Аз замони ба Тоҷикистон истирдод шудани Абдуллоҳи Шамсиддин то имрӯз дӯстон ва ҳамкорони ӯ, ки шаҳрвандони Олмон ҳастанд назди идораҳои давлатии Олмон, аз ҷумла назди идораи кор бо хориҷиён, бинои Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ва Бундестаг (парлумон)-и Олмон гирдиҳамоӣ баргузор мекунанд. Ҳоло, ки Абдуллоҳро дар Тоҷикистон гӯё барои як «лайк» ба ҳафт сол аз озоди маҳрум карданд, ин дӯстони олмонии Абдуллоҳро рӯҳафтода накарда баръакс изҳор доранд то озодшавии Абдуллоҳ эътирози худро давом медиҳанд.
Рӯзи пеш ҳам ин дӯстон ва ҳамкорони Абдуллоҳ назди яке аз идораи кор бо хориҷиёни Олмон тазоҳурот баргузор карданд. Дар тазоҳурот чанд нафар аз тоҷикони муқими Олмон низ иштирок кардаанд. Яке аз онҳо аъзои кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон Фарҳод Одинаев буд.
Фарҳод Одинаев аз баргузоркунандагони тазоҳурот хонум Корнелиа Зуҳан (Cornelia Suhan) чанд савол кард ва мақсаду ҳадаф ва аз қадамҳои баъдии онҳоро пурсон шуд.
Хонум Корнелиа Зуҳан аз ҷумла изҳор дошт, ки «Мо дар Дортмунд панҷ маротиба ва дар Берлин низ панҷ маротиба тазоҳурот анҷом додем. Сабаби эътирозҳои пайдарпаи мо ин буд, ки ихроҷи Абдуллоҳи Шамсидин хатари фоҷиъабореро дар пай дорад. Мо ба мақомоти дахлдори Олмон огоҳӣ додем, ки дар сурати ихроҷи Абдулло ба Тоҷикистон зиндонӣ ва поймол шудани ҳуқуқҳои вай вуҷуд дорад, чунки ӯ аъзои мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.»
Дар бораи қадамҳои баъдии худ ва дӯстони Абдуллоҳ хонум Корнелиа Зуҳан гуфт:
» Мо кори худро идома хоҳем дод, то ки мақомоти Олмон ва ҷомеъа аз ин ҳодиса ва воқеъияти режими Тоҷикистон бохабар бошанд. Агар ҳукумати Тоҷикистон диктаторӣ намебуд, ҳоло Абдуллоҳ дар зиндон набуд.»
«Ҳамаи кушишҳои мо барои он аст, ки мехоҳем Абдуллоҳ озод шавад. Ман ҳамчун модари олмонии ӯ , ки муддати 13 сол сарпарастии ӯро мекардам ва тамоми дӯстон ва ҳамкоронаш инҷо барои озодии Абдуллоҳ ҷамъ омадаем, то бар зидди ин режими диктатории Тоҷикистон садоямонро баланд кунем.»
Барои як «лайк» ба ҳафт сол равонаи зиндон шудани Абдуллоҳ, хонум Корнелиа Зуҳан чунин вокуниш кард.
«Чӣ тавр метавон як нафарро барои як лайк дар фейсбук, 7 сол равонаи зиндон кард. Ман ки худ дар як давлати диктотурӣ зиндагӣ накардаам ва наметавонам инро тасаввур кунам.»
Дар охир хонум Корнелиа Зуҳан ба мардум Тоҷикистон назари худро изҳор дошт. «Маслиҳати ман ҳамчун як нафари олмонӣ ин аст, ки шумо бояд то охир якҷоя, дастаҷамъона ба пеш равед, то ин режими худкома ва диктатуриро аз байн баред. Чунки ягон диктатура худ ба худ нобуд нахоҳад шуд.»

Добавить комментарий