муассисаи ислоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистонро дар таҷовузи зиндонӣ Ш. Муҳаммадҷонова гунаҳгор мекунад.

Ин блогер бо эътимоди қавӣ мегӯяд, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон занҳо ҳамарӯза таҷовуз мешаванд. Ин навор ҳамакнун бо чанд забон тарҷума шуда ба инстутҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон фиристонда шудааст ва ҷомеаи байналмилалӣ ангушти ҳайрат мегазанд, ки чӣ гуна дар як кишвари демократӣ, ки моҳе пеш санади наве дар он ҳукми иҷро гирифт, ки ба ниҳодҳои тафтишотӣ иҷоза медиҳад, ки аз ин пас бар асоси видео ва ё иттилое, ки дар Интернет нашр шудааст, касеро ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашанду ҷазо бидиҳанд.

Ҷанобон! Вазифаи ҷонии шумо назорат аз болои риояи ҳуқуқ ва манофеи афрод аст аз рӯ тақозо дорем, дар ин қазия бетараф набошед. Ин навор аз ҷониби мутахассисон дида шуда ваҷҳои дар он овардашуда санҷида шаванд.

Агар нисбати зиндонӣ Муҳаммадҷонова чунин амалҳои номашруъ руй дода бошад, пас масъулони зиндон ҳадди ақал чанд моддаи қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардаанд ва бояд тибқи қонунгузории Тоҷикистон бо моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карда шаванд:

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Боби 18. Ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ;

Моддаи 138. Таҷовуз ба номус

Таҷовуз ба номус, яъне алоқаи ҷинсӣ бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати зан ё нисбати дигар шахсони ба ӯ наздик ё бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зан ((Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35) бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

Қисми 2

(б): Таҷовуз ба номус аз тарафи гурӯҳи шахсон, ё гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

(в) бо бераҳмии махсус нисбат ба ҷабрдида ва ё дигар шахсони ба ӯ наздик;

Модаи 140: Маҷбур намудан ба ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ;

Моддаи 142, қисми 2 (б): Ҳаракати бадахлоқона бо истифодаи мақоми хизматӣ;

Ва агар гуфтаҳои блогер “Барада ТҶ” тасдиқи худро наёбанд, пас ин блогери иғвоангезро бо вайрон кардани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаҳои:

Моддаи 144. Ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ;

Ғайриқонунӣ ҷамъ кардан ё паҳн намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад бидуни иҷозати ӯ, ё паҳн кардани чунин маълумот дар баромадҳои оммавӣ, асар, воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет, агар чунин кирдор бо ғарази шахсӣ ё ҳавасмандии шахсӣ анҷом дода шуда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 30.07.2007 № 301),

Моддаи 330. Таҳқири намояндаи ҳокимият

2) Таҳқири намояндаи ҳокимият дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда, воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 301)

Дар ҳолати баррасӣ накардани ин қазияи нанговар, ки ин блогер дар шабакаи Ютюб паҳн кардааст ва боиси поймол гардидани ҳуқуқи як зан-модар ва ба ҷинояти мудҳиш гунаҳгор кардани мақомоти масъули адои ҷазои Вазорати Адлия дар расонидани зарари чисмонӣ ба зиндонӣ, ба ҳар шакле ки набошад, мо ҷавобгар мақомоти Точикистонро хоҳем шумурд.

Дар робита ба ин қазияи нангин, мо ба созмонҳо ва ниҳодҳои мухталифи байналмилалии ҳуқуқи башар муроҷиат мекунем, то ба вазъ таъсир расонанд ва аз аҳволи зиндонӣ Муҳаммадҷонова хабардор шаванд ва масъулони ҳукуматиро ба риояи қонунгузории ҷории Тоҷикистон водор кунанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ)

19/02/2022

Варшава

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: