Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) бо нашри баёнияе, парванда бар зидди рӯзноманигор Рустами Ҷониро “парвандаи сиёсӣ” дониста, наздикони Рустами Ҷонӣ ва Анора Саркороваро “гаравгон дар дасти ҳукумати Тоҷикистон” унвон кардааст. КШНГЗ ин фишору таъқиб аз ҷониби мақомоти Тоҷикистонро посух ба фаъолияти рӯзноманигории Рустами Ҷонӣ ва Анора Саркорова донист.
Баёнияи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) ба шарҳи зерин аст:
Анора Саркорова, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, зодаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва муқими Аврупо, аз таъқибу фишор болои пайвандонаш аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон хабар дод.
Анора Саркорова дар саҳифаи фейсбукии худ менависад, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон рӯзи 23 марти соли равон модари 68 сола ва бародари ӯро ба идораи шӯъбаи ВКД ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъват карда болояшон фишор оварданд. Корманди мақомот бо номи Ҳаким Шафиев аз модари 68 солаи Анора Саркорова талаб кард, то ӯ аз домоди худ, Рустами Ҷонӣ, шавҳари Анора Саркорова талаб кунад, ки бо навор аз ҳукумати Тоҷикистон узр пурсида ба Тоҷикистон баргардад.
Гуфта мешавад бар зидди рӯзноманигори фаъоли тоҷик Рустами Ҷонӣ мақомоти Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда бо якчанд модда гунаҳкор меҳисобанд, аз ҷумла бо моддаи 307 (ташкили фаъолияти ҳаракати экстремистӣ), ки аксари мухолифини худро ҳукумати Тоҷикистон бо ин модда ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ додааст.
Мақомоти Тоҷикистон аз модари Анора Саркорова талаб карданд, то дар бораи ҳамаи хешовандон ва фарзандони Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ маълумот диҳад. Бо ин васила ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад бо фишор болои пайвандони ин хонадони рӯзноманигор, болои онҳо фишор оварад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз мақомоти Тоҷикистон талаб мекунад, то аз фишор ва гаравгонгирии хонаводаҳои мухолифонаш, алалхусус хонадони Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ даст бардорад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон парванда бар зидди рӯзноманигор Рустами Ҷониро “парвандаи сиёсӣ” дониста наздикони ин ду рӯзноманигорро гаравгон дар дасти ҳукумати Тоҷикистон меҳисобад. Ин ҳама фишору таъқиб аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон посух ба фаъолияти рӯзноманигории Рустами Ҷонӣ ва Анора Саркорова мебошад.
Тарс ва фишор овардан ба наздикони дигарандешон, ин чунин бо истифода аз кӯдакон ҷинояти байналмиллалист. Аз ин рӯ Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба ҳамаи созмонҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон муроҷиат карда хоҳиш мекунад, то онҳо ба ин қазия дахолат кунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон бояд санадҳои байналмиллалӣ, ки зери он имзо гузоштааст риоя карда даст аз ҷинояти зиддибашарӣ бардорад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
23 марти соли 2023
Варшава
Добавить комментарий