Бузургмеҳр Ёров Равшанович 09.07.1971 сол дар шаҳри Душанбе, ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.
Падараш Равшани Ёрмуҳаммад нависандаи маъруфи тоҷик, модараш Исҳокова Ҳуриниссо – хонашин.
Ӯ соли 1988 мактаби миёнаи №11 шаҳри Душанберо хатм намуда, аз соли 1988 то 1989 дар мактаби миёнаи №10 ш. Душанбе ба сифати сарпионервожатий кор кардааст.
Дар хориҷи кишвар бо сафархои хизмати дар Эрон, Авғонистон, Руссия, Украина, Узбекистон, Туркманистон, Кирғизистон, Қазоқистон, Амрико, Олмон, Чин ва Арабистони Саудӣ буда дар интихоботи соли 2015 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда аст.
Оиладор сохиби 5 фарзанд.
28 сентябри соли 2015 бо ҷумрҳои беасос ва ғаразнок аз тарафи мақомоти қудратии Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуда, дар натиҷаи се мурофиаи судӣ ба 28 сол аз озоди маҳрум карда шудааст.
Нуриддин Маҳкамов, ҳуқуқшиноси ширкати ҳуқуқии “Сипар”. Соли 1955 дар оилаи деҳқон дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шудааст. Баъди боздошти Б.Ёров ба ӯ ёрии ҳуқуқӣ расонидааст.
Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии политехникии шаҳри Душанбе. Забонҳои форсӣ ва русиро хуб медонад. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Нуриддин Маҳкамов, адвокати тоҷик моҳи октябри соли 2015 аз тарафи мақомот боздошт шуд. Ӯро монанди Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми қаллобӣ ва бар асоси моддаҳои 307 ва 307 қисми 1 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ барои “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, мазҳабӣ ва даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” муттаҳам ва ба 21 соли зиндон маҳкум карданд.
Фаромуз Иргашев, 03.04.1990 ба дунё омадааст. Ӯ узви пешини Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва номзади сабтиномнашудаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи соли 2020 ва инчунин аъзои фаъоли “Комиссияи 44” ҳам буд.
Иргашев моҳи майи соли 2022 дар Хоруғ боздошт шуда Додгоҳи олӣ ӯро ба 30 соли зиндон дар колонияи низомаш сахт маҳкум кард. Дар Тоҷикистон 30 соли зиндон сангинтарин ҷазо пас аз ҳабси абад дониста мешавад.
Сайиднуриддин Шамсиддинов, ҳуқуқшинос, 12 сентябри соли 1985 таввалуд шудааст.
Аз ӯ ҳамчун фаъоли мубориза бо фасод ном мебаранд.
19 сентябри соли 2020 боздошт шуда бо иттиҳомоти бофта, аз қабили: додани ғайриқонунии замин, фурӯши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, дидаю дониста эълони бардурӯғ, тасарруф, саркашӣ аз пардохти алимент, қаллобӣ ва иштирок дар фаъолияти ифротгароӣ, 9,5 сол ҳукми зиндон гирифтааст.
Манучеҳр Холиқназаров, 24.12.1977 ба дунё омадааст. Ҳомии ҳуқуқи башар ва ҳуқуқшиноси тоҷик аз Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ.
Холиқназаров ҳуқуқшиноси ботаҷриба буда, то замони боздошташ дар соли 2022 ба ҳайси директори Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир кор кардааст, ки аз ҳимояи ҳуқуқи башари қавми помирии зодаи Бадахшони Кӯҳӣ ҳимоят мекард. Ӯ ҳамчунин узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аст ва аъзои фаъоли “Комисияи 44” ҳам буд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 декабри соли 2022 Манучеҳр Холиқназаровро тибқи моддаҳои 187, қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ) ва 307 (3), қисми 2 (иштирок дар фаъолияти созмони мамнӯъ бо фаъолияти ифротгароёнааш) гунаҳкор донист. Ӯро ба муҳлати 16 сол аз озодӣ маҳкум ва равонаи колонияи ислоҳии низомаш сахт карда шудааст.
Иззат Амон, таввалуди 20-апрели с.1973 аст. Иззат Амон, раиси Маркази тоҷикони Маскав, рӯзи 25 марти соли 2021 аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз Русия ба як тарзи мармӯз ба Тоҷикистон истирдод шуд, ки мақомоти Тоҷикистон як рӯз баъд аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд.
Ба гуфтаи мақомот, ӯ бар асоси баёноти чанд нафар бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст.
“Мо тамоми маблағи зарари моддиро ҷуброн кардем, тибқи моддаҳои дигари Кодекси ҷиноӣ ягон айб нест. Пас чаро судя қонуни афвро татбиқ накард? Мо аз чунин беадолатӣ ниҳоят дар ҳайрат мондем”, — гуфт Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон рӯзи 19 октябр 2021 дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.
Вакили дифои ӯ Саидбурхон Шарифов бошад ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанберо нисбати Иззат Амон «ғайриқонунӣ» хонд.
Ҳамин тавр, Иззат Амон ба муддати 9 сол аз озодй махрум карда шуд
Добавить комментарий