Муроҷиати Шамсиддини Саид, падари Абдуллоҳи Шамсиддин ба созмонҳои ҳуқуқи башар – (видео)

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Инак 40 рӯзи аст, ки писари ман Абдуллоҳ аз Олмон ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Мутаассифона то ҳол ба мо ҳеч хабари расмии дақиқе нарасидааст, ки ӯ дар куҷост, вазъи саломатии ӯ чӣ гуна аст ва ӯро бо кадом модда айбдор кардаанд.

Вазири корҳои дохилӣ ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар куҷо будани Абдуллоҳро намедонанд.

Кумитаи аавлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ҳам хомӯш аст.

Он хушбовариҳое, ки дар аввал мо, наздикони Абдуллоҳ доштем, ки ӯ зиндаву саломат аст, шояд бо кадом наворе дар телевизиони Тоҷикистон пайдо шавад. Аммо аз ин ҳам ноумед шудем ва ба мо баъзе хабарҳо расиданд, ки ӯ зери фишор қарор дорад ва саломатиашро аз даст додааст ва ҳатто гоҳе дар бораи зинда набуданаш ҳам гумонҳое моро азият мекунад.

Аз ин лиҳоз ман аз ҳама созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоти ҳуқуқибашарӣ, сафоратҳое, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, хоҳиш мекунам, барои пайдо кардани фарзанди ман Абдуллоҳи Шамсиддин дар Тоҷикистон кӯмак намоянд.”

#Ҳафтаи_Абдуллоҳи_Шамсиддин

#Абдуллоҳи_Шамсиддин

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: