КШНГЗСТ иди саъиди Фитрро бар мардум ва миллати азизи кишварамон хусусан бар азизони зиндониёни сиёсӣ, ки бегуноҳ ва бе ягон асосу далил бо ҷабру зулму ситам фақат ба хотири фикри дигар доштан ва «НЕ» гуфтан ба он шайтонбачаҳоӣ шайтонсиришт, ки кишвари азизи моро ғасб кардаанд пушти миллаҳоӣ зиндонҳо ба муддатҳои тӯлони нишастаанд табрику муборакбод мегуяд.
Иди фитр поктарин ва идтарини идҳост, чун,ки подоши як моҳ ибодат ва дури аз ҳама гуна олудагиҳо ва аз шаҳавоту ҳавову ҳавасҳост. Ин моҳи сиём аст, моҳи қиём аст, ки инсон худро дар ин моҳ пок месозад. Ин иди сарсупурдагӣ ва бандагист. Ин иди поён ёфтани рамазон нест. Иди баромадани инсони нав, рӯзи нав ва рӯзии нав аст. Идест, ки дар вуҷуди инсонҳо инқилоб ба бор меоварад ва инсонро аз як ҳолат ба ҳолати дигар табдил месозад, идест, ки бар инсонҳо дарси «НЕ» гуфтан дар баробари ҳама лаззатҳой дунявӣ ва ҳама фиръавну фиръавнсифатонро меомузад. Ин идест, ки танҳо ва танҳо ва фақат ва фақат лаббайк гуфтанро дар баробари фармоишоти Аллоҳ таборака ва таъоло Парвардгори тамоми ҳастӣ меомузад.
Ин аст, ки рамазон бо сиёму қиёмҳояш бо саҳархезиҳо ва ифторҳояш бо намози таровеҳ ва қиёми лайлаш бо дуову муноҷотҳояш ва бо шаби қадру садақоташ аз мо бандагон инсони дигар месозад.
Иншоаллоҳ умед аст, ки тоъоту ибодот ва қиёму сиёми мову шуморо Худованди таборак ва таъоло ба даргоҳи бениёзаш қабул намояд ва он аҷру подоше, ки аз ҷониби Парвардгорамон барои мо бандагони оҷизу нотавонаш мерасад ҳадия ва идие бошад дар охират дар пешгоҳи Худованди Қодиру тавоно.
КШНГЗСТ бори дигар ин иди шариф ва саъидро бар ҳама мардуми кишварамон ва азизони зиндониёни сиёсӣ табрик арз менамояд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ.

Добавить комментарий