Ҳафтаи дифоъ аз зиндониёни сиёсӣ: Маҳмурод Одинаев, Ҷалолуддини Маҳмуд ва Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад
Тибқи хабари бастагон ва наздикони зиндониёни сиёсӣ, вазъи Маҳмурод Одинаев, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ва Ҷалолиддини Маҳмуд дар дохили зиндони бисёр вахим ва нигаронкунанда шуда. Бар пояи баёнияи Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), ин ҳолат баёнгари “бетаваҷҷӯҳии мақомоти кишвар ба зиндониён мебошад”.
Чӣ хеле, ки ПМТ дар баёнияи худ овардааст, “хабари карантин шудани Маҳмурод Одинаев ба хотири бемории ҳепотит( зардпарвин) моро бештар нигарон мекунад, ки ин беморӣ дар шароити бади зиндонҳои кишвар ва бо шурӯъи фасли гармо ҳамагир шавад. Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ба хотири вазъияти вахими саломатиаш аз зиндон ба беморхонаи шаҳрӣ интиқол дода шудааст ва Ҷалолиддини Маҳмуд ҳам ба хотири бад будани вазъияти саломатиаш дар беморхонаи зиндон бистарӣ мебошад. Пештар хабарнигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ аз вазъияти бади зиндон ва шиддат гирифтани бемориаш шикоят карда буд.”
Паймони Миллии Тоҷикистон дар баёнияи худ дархост кард:
“Омбудсмен аз зиндонҳои кишвар дидан намуда аз вазъияти зиндониёни сиёсӣ наздикон ва ҷомеаи кишвар ва хабарнигоронро огоҳ намояд.
Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ, Созмони Афви Байналмилалӣ ва Созмони Пизишкони Бидуни Марз аз вазъияти зиндониёни сиёсӣ хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои тиббии фаврӣ расонанд.
Раиси идораи зиндонҳо Мансурҷон Умаров қазияро баррасӣ намуда аз тариқи расонаҳо шарҳи расмӣ пешниҳод намояд.
Зиндониёни бемори аз сини 60 боло ҳарчӣ зудтар озод карда шаванд.”
Чанд рӯз пеш дар таърихи 24 марти соли ҷорӣ, КШНГЗС дар изҳороте, бо ибрози нигаронии амиқи хеш аз вазъи саломатии Маҳмурод Одинаев, аз “тамоми созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ҷомеъаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва байналмилалӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон” хоҳиш намуд, то “мақомоти Тоҷикистонро водор ба риояи қонун ва ҳаққу ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ бисозанд”.
Ҳамчунин дар таърихи 29 марти соли ҷорӣ дар баёнияе, баъд аз огоҳ гардидан аз интиқоли Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад бо як вазъи вахим ба бемористони Қарияи Боло, бо такя бар манобеъи худ дар зиндони навишт, ин “як пойи Мавлавӣ комилан аз кор мондааст”.
Дар таърихи 30 марти соли ҷорӣ низ дар гузорише бо такя бар хабари Сайидисҳоқ Бобоев, фаъоли тоҷик, навишт, ки “Ҷалолиддини Маҳмуд гуфта бо як ҳолати бисёр вахим ва бад ба бемористони дохили зиндон мунтақил ва бистарӣ кардаанд, шушҳояш об гирифта, як гӯшаш комилан намешунавад, бар гӯши дигараш баландгӯ гузоштаанд ва аз ноҳияи хичакаш варами шадид (грижа) шудаст ва фишораш болои 200 қарор гирифтааст. Табибони зиндон гуфтаанд, эҳтимоли зинда монданаш 20% аст.”
Гуфтанист, Ҷалолиддини Маҳмудро пас аз итмоми мӯҳлати ҳукмаш, бо фосилаи чанд моҳ, аз нав ба зиндон ҳукм кардаанд.

Гуфтанист, Маҳмурод Одинаев зодаи 1 марти соли 1962-и шаҳри Ҳисор аст. Вай ҳуқуқшинос (юрист) ва яке аз фаъолони барҷастаи ҷомеаи шаҳрвандӣ шумурда мешавад. Одинаев пеш аз зиндонӣ шуданаш, раиси Комиссияи дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон ва аз раҳбарони Эътилофи зидди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон ба шумор рафта, ба ҳимояи ҳуқуқи маҳбусон ва ифшои мавридҳои бадрафторӣ нисбат ба маҳбусон машғул буд.
Маҳмурод Одинаев ҳамчунин аз фаъолони боризи сиёсӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ӯ муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон буд; ҳизбе, ки расмӣ буда ва як ҳизби опозитсионӣ дар дохили кишвар ба шумор меравад.

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад зодаи 3 январи соли 1959 ноҳияи Ховалинги Кӯлоб аст. Ӯ яке аз камшумортарин олимони улуми динӣ дар Тоҷикистон аст. Кормандони КДАМ дар таърихи 16-уми сентябри соли 2015, 13 тан аз масъулони аршади ҲНИТ, аз ҷумла Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммадро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи шаҳид Абдулҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хонааш боздошт карданд. Иттиҳоме, ки ҲНИТ ба шиддат онро рад кардааст.

Ҷалолиддини Маҳмуд дар таърихи 15-уми феврали соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Дар феврали соли 2015 Ҷалолиддини Маҳмудро ба иттиҳоми “нигаҳдории аслиҳа дар манзили ҳамсоя” боздошт карданд. Бино ба гузориши 11 феврали соли 2015, вай ба ин иттиҳом аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шуд.
Бар пояи гузориши 11 феврали 2015, Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошти Ҷалолиддини Маҳмудро пеш аз интихоботи парлумонӣ “тарҳрезишуда” ва “сиёсӣ” донист ва хостори раҳоии ҳарчӣ зудтари ӯ шуд. Дар баёнияе, ки ҲНИТ дар он таърих мунташир кард, омадааст: ”Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷ.Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот медонад. Зеро пинҳон доштани ин қазия муддати беш аз як сол ва ошкор карданаш дар чунин як марҳилаи сиёсӣ наметавонад дигар маънӣ дошта бошад.”
Додгоҳи ноҳияи Ҳисор дар таърихи 20 июли 2015 Ҷалолиддини Маҳмудро ба 5 соли зиндон маҳкум кард.
Ҷалолиддини Маҳмудро дар таърихи 3 августи соли 2020 бори дигар аз хонааш дар Ҳисор дастгир карданд. Бо чӣ ҷурм маҳкум шудани ӯ маълум набуд. Ӯ барои бозпурсӣ бурда буданд ва баъди чанд соат манзилашро кофтукоб карда, китобҳояшро ҳам мусодира карданд.
#Ҳафтаи_дифоъ_аз_Маҳмурод_Одинаев_ва_Ҷалолуддини_Маҳмуд_ва_Муҳаммадалӣ_Файзмуҳаммад
#Озодӣ_ба_Маҳмурод_Одинаев
#Озодӣ_ба_Муҳаммадалӣ_Файзмуҳаммад
#Озодӣ_ба_Ҷалолиддини_Маҳмуд
Добавить комментарий