Фарҳод Худоёров; ҲАМВОРА ДАР БАЙНИ МАРДУМ БУД. ХУД МЕСӮХТ, АММО МЕСОХТ!
Агар хато накунам, шиносоии ман бо Маҳамурод Одинаев охирҳои соли 2014 ба вуқӯъ пайваст. Ҳамчун аъзои ҲСДТ ба анҷумани ҳизбамон, ки дар Душанбе баргузор шуда буд, даъват шудам. Марди қавипайкар, меҳрубон ва самимие бо чеҳраи кушод аз аъзои кумита пазироӣ мекард ва бисёриҳо ба ӯ "акаи Маҳмурод", гуфта муроҷиат мекарданд. Дарк кардам, ки ин кас Маҳмурод Одинаев роҳбари ҲСДТ дар ноҳияи Ҳисор аст.
Баъдан шиносоии мо ба дӯстӣ мубаддал шуд. Чун акаи Маҳмурод барои ҷалб намудани мардум ба ҳизб саъю талоши зиёд мекард ва муваффақ ҳам мешуд, манзалаташ дар назди аъзои ҳизб хеле баланд буд. Мо талош мекардем, ки аз акаи Маҳмурод омӯзем. Ба мо даъват намудани нафаре ба аъзо шудан ба ҳизб ба мушкилӣ даст медод, лек акаи Маҳмурод хеле роҳат дӯстон ва ҳамкурсонаш Саидаброр Давлатови данғарагӣ, Далершо Маҳмадшоеви ваҳдатӣ ва Соҳибназарови хуросониро, узви ҲСДТ намуд. Ин нафарон баъдан шӯъбаҳои ҲСДТ - ро дар ноҳияҳои худ созмон доданд. Ёддошт мекарданд, ки баъди ташкили шуъбаи ҳизб дар ноҳияи Данғара ҳукуматдорони ноҳия шокӣ шуда буданд. Фикр мекунам, душмани ҳукумат ҳам бо акаи Маҳмурод аз он замон шурӯъ шуд. Акаи Маҳмурод ҳамвора дар байни мардум буд, ба мушкили онҳо расидагӣ мекард, ба кӯмаки ниёзмандон мешитофт. Барои пойдории адолат талош мекард. Худ месӯхт, аммо месохт. Ин хислати некаш мардумро ба ӯ қарин карда буд.
Дар интихоботи парлумони соли 2015 акаи Маҳмурод иштироки худро ҳамчун номзад ба вакилии парлумон худпешбарӣ кард ва дар ду рӯз имзоҳои заруриро ҷамъ намуд. Мутаассифона, Комиссияи Марказии Интихоботӣ овозҳои ҷамъ намудаи эшонро тақаллубӣ эълон карда, ба фишору таҳдиди ҷонибдорони ӯ шурӯъ кард. Ин ҳама фишору таҳдид низ рӯҳияи Маҳмурод Одинаевро шикаста натавонист ва тасмим шуд ,ки аз рӯихати ягонаи ҳизб вориди рақобат дар интихоботи парлумонии соли 2015 шавем.
Дар анҷумани ҳизб пешниҳод шуда буд, ки 26 нафар вориди майдони рақобат шавем, лек чун фишор болои номзадҳо зиёд шуд, баъзеҳо аз тасмими худ даст кашиданд ва мо 13 нафар мондем. Дӯст ва ҳамсабақи донишгоҳии акаи Маҳмурод, Соҳибназарови хуросонӣ, ки аз ин ноҳия номзад ба вакилӣ буд, зери фишори сахти мақомот қарор гирифт. Мавсуф ба ҳайси муовини кадом бонке дар ноҳия адои вазифа мекард. Мақомот бо тӯҳмату бӯҳтон ӯро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Гӯё дар кори бонк камбудие ифшо карданд Баъди анҷоми интихобот ӯро озод карданд.
