Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ
Дар як соли ахир, агар саъю талошҳои бевақфаи ду рӯзноманигор дар мунъакис кардани воқеиятҳои талхи Помир ва он чи режими Эмомалӣ Раҳмон ба сари мардуми бегуноҳи ин минтақа овард набуданд, бешак ҷаҳониён ва ҳатто мардуми соири манотиқи Тоҷикистон, аз он чи дар Бадахшон мегузарад хабаре надоштанд ва бо таваҷҷӯҳ ба вуҷуди маҳдудиятҳои бесобиқа, аҳаде намедонист дар Бадахшон чӣ хабар аст. Вале ин ду рӯзноманигор ҷонашонро ба каф гирифтанд ва бо навиштани ёддоштҳои гуногун дар шабакаи маҷозӣ лаҳза ба лаҳза, ҷаҳониёнро аз фоҷеаи Помир огоҳ сохтанд. Ин буд, ки имрӯз режими Эмомалӣ Раҳмон дар садади интиқом гирифтан аз ин ду рӯзноманигор аст. Ва ин ду рӯзноманигори шуҷоъ иборатанд аз: Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ…
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) тасмим гирифт ин ҳафтаро ба ин ду рӯзноманигори шуҷоъи тоҷик ихтисос бидиҳад. Лозим ба ёдоварӣ аст, КШНГЗС ба унвони ниҳоде ҳуқуқӣ, кораш на танҳо талош барои озодии зиндониёни сиёсӣ, балки чунон ки аз исмаш пайдост, дифоъ аз гаравгонҳои сиёсӣ низ рисолати ин ниҳоди ҳуқуқи башарӣ маҳсуб мешавад. Хонводаи Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ дар ҳоли ҳозир бешак дар назди режими Раҳмон гаравгон ҳастанд ва бар яко-яки шаҳрвандони боғайрати тоҷикистонӣ воҷиб аст дар муқобили ин бедолатӣ сукут накунанд ва бо тамоми вуҷуд аз ин ду рӯзномангор ва хонаводаи онҳо ҳимоят ба амал оваранд. Ҳимоят аз ин ду рӯзноманигор ва хонаводаи онҳо, вазифаи ҳар яки мост.
Анора Саркорова кист?
Анора Саркорова рӯзноманигори маъруфи тоҷик аст. Ӯ фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1997 мебошад.
Анора Саркорова аз соли 1995 то 1996 ба унвони сардабири барномаи “Диалог”-и радиои ҷавони Ҷумҳури Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 1997 то 2003 дар бахши тоҷикии Радио ва телевизиони “Мир” машғул ба кор буда. Дар солҳои 1997-1998 дар “Вместе” – барномаи Кишварҳои Мустақилли Муштаракулманофеъ (СНГ) Тоҷикистонро намояндагӣ мекард.
Ӯ 18 сол ба унвони хабарнигор дар шабакаи ВВС русӣ дар Тоҷикистон кор кардааст.
Дар сентябри 2017 Вазорати умури хориҷа ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) эътиборномаи ӯро пасгирифта ва ӯро аз кор дар расонаҳои хориҷӣ манъ карданд.
Маҳрум кардани ӯ аз эътиборнома ва манъаш аз кор, ба мавзеъи усулӣ ва фаъолиятҳои рӯзноманигории Анора Саркорова марбут буд.
Вай шарики зиндагии рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ мебошад.

Рустами Ҷонӣ кист?
Рустами Ҷонӣ зодаи 15 августи соли 1974 дар Тоҷикистон аст. Баъд аз хатми мактаби миёна, вориди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи филология шуд ва дар соли 1998 аз он фориғуттаҳсил гардид. Дар таърихи 3 октябри соли 2005 бо Анора Саркорова издивоҷ кард.
Ҷонӣ дар Тоҷикистон раиси ширкати ҳолдингии “Ориёно-Медиа” буд ва бо ташаббуси ӯ дар июни соли 2007 радиои нав мавсум ба “Имрӯз” шурӯъ ба фаъолият кард. Радиои “Имрӯз” дар як муддати бисёр кӯтоҳ миёни тоҷикистониён маъруф гардид ва бо истиқболи онҳо рӯбарӯ шуд.
Рустами Ҷонӣ аз ноябри 2015 дар радиои Озодӣ оғоз ба кор кард ва аз соли 2020 ба унвони таҳиякунанда (продюсер) дар ин расона машғул ба кор аст.
Ӯ сокини Прага аст.
