Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
“Аз миёни мӯъминон мардоне ҳастанд, ки бар он чи бо Худо паймон бастаанд садоқат варзиданд, пас баъзе аз онҳо (бо он садоқат бар паймони худ) даргузаштанд ва иддае ҳам мунтазиранд ва ҳеч табдиле ба он аҳду паймон накарданд.”
(Аҳзоб:23)
Мардони соҳиби иродаи қавӣ ва дорои ҷойгоҳи олии инсонӣ, худшинос, миҳандӯст, мутадайини соҳиби қазия ва миллатпарвар ҳамеша ҳастданд ва ба монанди таърих ҳамвора такрор ёфтаанд. Ин ашхос бо ҳеч сурат маҳв ва аз хотирҳо дур намемонанд, на бо тӯҳмату бӯҳтон ва на бо ҳабсу зиндонии тӯлонӣ намудан, ҳатто бо куштану эъдом намудан, намешавад онҳоро аз байн бурд. Зеро онҳо ашхоси миллӣ ва ашхоси мазҳабиянд ва барои маҳву нобуд сохтани онҳо бояд миллати онҳо ё ойини онҳо муттаҳам шавад, зиндонӣ шавад ва ба куллӣ аз бай бурда шавад.
Домулло Ҷалолуддин (Маҳмудов Ҷалолиддин) дар ноҳияи Ҳисор дар хонаводаи руҳонӣ, домулло ва инсони меҳнаткаш ва ватандӯст ба дунё омадааст. Соҳиби маълумоти олии динӣ ва дунявӣ мебошад. Аз вақти донишҷӯ буданаш дар донишгоҳ ӯро мешиносам. Ман муллобачча ва дар ТЭС маркази гармидиҳиву барқдиҳӣ кор мекардам, ӯ низ муллобачча ва ҳамзамон донишҷӯи донишгоҳ буд ва дар манзилҳои баландошёнаи пойтахт, нозири техникии осонсайр (лифт)-ҳо шуда кор мекард.
Ҷавони қобилиятнок, бо ҳавсала, илмдӯст, корӣ ва соҳиби назар ва андешаи озод буд. Дар ин росто мо як идда ҷавонон, муллобаччаҳо, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва коргарони соҳаҳои гуногун бо ҳам гирд меомадем ва ҳар ҳафта бо домулло Муҳаммадшариф (устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳматуллоҳӣ алайҳӣ) нишаст ва дарсу муколима доштем.
Устод Ҳимматзода (р) як руҳонии оддӣ ё як «экстримист» нест, домуллои бузрг, аввалин раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, узви зеркомисияи сиёсии Комисюни Оштии Миллӣ (КОМ) ва кам аз кам ду давра депутат, намоянда дар Порлумони кишвар ва дигар соҳаҳои муҳимми динӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ кору фаъолят дорад.
Домулло Ҷалолиддин низ ҳамраиси кумитаи оташбас ва то ба тӯҳмат ба зиндон гирифтанаш, узви Комиссияи Интихобот ва Раъйпурсии Ҷумҳурӣ буд.
Инҳоро ба ин хотир мегӯям, ки бародари мо домулло Ҷалолиддин, як шахсияти олимақом ва хидматкарда ба кишвар, миллат ва дин, бори дуюм аст, ки бо тӯҳматҳои сангин ва таҳқир ба шахсият, дину мазҳаб, мавқеъи ватандорӣ, ҳизбӣ ва миллатдустияш, зиндонӣ мешавад. Дар асл айбномае, ки домулло Ҷалолиддин бо он муттаҳам карда шудааст, сиёсӣ, тӯҳмат ва зулме беш дар нисбати ин шахсияти олиқадр, нест. Бар акс домулло Ҷалолиддин шахсияти диндору ботақво, фақеҳ, соҳиби назар, андешаи озод ва як наҳзатии асили пойбанд ба аҳду паймон аст.
Ҳоло ӯ ё як наҳзатӣ ё як ҳуқуқшинос, устоду домулло ва шахсияти озодандеши дигар, айбе надорад, ки ба қавонини мавҷудаи кишвараш ва адолати суди он боварӣ дорад ва аз ватанаш берун намешавад, вақте бо туҳмат зиндонӣ мешавад. Ин давлату ҳукумати ноӯҳдабаро аст, ки барои ашхоси лоиқи худ, ҷуз зиндон ҷои муносибе надоранд.
Маҳз домулло Ҷалолиддин аз ҳамон шахсиятҳое мебошад, ки ба кишвар, адолат, хидмтҳои арзишманди худаш барои расидан ба сулҳу оромӣ эътимод ва боварии комил дорад.
Вақте ӯ аз зиндон раҳо шуд ман бо ӯ телефонӣ суҳбат кардам, ба гунае аз хилофкориҳои давлатмрадони кишвар, Ҳукумат ва душманияшон ба дин, руҳоният муллоҳо ишора кардам ва иҳтимоли сурат гирифтани такрори он хиёнатҳо ва ба ҳабсгириҳоро ёдовар шудам, вале ӯ самимӣ рад кард ва бо қотеъият ҳабсшуданашро як иштибоҳ ном бурд ва аз ман хост дар бораи ватан ва миллатам некбин бошам.
Домулло Ҷалолуддин бори дуввум зиндонӣ ва ҳамин ҳоло, сахт бемору ранҷур аст. Ман мутмаинам, ки иллати ин беморӣ фишорҳои ҷисмонӣ ва равонӣ аст, ки болои ин марди наҷиби қавиирода овардаанд. Зеро хуб медонам, ки вай аз дарду беморӣ ва хастагии зеҳниву равонӣ ҳеҷ шикояте надошт. У ҷисман қавӣ ва зеҳни тези ҳозирҷавобӣ дорад.
Дуъо мекунем домулло Ҷалолиддин ва амсоли ӯ шахсиятҳои наҷибро Худо сиҳҳату солим бидорад ва ҳар чи сареътар раҳоӣ аз зиндон рузӣ кунад!
Аммо афсӯсу сад афсӯс, ҳукуматдорони хиёнатпешаи Тоҷикистон, ки хоки кишвар ва дорои онро фурӯхта ва ба яғмо бурдаистоданд, бо мардони озодандеш, дилсуз ба Ватан, Миллат ва адолатхоҳ, махусан амсоли домулло Ҷалолиддин, шахси диндори милливу мазҳабии ватандуст, душмании ақидатӣ ва решаӣ доранд. Ин як ҳақиқати талх дар кишвари мо аст.
Мутмаъинан лаънати Худо ва нафрини халқ суроғи он идда хиёнаткорон дер ё зуд меояд.
«ЛАЪНАТИ ХУДО ВА ХАЛҚ БАР ОНҲОЕ КИ ЯКДИГАРО ДАР ҲАВОДИСИ ГУЗАШТА СИЁҲ МЕКУНАД Ё БА АРЗИШҲОИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЙБАНД НАМЕМОНАД»
Ин ҳамон санади якдигарфамие аст, ки тарфҳои сулҳи тоҷикон зери он имзо ва онро қабул кардаанд. Аммо ҳукуматдорони хиёнатпешаи Тоҷикистон бо поймол кардани ин санади муҳим, ба қатл расонидан ва ҳабсу зиндонии шахсиятҳои лоиқ, зери санади хоин будани худ имзо ва чеҳраи хоинонаи худро, то абад дар таърих бозгу карданд.
Ба қалами домулло Муҳаммадсаид Ризоӣ.

Добавить комментарий