(Номаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ)
— ба раисҷумҳури ИМА ҷаноби Ҷо Байден;
— ба раиси Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Шарл Мишел;
— ба муншии куллӣ Созмони Милалли Мутаҳид ҷаноби Гуттереш;
— ба шоҳи Ҳолланд, аълоҳазрат Вилҳелм-Александер;
— ба садри аъзами Британияи Кабир ҷаноби Риши Сунак ва садри маҷлиси Британияи Кабир ҷаноби Линдси Ҳойл;
— ба садри аъзами Олмон, ҷаноби Олаф Шолтс ва садри парлумони Олмон ҷаноби Петер Ченчер;
— ба ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башари муқими Британия ва Олмон.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ), ки таҷрибаи чандсолаи ҳимоят аз зиндониёни Тоҷикистонро дошта аз вазъи ҳуқуқи инсон ва хусусан аз вазъи ваҳими зиндониёни сиёсии Тоҷикистон огоҳ аст, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки дар баробари қабули президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ӯ аз боздошту ҳабс ва кушторҳои худсарона, шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар боздоштгоҳҳо, шароити сахти зиндонҳо, зиндониёни сиёсӣ, маҳдудиятҳои ҷиддии озодии баёну дин, таҳдид ва ҳабси рӯзноманигорон, интихоботҳои ношаффоф, таъқиби созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башари дохилӣ ва байнулмилалӣ ҳам шадидан пурсон кунед.
Таъкид мешавад, ки дар як соли гузашта ҳукумати инак 31 сол боз таҳти роҳбарии Э. Раҳмон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мардуми бесилоҳро қатли ом карда, зиёда аз 30 нафарро дар як рӯз кушта, садҳо нафарро бо иттиҳомоти дуруғин, бе додани имконияти дифоъ аз худ, бо мурофиаҳои пушидаи судӣ ба солҳои тулонӣ равонаи зиндон кардааст.
Дар як соли охир 10 рӯзноманигор боздошт шуда, бо иттиҳомоти бофта равонаи зиндон гаштаанд.
КШНГЗСТ аз вазъи фоҷеабори ҳуқуқи шаҳрвандон, хусусан зиндониён хеле нигарон аст ва аз Шумо, яъне он ҳукуматҳои, ки дар доираи сафари ин президенти худкома бо ӯ вомехӯранд ё ӯро ба ҳузури худ мепазиранд, хоҳиш менамояд, ки ба ин диктатор фишор оваранд, то аз қатлу куштор, фасод ва хешутаборчигӣ даст кашад.
Агар кишварҳои демократӣ ин талабро аз Раҳмон накунанд шарики ҷиноятӣ ин диктатор мешаванд, чунки Раҳмон вохӯрдан, даст додан, нишастан ва ҳатто акс гирифтан бо роҳбарони кишварҳои демократиро ба манфиати худ истифода мебарад ва мардумро аз демократия, озодии баён ва адолати иҷтимоӣ ноумед месозад.
Мардум чӣ гуна ба демократия умед банданд, ки як нафар 31 сол мешавад, ки зимоми давлатдорориро аз даст намедиҳад ва бо ин ҳама қатлу куштор ва поймол кардани ҳуқуқи инсон солона аз кӯмакҳои миллиондолларии шумо бархурдор аст ва ин кӯмакҳоро ба манфиати оилаи худ истифода мебарад.
Бояд тазаккур дод, ки Раҳмон дар ҳукмронии 31 солаи хеш пешниҳоди ягон давлати демократиро дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон напазируфтааст ва шуморо нодида мегирад.
Ӯ фақат кӯмакҳои шуморо мегирад, то ҷайби худ ва авлоди худро пур кунад.
Бори дигар ба шумо муроҷиат мекунем, ки агар воқеан ҳам ба арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон арҷ мегузоред нисбати Раҳмон ва режими ӯ таҳрим ҷорӣ намоед.
КШНГЗСТ инро ягонаи роҳи ба Раҳмон фишор овардан медонад. Шояд он вақт ин диктатор ислоҳ шавад ва барои беҳтар шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон талош кунад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ)
21/03/2023
Варшава
Добавить комментарий