Бино ба гузорише дар 4 октябри 2022, дар Варшава аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва фишорҳои афзоянда ба хабарнигорону блогнависон гуфтанд. Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигоре, ки ҳаводиси моҳи майро дар Бадахшон бозтоб медод, ҳангоми суханронӣ дар бораи озодии баён соли равонро барои расонаҳо ва фаъолону ҳомиёни ҳуқуқ “фоҷеабор” хонд. Ӯ гуфт, пайгириву бозтоби ҳодисаҳои Бадахшон аз сӯйи ӯ ва ҳамсараш, хабарнигор Анора Саркорова, сабаб шуд, ки пайвандонашон дар Тоҷикистон зери таъқибу фишори мақомот бимонанд.

Кушодани парвандаи “ҷиноӣ” бар зидди Рустами Ҷонӣ
Тибқи гузориши 24 феврали 2023, мақомоти интизомии Тоҷикистон ба Рустами Ҷонӣ паём доданд, ки ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ин парванда ба хотири интиқодҳои тунди вай аз сӯйи режими Раҳмон боз шуд. Модари ҳамсарашро рӯзи 22-юми феврал ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳии Сино даъват карда, гуфтанд, ба зидди ӯ тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ (307 ва 401) парванда кушоданд.
“Гуфтаанд, ба ӯ бирасонед, ки ба Тоҷикистон баргардад ва худро ба мақомот таслим кунад. Узр хоҳад ва аз роҳе, ки интихоб кардааст, изҳори пушаймонӣ кунад, мавриди афв қарор мегирад. Мо 12 рӯз ӯро инҷо нигаҳ медорем ва баъд метавонад, ба ҷойи иқоматаш баргардад,” – гуфт Рустами Ҷонӣ.
Бар асоси гузориши 25 марти соли 2023, мақомоти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки ба зидди Рустами Ҷонӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва ӯ таҳти пайгарди қонунӣ аст.
Абдуҳаким Шафиев, муфаттиши Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои Душанбе дар ин бора гуфт, “дар воқеъ, Рустами Ҷонӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад”.
Аз ин пештар Анора Саркорова дар саҳифааш дар Фейсбук навишта буд, ки рӯзи 23-юми март модар ва бародарашро ба Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Сино даъват ва ба онҳо гуфтаанд, ба зидди Рустами Ҷонӣ ба иттиҳоми “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” (банди 4-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ба қавли Анора Саркорова, муфаттиш ному насаб, ҷойи иқомат, ному насаби падари фавтида ва ду фарзанди ноболиғи ӯро навишта гирифтааст.
Абдуҳаким Шафиев тасдиқ кард, ки хушдомани Рустами Ҷониро ба идораи милиса даъват карда, аз ӯ пурсиданд, ки ҳоло дар куҷост.
Анора Саркорова гуфт, муфаттиш таҳдид кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон барои мусоидат дар боздошти Рустами Ҷонӣ ба пулиси байнулмилалӣ (Интерпол) дархости расмӣ мефиристанд.
КШНГЗС: «Фишор ва гаравгонгирии хонаводаҳои Анора Саркорова ва Рустами Ҷониро мутаваққиф кунед!»
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) билофосила бо нашри баёнияе, парванда бар зидди рӯзноманигор Рустами Ҷониро “парвандаи сиёсӣ” дониста, наздикони Рустами Ҷонӣ ва Анора Саркороваро “гаравгон дар дасти ҳукумати Тоҷикистон” унвон кард. КШНГЗ ин фишору таъқиб аз ҷониби мақомоти Тоҷикистонро посух ба фаъолияти рӯзноманигории Рустами Ҷонӣ ва Анора Саркорова донист.
КШНГЗ аз мақомоти Тоҷикистон талаб кард, аз фишор ва гаравгонгирии хонаводаҳои Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ даст бардорад.
КШНГЗ таъкид кард: “Тарс ва фишор овардан ба наздикони дигарандешон, инчунин бо истифода аз кӯдакон ҷинояти байналмиллалист. Аз ин рӯ Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба ҳамаи созмонҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон муроҷиат карда хоҳиш мекунад, то онҳо ба ин қазия дахолат кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон бояд санадҳои байналмиллалӣ, ки зери он имзо гузоштааст риоя карда даст аз ҷинояти зиддибашарӣ бардорад.”
#Ҳафтаи_дифоъ_аз_Анора_Саркорова_ва_Рустами_Ҷонӣ
#Ҳамбастагӣ_бо_Анора_Саркорова_ва_Рустами_Ҷонӣ
#Даст_аз_фишор_ба_хонаводаи_Анора_Саркорова_ва_Рустами_Ҷонӣ_бардоред
Добавить комментарий