Номаи ҷонгудози як модари тоҷик ба Азизамоҳ Асадуллозода, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Салом алайкум ва раҳматуллоҳ!
Бону Азизамоҳ! Аввалан шуморо ба рӯзи модарон, ки ҳамасола онро дар Тоҷикистон бо шукӯҳ ва шаҳомат ҷашн мегиранд, табрик мегӯям.
Дар бораи чӣ ҷашн будани рӯзи бонувон, ки баъдтар онро ба рӯзи модар табдил доданд, чизе намегӯям. Инро шумо чун бонуи аввали кишвар аз ман хубтар медонед.
Банда фақат ҳамин қадрашро медонам, ки дар ин рӯз занҳои кишвар дар назди ҳамсаратон қадр доранду гӯё фаъолзанонро аз тамоми гӯшаву канори кишвар ҷамъ меорад ва барояшон зиёфат медиҳанд ва “консерт” намоиш медиҳанд. Гӯё бо ҳамин рисолати мансабдорон дар назди модарон анҷом меёбад.
Ҳол он ки агар Зан-Модар дар назди мақомдорони тоҷик қадр медошт, дар тӯли ин солҳо 30 корхонаи саноатӣ не, аққалан 15 корхонаи саноатиро барои бонувони тоҷик, ки шавҳару фарзандонашон дар муҳоҷиратанд, ба истифода медоданд, то зани тоҷик дарбадару хонавайрон нашавад.
Бону Азизамоҳ! Ин номаро ман аз дуриҳои дур бароятон менависам ва умедворам, ки он ба дасти шумо мерасад. Чун шунидам, ки Шумо аҳли мутолеа ҳастед, ин номаро навиштам. Ин нома аз номи як хоҳар ба як хоҳар, як модар ба як модар аст. Номаи як хоҳар ва як модаре, ки имрӯз барои расонидани кӯмак ба як модари мӯҳтоҷе дасткӯтоҳ аст ва умед дорад, ки танҳо шумо аз ӯҳдаи ҳалли ин мушкил мебароед. Фақат Модар модари дигареро дарк мекунад. Фақат Модар дарди модари дигарро мефаҳмад. Мо барои ин ҳарфҳоро гуфтан вазифадорем.
Бояд якдигарро ҳидоят кунем. Ман инро масъулияти худ медонам. Ин аст, ки аз ин дурӣ ба шумо муроҷеа мекунам.
Бону Азизамоҳ! Шояд шунида бошед, соле пеш дар ҳамин шабу рӯз модареро барои фаъолияти сиёсии писараш барои 6 сол равонаи зиндон карданд. Оре, модаре зиндонӣ шуд, ки аз сиёсат хабаре надошт. Ин писараш буд, ки зидди сиёсати ҳамсар ва писаратон ҳарф мезад. Худатон бисёр дунёро гаштаед ва бо бонуҳои аввали давлатҳои гуногун шишту хез доштаед. Ҳатто фаризаи Ҳаҷро ба ҷо овардаед. Оё боре дар сӯҳбате шунидаед, ки дар дигар кишварҳо модарро барои кирдори писараш зиндонӣ мекунанд? Мабодо рӯзе аз ҷониби фарзандони худатон амали ношоистае сурат гирад, магар барои ин шумо бояд зиндонӣ шавед?
Бону Азизамоҳ! Номаи ман ҳамчун хоҳар ба як хоҳари динии худаш аст, ки нашавад рӯзе аз ман пурсида шавад, чаро имкон доштӣ ва ин паёмро бо ҳар тариқе, ки бошад, нарасондам.
Чаро ман ин номаро ба шумо менависам ва ба президент ё кормандони мақомот не!
Чаро?
Барои он ки соле пеш як гурӯҳ фаъолзанон ба духтари шумо — Озода, ки тамоми масъулияти раҳбарии давлатро дар баробари шавҳар ва писаратон ба дӯш гирифтааст, нома навишта хоҳиши мудохила ба қазияи Шоҳида Маҳмадҷоноваро карда буданд. Ин дархост тавассути чандин расонаҳо пахш гардид. Мутаассифона, аз ҷониби Озода, ки худ модар аст, вокунише нашуд. Аз вазъи Тоҷикистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ ҳастаму медонам, ки имрӯз дар ҳалли ҳар мушкил чӣ додгоҳӣ бошад, чӣ оддӣ ба хонаводаи шумо муроҷеа мекунанд. Ҳатто дар баҳси ду ҳамсоя доварӣ аз шумост, аммо то ин дам нашунидам, ки қазияеро, ки то хонаводаи шумо кашидаанд мусбат ҳал карда бошанд. Ба ҷуз он мушкилоте, ки бародарзодаҳо ва хоҳарзодаҳои шумо ба сари мардум меоранду бо дахолати бевоситаи шумо аз ҷавобгарӣ озод мешаванд. Маълум мешавад, ки ба ҳарфи шумо мақомот гӯш мекунад. Шумо ҳатто ба суду прокурор таъсир расонда метавонед.
