Табрики Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ) ба муносибати зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, Фаромӯз Иргашев.
Фаромӯз Иргашев узви пешини Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва номзади сабтиномнашудаи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи соли 2020, ки инчунин аъзои фаъоли “Комиссияи 44” ҳам буд, имрӯз 33 сола мешавад.
Иргашев моҳи майи соли 2022 дар Хоруғ боздошт шуда Додгоҳи олӣ ӯро ба 30 соли зиндон дар колонияи низомаш сахт маҳкум кард. Дар Тоҷикистон 30 соли зиндон сангинтарин ҷазо пас аз ҳабси абад дониста мешавад.
Ҷомеаи огоҳи Тоҷикистон Фаромӯзро нафари ростқавл, якрӯ ва ҳақиқатпараст, бо ҷасорату матонат ва як фарзанди содиқи миллат мешиносад ва Фаромӯз Иргашевро бо зодрӯзаш табрик гуфта ба ӯ истодагарӣ, тани сиҳат ва озодӣ таманно мекунад!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ)
Варшава
03.04.2023
Добавить комментарий