Ба Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз дохили зиндон, ки дар он маҳбуси сиёсӣ Маҳмурод Одинаев нигоҳ дошта мешавад хабар расид, ки саломатии Маҳмурод Одинаев хеле бад шудааст. Ин хабар боиси нигаронии мо гардидааст.
Бино ба гуфти нафари хабаррасон, вазъи саломатии Маҳмурод Одинаев, зиндонии сиёсӣ ва муовини собиқи раиси ҲСДТ, то ҳадде вахим шуда, ки ба ӯ хатари марг таҳдид мекунад.
Маҳмурод Одинаев аз ноҳияи ҷигар ва қалбаш осеб дида ва ранҷ мебарад. Пизишкони бидуни марз ҳам, ки ӯро ба бемористони зиндон мунтақил кардаанд ҳолашро бисёр бад ва ваҳим гуфтанд.
Бинобар ин, КШНГЗС аз мақомоти зирабти ҳукумати Тоҷикистон тақозо мекунад, дар зудтарин фурсат Маҳмуродро раҳо кунанд ва ӯро ба дасти хонаводааш диҳанд.
Ба гуфтаи манбаъ, хатари нобудӣ ва ҳалок шудан ба Маҳмурод Одинаев таҳдид мекунад. Агар дар кӯтоҳтарин муддат ба қазияи Маҳмурод Одинаев расидагӣ накунем, шоҳиди бади қисмати талхи Маҳмурод Одинаев мегардем.
Ҳамчунин КШНГЗС аз тамоми созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ҷомеъаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва байналмилалӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки дар робита ба ин амалкардҳои мақомоти Тоҷикистон тамоми чораҳо ва имкониятҳоро истифода бурда, мақомоти Тоҷикистонро водор ба риояи қонун ва ҳаққу ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ бисозанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
24 марти соли 2023
Варшава