Бону Азизамоҳ! Ман барои он мардҳои бегуноҳи зиндонӣ, ки байнашон хешу ақрабо ва дӯстони наздикам ҳастанд, хоҳиш накардаам. Бегуноҳ зиндонӣ шудани онҳоро ҳама медонанд ва онҳо ин ҳамаро таҳаммул мекунанд ва ИншоАллоҳ рӯзе сарбаландона ба назди зану фарзандони худ бармегарданд.
Бону Азизамоҳ! Мешавад бо кушодани қулфи занҷири қафаси Шоҳида, номатро бо хати заррин дар таърих бигузоред ва хиште ба бинои охирататон зам намоед? Вақте ки Шоҳида бегуноҳ зиндонӣ шуд, аз ҷониби шумо ҳамчун Зан-Модар амале анҷом дода нашуд. Баъди Шоҳида, рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоеваро равонаи зиндон карданд. Тамоми мардуми ҷумҳурӣ медонанд, ки ин модар ҳам бегуноҳ аст ва бо тӯҳмати мақомот зиндонӣ шудааст. Шумо модари чанд духтар ҳастед. Духтарони шумо ҳам дар навбати худ модар ҳастанд Медонед, ки барои зан модар иффат арзиши бузургест ва бадном кардани як зан ин бадном кардани тамоми миллат аст.
Ман инро барои худат хамчун хоҳар мегӯям нашавад рӯзи қиёмат бо ҳам рӯ ба рӯ шавему ман аз озодие, ки дораму хомӯшам ва худат аз имконияте, ки дар даст дорӣ ва онро ба кор набурда, ҷавобгар шавем!
Бону Азизамоҳ! Як моҳ мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ блогери тоҷик бо навораш на фақат модари зиндонӣ Шаҳидаро таҳқир мекунад, балки дар симои ӯ аз беқадрии зани тоҷик мегӯяд ва модари тоҷикро таҳқир мекунад. Таҳқири Шоҳида магар таҳқири ману ту ва таҳқири духтарони ту нест?
Ман Шоҳидаро намешинохтам, аммо бо зиндонӣ шуданаш беқадр будани худам ва дигар модаронро шинохтам. Шинохтам, ки гузоштани ҳайкал дар ин ё он ноҳияи кишвар фиреби шумо ва ман аст. Ба мо дурӯғ мегӯянд моро таҳқиру тавҳин мекунанд ва боз ҳайкаламонро мегузоранд. Магар намешавад, ки бо мудохилаи шумо ба ҷойи гузоштани ҳайкалҳои беҷон дар зиндагӣ модари тоҷикро қадр кунанд.
Медонам, ки барои як ҳамсари президент, ки имкони кушодани даҳҳо қасрҳо утоқҳоро дорад, боз намудани панҷараи зиндони Шоҳида ва Улфатхонум ҳеҷ аст.
Азизамоҳ! Хоҳарам, мешавад, ки бо ин ҳама сол канори ҳам зистан ҳарфи шумо барои ҳамсаратон қадр надошта бошад?
Шоҳида бе гуноҳ зиндонӣ аст, Улфатхоним ҳам. Пас нагузоред, то рӯзи модарон, ин модарон пушти зиндон бимонанд! Бовар дорам, озодии ин модарон ҳадяи беҳтарин барои худатон ва модарони Тоҷикистон хоҳад шуд.
Шоҳида ва Улфатхонимро ба озодӣ баргардонед!
Бо барқарор намудани номи неки ин модарон подоши хубе аз ҷониби Худованд хоҳед гирифт.
Ман мегӯям, шумо метавонед!
Таҳқири ин модарони зиндонӣ, таҳқири ману шумост.
Озодии ин модарон озодии шумо ва ман аст.
Дар озодияшон саҳм гузоред ва барои худатон қадам бардоред, ба дасти худатон бинои охирататонро обод кунед!
Бо умеди тавфиқ, хоҳари азиз! Худо ёру мададгоратон!
Мунисаи Солеҳ
Добавить комментарий