Чунин ноадолатиҳо ва рақобат бевиҷдонона нисбат ба узви ҲСДТ дар тамоми ҷумҳурӣ ҷараён дошт. Масалан, банда бо чанд ҳазор варақаи таблиғотӣ ва аксҳо ба н.Рашт барои таблиғот сафарбар шудам. Рӯзи вохӯрии интихобкунандагон бо Шукурҷон Зуҳуров, ки он вақт раиси Парлумон буд ва ҳамчун номзад аз Рашт пешбарӣ шуда буд, дар шаҳраки Навобод мақомот ба ман иҷоза надоданд, ки вориди толор шавам. Маҷбур шудам, ки дар берун варақаҳоро ба мардум тақсим кунам. Ҳатто раиси ноҳияи Ғарм Қаноатшо Лоиқов маро ба утоқи кориаш даъват намуда, бо таҳдиду фишор аз ман талаб кард, ки номзадиямро пас гирам ва шӯъбаи дар Рашт будагии ҳизбро барҳам диҳам. Ман ин корро барои худам нанг ва хиёнат ба ҳизб шуморидам. Чун расонаҳо дар ин бора навиштанд, як рӯз пас акаи Маҳмурод бо як гурӯҳ ба Рашт омад. Дар чойхона деҳаи Яшм муовини раиси ҳукумати иҷроияи н.Рашт Муқими Раҳим, ки ҳоло раиси ин ноҳия аст, бо як гурӯҳ намояндагони ҳукумат ҷаласа дошт. Ин вақт Маҳмурод Одинаев бо ҳамроҳонаш ба толор ворид шуд. Чеҳраи дар толорбудагиҳо тағйир ёфт ва аз қавоқҳояшон барфу борон мерехт ва зуд хостанд, ки ҷаласаро ба поён расонанд. Акаи Маҳмурод иҷозаи сухан пурсид, аммо раиси собиқи ҷамоат Муродов Фаридун, ки бо заминфурӯшӣ ва дуздӣ ба даст афтода буд, лаҷоми сухан дар даст ҳеҷ аз минбар поён шуданӣ набуду аз таърифу тавсифи ҳукумат банд буд. Ҷаласаро баъди таърифҳои зиёди ин чоплусак ҷамъбаст карданд ва ба акаи Маҳмурод иҷозат сухан надода толорро тарк намуданд.
Чун дурии роҳ ва ин ҳама муносибати дағалона меҳмононро хаста карда буд, онҳоро барои як пиёла чой ба хона даъват намудам.
Падарам гӯсфандеро кушта, расму русуми меҳмонондории куҳистониро ба ҷо оварданд. Баъди сӯҳбат аз ину он ба деҳаи Шоҳидара омадем, ки мардум моро интизор буданд ва хуш қабул ҳам карданд. Хулас, аз он рафтем ба навоҳии Тоҷикободу Ҷиргатол. Дар ҳар ноҳия акаи Маҳмурод дӯстони зиёд дошт, ки омадани ӯро шунида ба истиқбол меомаданд. Ногуфта намонад, ки ҳар куҷое, ки мерафтем мошинҳои амниятӣ дунболи мо мегаштанд, дар вохӯриҳо бо мардум ҳам медидем, ки амниятиҳо ҳузур доранд, аммо акаи Маҳмурод тарсе надошт. Ҳарфашро мегуфт. Шабе дар Ҷиргатол меҳмони дӯсти Маҳмурод шудем ва субҳ онҳоро ба Душанбе гусел кардем. Акаи Маҳмурод буд, ки тарғибу ташвиқ ҳизб дар минтақаи Рашт хуб гузашт ва дар ин маърака беш аз 14 ҳазор овоз гирифтем. Мутаассифона, Комиссияи Маркази Интихоботӣ эълон кард, ки ҲСДТ ҳамагӣ 6 овоз гирифтаст. Агар интихобот дар Тоҷикистон шаффоф мебуд замима барои диктотураи хонаводагӣ намегузошт.
Вақте ки акаи Маҳмурод ва раиси ҳизб Раҳматуллоҳ Зоиров интихоботи президентии соли 2020- ро байкот карданд, ҳукумат роҳ ва усулҳои гуногунро ҷустуҷӯ кард, ки акаи Маҳмуродро шинонанд. Аз чӣ тӯҳматҳое, ки кор нагирифтанд. Тамоми хонаводааш зери фишор, тӯҳмат ва таҳвини мақомот қарор дошт. Аввал писаронаш мавриди фишор ва шиканҷа қарор гирифтанд, баъдан худи акаи Маҳмурод.
Имрӯз ин марди Худо бо иттиҳоми бофтаву сохта барои 14 сол равонаи зиндон шудааст. Банда ба шуҷоату сарбаландии акаи Маҳмурод эътимоди қавӣ дорам. Медонам, ки дар зиндон ҳам нисбат ба беадолатӣ қиём мекунад, пеши касе сар хам намекунад. Имрӯз, ки аз зиндон хабарҳои зиёде нисбати бемории акаи Маҳмурод мешунавем, бовар дорам, ки ин ҳам рӯҳи шикастнопазир акаи муборизамро шикаста наметавонад.
Аз Худованди мутаъол сиҳатии эшонро металабам ва барояш паём медиҳам, ки мо ӯро фаромӯш насохтаем, бо ӯ ҳастем ва барои озодияш талош хоҳем кард!
Ба қалами Фарҳод Худоёров.

Добавить комментарий