Намояндаи Кумитаи нурвежии Ҳелсинкӣ: “Абдуллоҳ Шамсиддин фавран озод шавад!”

Мариус Фоссум гуфт, мақомоти Тоҷикистон агар натавонанд қонунан айбе ба гардани Абдуллоҳ Шамсиддин бор кунанд, бояд фавран ӯро озод кунанд.

Мариус Фоссум, намояндаи Осиёи Марказии Кумитаи нурвежии Ҳелсинкӣ, дар ёддоште дар Твиттер, бо ишора ба маълум шудани маҳалли буду боши Абдуллоҳ Шамсиддин гуфт: “Мо аз пайдо шудани Абдуллоҳ хушҳол шудем ва бори дигар талаб мекунем, ки мақомоти Тоҷикистон ба таври қонунӣ айбдор кунанд (агар айбе дошта бошад) ва дар ғайри ин сурат, фавран озодаш кунанд.

Гуфтанист, имрӯз (7 марти 2023) Сумая Пирова, ҳамсари Абдуллоҳ Шамсиддин, ки дар моҳи январ аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ ва бедарак шуд, тавонист бо шавҳараш телефонӣ сӯҳбат кунад. Вай Абдуллоҳ Шамсиддин дар сӯҳбати телефонӣ гуфтааст, ки дар Боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) қарор дорад. Пештар додситони кул ва вазири корҳои дохилӣ аз ҷойи будубоши ӯ изҳори бехабарӣ карда буданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: