50-солагӣ муборак!

Паёми табрикотии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ) ба муносибати 50 солагии Иззат Амон

Иззат Амон мутаввалиди 20-апрели соли 1973 мебошад.

Иззат Амон аз ҳомиёни маъруфи ҳуқуқи башари тоҷик ва раҳбари Маркази тоҷикон дар Маскав буд. Вай аз ҳуқуқи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия фаъолона дифоъ карда, ба онҳо кумакҳои ҳуқуқӣ ва дигар кумакҳои зарурӣ мерасонд, аз ҷумла ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби корфармоён ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамеша дар талош буд то ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирон риоя шавад. Хусусан дар кумак ва дастгирии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ҳангоми хуруҷи пандемияи COVID-19 ва бе кор ва бе даромад мондаани онҳо, аз ҷумлаи хизматҳои шоистаи ин марди ҳақ барои миллати тоҷик аст!

Иззат Амон аз соли 1996 шаҳрвандии Русияро дошт ва ба ҳеҷ ваҷҳе намешуд ӯро дар Тоҷикистон муҳокима ва зиндонӣ кард, аммо чигунае медонем бо нақзи тамоми қонунҳои башарӣ ва нақзи қонунҳои ҷории Русия ва Тоҷикистон ӯ аз Маскав дуздида шуда, бо иттиҳомоти бофта 9 сол равонаи зиндон шуд.

Миллати тоҷик хиҳматҳои шоёни ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва ҳатман иззатмандии ӯ пеши миллат ва Худованд пойбарҷост!

Иззат Амон аз мунтақидони сарсахти ҳукумати Тоҷикистон ба далели пуштибонӣ аз муҳоҷирони тоҷики муқими Русия буд ва “гуноҳи” асосии ӯ ҳам ҳамин танқиди ҳукумати ноуҳдабаро ва ҳимоят аз мардум буд.

Миллати тоҷик хизматҳои шоёни Иззат Амонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва ҳатман иззатмандии ӯ пеши миллат ва Худованд пойбарҷо мемонад!

50-солагӣ муборак, марди шариф!

Бошад, ки зодрӯзи ояндаатро дар ҷамъи оила ва дӯстон бигзаронӣ!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ)

Варшава. Лаҳистон

20.04.2023

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: