Мариус Фоссум: ТАҲРИМҲОИ ШАХСӢ БАР ЗИДДИ РЕЖИМИ РАҲМОН ВОСИТАЕСТ ТО АЗ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҲИМОЯТ ШАВАД

«Зиндониён»:  Суҳбати мо пас изҳороти ахири Шумо дар робита ба эъмоли таҳрими ҳадафмандонаи мақомоти Тоҷикистон сурат мегирад. Чаро маҳз дар ҳамин шабу рӯз чунин тасмим гирифтед?

Мариус Фоссум: Ташкилоти мо солҳост, ки дар робита ба дағалонатарин нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон таҳримҳои мақсаднокро ҷонибдорӣ мекунад.  Маҷбур шудам, ки ман бори дигар дар бораи таҳримҳо алайҳи мансабдорони тоҷик, ки дар ҷиноятҳои вазнин даст доранд, ҳарф занам.  Ин дафъа аз таҳримҳо ҳангоме ёдовар шудам, ки мақомот бидуни тардид рӯзноманигоронро бегуноҳ зиндонӣ мекунанд ва интизор доранд, ки дар посух вокуниши ҷиддие нахоҳанд шунид.  Тавре медонед, қазияи Хуршед Фозилов мисоли тозаи шикори рӯзноманигорон аст. Ахиран инчунин наздикони хабарнигори тоҷик Анора Саркорова низ мавриди таъқиб қарор гирифта буданд. Ва чи тавре медонем соли гузашта ҳам 7 рӯзноманигор зиндонӣ шуданд.

“Зиндониён”: Метавонед бигӯед, ки то куҷо ин иқдоми Шумо ҷиддӣ аст? Ё умуман ин танҳо як идеяе буд, ки аз тарафи Шумо матраҳ шуд?

Мариус Фоссум: Медонед, кишварҳои демократӣ на танҳо барои намоиш, балки барои он ки василаи дигаре дар мубориза барои ҳуқуқи башар дошта бошанд, қонунҳои таҳримиро қабул кардаанд.  Чунин ба назар мерасад, ки ҳама чиз ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқ, созмонҳои байналмилалӣ вобаста аст — маҳз мо бояд ба мақомоти дахлдор маълумоти заруриро пешниҳод кунем, то нисбати мансабдорони гунаҳкор чора андешанд.  Ҳоло мо дар бораи хулосаҳои сиёсии Тоҷикистон гузориши калонеро нашр карданӣ ҳастем.  Дар ин гузориш зиёда аз 450 номи махбусони сиёсӣ ҷамъоварӣ шудааст. Мо инчунин дар бораи додрасҳо, додситонҳо, муфаттишон ва ғайра маълумоти муфид ҷамъоварӣ кардаем.  Илова бар ин, корҳо болои дигар механизмҳои байналмилалӣ идома доранд.

“Зиндониён”: Дар аксари маворид чунин пешниҳодҳо ба сурати дастамҷамъӣ сурат мегиранд. Шумо бовар доред, ки дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башари Урупо аз ин иқдом ҷонибдорӣ менамоянд?

Мариус Фоссум: Инчунин созмонҳои дигар, албатта, тарафдори таҳримот алайҳи афроде ҳастанд, ки дар нақзи дағалонаи ҳуқуқи башар  гунаҳкоранд, аммо ман ҳаққи аз номи онҳо ин ҷо онҳо ҳарф заданро надорам.  Масалан, ҳанӯз дар соли 2018 мо дар якҷоягӣ бо Human Rights Watch, Freedom Now, Civil Rights Defenders аз Иттиҳодияи Аврупо даъват карда будем, ки таҳримҳо алайҳи мансабдорони давлатии Тоҷикистонро, ки дар нақзи дағалонаи ҳуқуқи башар даст доранд, баррасӣ кунанд.

«Зиндониён»:  Кадом созукорҳое вуҷуд доранд, ки бо истифода аз онҳо воқеан, метавон дар эъмоли таҳрим алайҳи мақомоти дастандаркор дар нақзи фоҳиши ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муваффақ шуд?

Мариус Фоссум: Мо тарафдори таҳримҳои мақсаднок ҳастем, ки на ба мардуми оддӣ, балки танҳо ба  мансабдорони мушаххасе, ки ба рӯйхат ворид шудаанд, нигаронида шавад.  Маъмурони фасодкор пулҳои худро дар бонкҳои ғарбӣ нигоҳ медоранд, дар Лондон манзилҳои гаронбаҳо ва дар Италия виллаҳои зебо мехаранд.  Вақте ки як мансабдор ба рӯйхат ворид мешавад, раводиди ӯ қатъ мегардад.  Имкон пайдо мешавад, ки суратҳисобҳои ӯ дар бонкҳои ғарбӣ баста шаванд. Дигар зиндагияш мисли пешин набуда мушкилоташ зиёд мегарданд.  Албатта, барои чунин ҷиноятҳо, аз қабили шиканҷа, зиндон кардани фаъолони сиёсӣ, одамрабоӣ  гунаҳкорон бояд ҷазо бигиранд. Амио, дар Тоҷикистони имрӯза, мутаассифона, адолат нест,  баръакс мардуми бегуноҳ дар зиндонҳои режим нишастаанд, дар ҳоле ки мансабдоре, ки дар ҷиноятҳои сангинтарин даст дорад, оромона зиндагӣ мекунанд, ба хориҷ рафтуо доранд ва аз беҷазоии комил бархурдоранд. 

Албатта, таҳримҳо адолатро пурра барқарор намекунанд, аммо ҳадди ақалл абзоре барои фишор болои мақомдорон хоҳад гашт.

«Зиндониён»:  Пас аз пешниҳоди Шумо баҳсҳои густардае дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ дар хусус матраҳ шуд. Иддаи зиёде ба ин назаранд, ки ин гуна иқтидомот ба ҳамкориҳои Тоҷикистону соири кишварҳои ғарбӣ таъсире ҳам расонда наметавонад. Оё воқеан ҳамин тавр аст? Созмони Шумо дар ин хусус чӣ таҷрибаҳое дорад?

Мариус Фоссум: Ин ҷо сухан дар бораи таҳримҳои мақсаднок меравад — ва саволи асосӣ ба фикрам ин аст: оё таҳримҳо ба вазъи кунунии ҳуқуқи башар дар кишвар таъсир карда метавонанд?  Боварӣ дорам, ки метавонанд, чунки ҳар як диктатор, ҳар як раҳбари як кишвари худкома ба дастгирии элитаи дохилӣ ниёз дорад.  Тақрибан дастгирии элита бо пул, бо сарват, бо манфиатҳои молӣ харида мешавад.  Раҳмон айнан ҳамин ҳолатро дорад ва дар ин ҷо тавассути таҳримҳо метавон аз мансабдорон молу мулкашонро таҳрим кард, имкон дорад молу мулке, ки дар хориҷ доранд мусодира шавад. Хулоса сарвате, ки  диктатор барои пуштибонии худ ба  элитаҳо масраф кардааст, таҳрим кардан мумкин аст.

«Зиндониён»:  Таври маълум, иддае аз коршиносон ба ин назаранд, ки талоши ҳукуматҳо ва созмонҳои ғарбӣ то як ҳадде аст ва он ҳад манфиатҳои ҷонибҳост. Ҳарчанд ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ мухолифин ва дигарандешонро дар хоки худ ҷо додаанд, аммо аз ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон даст накашидаанд. 

Масалан таҳвили писари яке аз мухолифини тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддин ба Тоҷикистон баҳсу баррасиҳои густардаеро халқа кардааст. Чаро ӯ бо вуҷуди паноҳанда будан ба Тоҷикистон истирдод шуд?

Мариус Фоссум: Қазияи Абдуллоҳи Шамсиддин даҳшатнок аст ва далели равшани он аст, ки набояд ба ҳарфи режими Раҳмон бовар кард.  Мо ва шуморе аз ниҳодҳои байналмилалии ҳуқуқи башар  аз мақомоти Олмон даъват карда будем, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод накунанд, вале онҳо ӯро истирдод карданд. Ман ҳоло аз мақомоти Олмон даъват мекунам, ки ҳама кори аз дасташ меомадаро кунанд, то Абдуллоҳи Шамсиддинро озод кунанд. Олмон пурнуфузтарин  узви Иттиҳодияи Аврупо аст ва метавонад аз имкониятҳои худ истифода бурда сиёсати фаъолтареро  дар пиёда кардани таҳримҳо нисбати режими Раҳмон роҳандозӣ кунад.

«Зиндониён»:  Магар ҳукуматҳои ғарбӣ ба ин соддагӣ омодаанд, ки паноҳандаҳои тоҷикро ба Ҳукумати Тоҷикистон таҳвил диҳанд?

Мариус Фоссум: Намедонам. Ман танҳо дақиқ медонам, ки мақомоти тоҷик масъулони олмониро мутақоид карда буданд, ки А. Шамсиддинро дар Тоҷикистон ягон хатаре интизор нест. Аммо мисли ҳамеша ваъдаашон пучу холӣ баромад. Яъне дар сатҳи расмии ҳукуматӣ дурӯғ гуфтанд.

«Зиндониён»:  Акнун чанд суоле дар мавриди мушкилоти тоза ва ташвишовари дигари Тоҷикистон.  Пас аз як моҳ, 18-май солгарди ҳодисаҳои хунини Бадахшон аст. Шумо рафтори Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳраки Вамар, маркази маъмурии ноҳияи Рӯшон ва навоҳии дигари Бадахшон ва инчунин маркази онро чӣ гуна арзёбӣ менамояд?

Мариус Фоссум: Саркӯбҳои феълӣ дар Бадахшони Кӯҳӣ, ҳатто аз рӯи меъёрҳои режими Тоҷикистон, хеле даҳшатангезанд.  Умуман, мақомот аллакай майдонро пок кардаанд, озодии баёнро аз Тоҷикистон дур кардаанд, мухолифони осоиштаро зиндонӣ кардаанд, тамоми матбуот назорат мешавад, ва ҳуқуқшиносону рӯзноманигорони мустақилро паси панҷара қарор додаанд.   Озодӣ ва дигарандешии мардуми шарифи Бадахшонро ҳам, ки мисли ҷазирае дар қаламрави ин режим устувор буд мехоҳанд решакан кунанд. 

«Зиндониён»: Ҳоло тамаркузи Ҳукумати Тоҷикистон болои пахш кардани пасмондаҳои “саркашӣ”-ҳои Бадахшон ҷазб шудааст. То куҷо созмони Шумо ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додааст?

Мариус Фоссум: Мо бодиққат ҳар як ҳаракати режимро наззора мекунем ва ҳама гуна ҳаракати зиддиқонунии ҳукуматро дар ин маврид сабт мекунем ва шарҳ медиҳем. Чигунае гуфтам мо кушиш дорем гузориши мукаммалеро аз аҳволи зиндониёни сиёсӣ таҳия ва нашр кунем. Дар ин гузориш мо дар бораи 450 зиндонии сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон маълумот хоҳем дод. Як қисмати бузурги ин гкзориш ҳам ба ҳодисаҳои ахири Бадахшон бахшида хоҳад шуд. Ҳамаи ин кушишҳо барои он аст, ки ҳарчӣ зудтар мақомоти дахлдори байналмилаллӣ барои ҷорӣ кардан таҳримҳо болои мансабдорони тоҷик кушиш ба харҷ диҳанд.    

“Зиндониён”: Тавре медонед, созмони мо «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» ба ҳимояи ҳуқуқии зиндониён ва гаравгонони сиёсӣ тахассус дода шудааст, аз ин рӯ мехоҳам  дар бораи зиндониён ба шумо суоле бидиҳам. Тавре маълум аст, дар Тоҷикистон теъдоди зиёди маҳбусон вуҷуд доранд ва онҳо бо моддаҳои мухталиф равонаи зиндон шудаанд, аммо сабаби асосии мушкилоти ин қишри мардумдар он аст, ки онҳо ҷуръат кардаанд то аз ҳақиқат тарафдори кунанд ва ба муқобили режими Раҳмон ҳаракат кунанд танҳо барои ҳамин ҳоло дар зиндонанд.  Мутаассифона, дар байни онҳо беморони вазнин ва инчунин одамони синну солашон бузург низ ҳастанд, ки дар мавриди озод шудан, дигар ба режим ягон хатаре эҷод карда наметавонанд ва ҳабс кардан онҳо ҳам корест беҳуда. Инчунин пас аз озод шудан метавон онҳоро аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ маҳрум кард. Агар роҳе ё равише пайдо карда ба гуши ин ҳукумат расонд то онҳоро бо шарти берун нарафтан аз ҷои зист ва бо ӯҳдадории иқомат дар қаламрави муайян  озод кунад, кори хайре мешуд.  Оё роҳҳои расонидани чунин паём ба мақомоти Тоҷикистон вуҷуд дорад?  Ташкилоти шумо дар ин самт чӣ тадбирҳоро метавонад пиёда кунад?

 Мариус Фоссум: Ман ба ин масъала махсусан хушбин нестам. Режим ҷавҳари хунхоронаи худро кайҳо нишон дода аст. Мақомот мутаасифона зиндониёни сиёсиро ба ҳеҷ ваҷҳе озод намехоҳанд кунанд. Ҳатто пиронсолон ва шахсони ки сахт беморро.  Ин кор барои даҳшатафканӣ бар мардум аст то  аз ҳар гуна амали эътирозӣ даст кашанд. Яъне, «хомуш бош, вагарна…».  Тоҷикистон давлати заъиф аст. Ҳукумате, ки бар иқтидори худ бовар дорад, ҳаргиз мисли режими имрӯзаи Тоҷикистон амал намекунад.  Дар Тоҷикистон сохторхои давлати заифанд. Аз ир рӯ режими Точикистон режими тарс аст. Ҳатто, худи мансабдорони баландпоя метарсанд. Дар ин система бесарусомонӣ хукмфармост, хадамоти махсус ба рохбарияти кишвар дурӯғ мегуянд, хизматчиёни давлати ба дуздӣ машғуланд, хама аз якдигар тарс доранд, касе аз касе беҳтар нест.  Ин аст, ки маќомот на танҳо рақибони сиёсиро, балки мардуми оддиро низ барои як лайк дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиндонӣ мекунанд. Ҳатто нафаронеро, ки ҳеҷ гоҳ аз онҳо таҳдиди сиёсӣ ба режим набударо ҳам зиндонї мекунанд.  Ин ҳама хусусиятҳои заиф будани давлатдорӣ мебошад. 

“Зиндониён”: Суоли охирин. Дар як соли ахир ҳама шоҳиди таъқиби хабарнигорон барои фаъолияти касбиашон будем.  Дар давоми камтар аз як сол дах рӯзноманигор бо иттиҳомоти дурӯғин ба муҳлатҳои  сангин равонаи зиндон шуданд.  Одатан, парвандаҳо ва зиндонӣ  шудани хабарнигорон аз тарафи созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар аксуламали бештареро ба бор меорад, аммо бераҳмии бесобиқа дар таъқиб ва фишору зиндонӣ кардани рӯзноманигорон дар Тоҷикистон барои созмонҳои байналмилалӣ қариб ноаён мегӯзарад. Сабаби асосии камтаваҷҷуҳии созмонҳои байналмилалӣ дар ин масъала дар чист?

 Мариус Фоссум: Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯза бӯҳронҳо хеле зиёданд, масалан, Русия беш аз як сол боз  Аврупоро ба ҷанг кашида аст.  Вазифаи мо аз он иборат аст, ки дар як чунин вазъияти ҳасос дар ҷаҳон, дар пасманзари ҷиноятҳои Кремл бар зиди башарият навҳаи бӯҳрони Тоҷикистонро ҳам ба гуши ҷаҳониён  бирасонем.

 Зиндониён: Ташаккур як суҳбати пурмуҳтаво. Аз шумо барои заҳамоти шабонарӯзият сипосгӯзорӣ мекунам ва ба бароятон муваффакият орзумандам!

Зимнан, дар моҳи май Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия гузориши муфассалеро дар бораи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон нашр хоҳад кард, ки умедворем, як санади хубе барои муаррифии мизони озодии баён ва дигарандешиҳо дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: