ИЗҲОРОТИ КУМИТАИ ШАҲВАНДИИ НАҶОТИ ГАРАВГОНҲО ВА ЗИНДОНИЁНИ СИЁСӢ ВОБАСТА БА БОЗДОШТИ БАРОДАРИ ФАЪОЛӢ СИЁСӢ ИЛҲОМҶОН ҚУРБОНОВ

Аз рӯи хабари нашр кардаи „Azda TV“ мақомоти қудратӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон рӯзи 14-уми апрели соли ҷорӣ сокини ҳамин ноҳия Қурбонов Самаридинро аз назди хонааш боздошт ва ба макони номаълум бурдаанд.

Қурбонов Самариддин бародари фаъоли сиёсӣ Қурбонов Илҳомҷон мебошад. Номбурда дар суҳбат ба “Azda TV“ гуфт, субҳи имрӯз 5-6 нафар аз кормандони амниятии ноҳияи Фархор бародараш Самариддинро аз назди хонаашон ғайриқонунӣ, бидуни даъватнома, зӯран ба як мошин савор карда ба ҷои номаълум бурдаанд.»

Kумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ин амали нангини мақомоти қудратии Тоҷикистонро маҳкум мекунад.

Мутаассифона фишор овардан ба наздикону пайвандони мухолифин яке аз амалҳои доимии ҳукумати Тоҷикистон гаштааст.


Чанд вақт қабл мақомоти Тоҷикистон модари солманди рӯзноманигори тоҷик Анора Саркорова низ даъват ва ба ин модар ҳам таҳдид кардаанду фишори равонӣ расонидаанд.

Бо фишор овардан ба наздикону пайвандони мухолифин ва гаравгон гирифтани онҳо ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад пеши роҳи фаъолияти мухолифони худро бигирад.

Аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунҳои ҷории Тоҷикистон ин амали номатлуби мақомоти Тоҷикистон ҷинояти зидди башарӣ ҳисобида мешавад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз созмонҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи башар ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон даъват мекунад, то вориди қазия шуда ҳукумати Тоҷикистонро ба риояи қонунҳои Тоҷикистон ва байналмиллалӣ, ки Тоҷикистон зери он имзо гузоштааст, водор кунанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон.


14 апрели соли 2023.
Варшава.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: