Чи гӯнае медонем ва шоҳиди ҳол будем таи чанд даҳсолаи ахир мақомоти Тоҷикистон бо бадахшониҳо бархурди дигаре доранд. Ин муносибати ноадолатонаи ҳукумати марказӣ нисбати аҳолии осоиштаи ин вилоят, ки тибқи қонуни асосии кишвар бояд худмухтор бошад чандин бор ба ҳодисаҳои хунин ҳам кашонид, ки ахиран чанд бор мардуми осоишта қатл ва зери таъқиб гирифта шуданд.
Дар арафаи солгарди ҳодисаҳои хунини Вамару Хоруғ тасмим гирифтем то аз бархурдҳои ҳукумат бо мардуми ин минтақа ва оқубатҳои он таҳлил ба анҷом расонем ва пешкаши хонандагон гардонем.
(Бахши аввал. Ҳодисаҳои хунини соли 2012)
21-уми июли соли 2012 дар Хоруғ ҳодисае рух дод, ки таҳаввулоти ҷиддиеро дар муносибати ҳукумат ва мардуми ин минтақаи Тоҷикистон ба миён овард. Ин ҳодиса куштори раиси вақти шуъбаи вилоятии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ Абдулло Назаров буд. Ҳукумат бо баҳонаи боздошти қотилони генерали КДАМ Абдулло Назаров ба шаҳри Хоруғ шумори зиёде аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ҷузъу томҳои гуногуни вазоратҳои Мудофиа ва Дохиларо ворид кард, ки баъдан ин ҷузъу томҳо боис шуданд то соли 2023 якчанд амалиёти махсус гузаронанд ва боиси куштори шумори зиёди аҳолии осоишта гарданд.
Дар куштори Абдулло назароа афроди наздик ба полковники отряди сарҳадии Ишкошим, собиқ фармондеҳи саҳроӣ Толиб Айёмбеков гумонбар мешуданд. Аммо Айёмбеков монеъи боздошти ин афрод будаасту мақомот чунин амалиётро роҳандозӣ кардаанд.
Аммо, худи Айёмбеков дар остонаи ин амалиёт дар мусоҳиба бо хабаргузории “Азия+” гуфта буд, ки аз таслими ин афрод сарпечӣ накардааст, танҳо мақомоти интизомӣ ба ҷуз ин афрод аз миёни сокинони Хоруғ таслими 17 нафари дигарро тақозо кардаанд.
Ҳукумат ин талабро бо далели “аз обрӯ назди мардум бархурдор” будани Айёмбеков пеш овардаанд, аммо ӯ наметавонад ин талаби мақомотро иҷро кунад. Чун тавре худи Айёмбеков гуфтааст, намехоҳад чунин масъулиятро ба дӯш гирад. Ду рӯз раҳбарони вазоратҳои дифоъ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Додситонии кулл дар ин бора бо Айёмбеков гуфтушунид карда, муддати тӯлонӣ роҳи ҳалли масъаларо ҷустаанд, аммо ба мувофиқа нарасиданд
Дар ҳамин ҳол интиқоли нерӯҳои изофӣ ба Хоруғ аз ҳисоби ҷангиёни воҳидҳои мухталифи ниҳодҳои қудратии кишвар идома ёфтааст. Дар замони ҳамла, ба гуфтаи бархе аз манобеъ шумори умумии сарбозони нерӯҳои давлатӣ беш аз 3 ҳазор нафар будаст.
Тибқи версияи расмӣ, ҳамла баъди он сурат гирифтааст, ки Айёмбеков аз истирдоди афроди даст дошта дар куштори генерал Назаров сарпечӣ кардааст. Аммо ба гуфтаи худи Айёмбеков ва дигар раҳбарони ғайрирасмии шаҳр, ки баъдан онро раиси вақти вилоят Қодири Қосим ҳам таъйид кард, музокироти Айёмбеков ва нерӯҳои амниятӣ то бевақтии шаби 23 июл идома дошт. Дар натиҷаи ин музокирот тавофуқ ҳосил шуд, ки афроди гумонбар дар куштори генерал дар субҳи 24 июл худашон ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир мешаванд ва дар ифшои ҷиноят саҳм мегузорад.
Тавре Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ, ки раҳбарии ин амалиёти низомиро бар уҳда дошт баъдан гуфт, амалиёт пас аз рабуда шудани кормандони Додситонии ҳарбӣ аз бинои комиссариати ҳарбии шаҳр оғоз шуд. Баъд аз ин, қарор дода шуд то аз нирӯ истифода шавад.
Дар чор маҳаллаи Хоруғ УПД, Бархоруғ, Хлебозавод ва қисман дар ноҳияҳои Навобод задухурдҳои шадид сурат гирифтанд. Дар баробари ин аҳолии маҳалҳо на танҳо кучонда нашуд, балки амалиёт бе огоҳӣ оғоз гардид. Танҳо бархе аз сокинони ноҳияи Хлебозавод хонаҳои худро тарк карданд, ки мақомоти маҳаллӣ дар бораи эҳтимоли ҳамла ба онҳо хабар дода, талаб карданд, ки хонаҳои худро тарк кунанду халос. Аммо аксари сокинон бовар надоштанд, ки ин амалиёт метавонад ба ин андоза густарда хунин бошад.
Чунин ба назар мерасид, ки масъала ҳал шуд, аммо бо вуҷуди ин, соати 4-и субҳи 24 июл дар шаҳр алоқа комилан қатъ карда шуд ва бе огоҳии мардум, амалиёти махсуси ҳарбӣ оғоз карда шуд.
Мардум муқовимат нишон доданд.
Тирпаронӣ 16 соат давом кард. Он вақт дар бораи ҳодисаҳои дар Хоруғ рухдода маълумоти мӯътамад дастрас набуд. Дар соатҳои аввали ҳамла тахмин мерафт, ки тақрибан 100 нафар аз ҷониби аҳолӣ кушта шуда аст.
Пасон маълумоти дақиқ дар бораи шумори кушташудагон танҳо рӯзҳои баъдӣ пас аз мораторий эълон кардани Раисиҷумҳури кишвар муаян шуд. Ҳангоме, ки долони амнияти ташкил карда шуд, то сокинони маҳаллӣ ва низомиён ҷасади кушташудагонро бардошта ба хок супоранд.
Шумори дақиқи қурбониён аз миёни сокинони Хоруғ пас аз шиносоӣ 21 нафарро ташкил дод. Ду нафари онҳо субҳи 25 июл дар ҳавлиҳояшон кушта шудаанд. Дар миёни захмиён занон ва кӯдаки дусола низ буданд. Дар бораи захмишудагон дар байни мардум маълумоте нест, зеро мардум захмҳои худро пинҳон медоштанд, то зери таъқибу фишор намонанд.
Тибқи иттилои расмӣ, шумори кушташудагони нерӯҳои ҳукуматӣ бошад 23 нафарро ташкил додааст.
Бо вуҷуди он, ки бо даъвати Оғохон мардум яроқу аслиҳаи худро супурда буданду ҳукумат мораторий элон карда буд, шаҳри Хоруғ ноором буд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 10-уми август дар посгоҳи Бидур, воқеъ дар канори шаҳри Хоруғ як мошини тамғаи Мерседес аз ҷониби нирӯҳои ҳукуматӣ тирборон карда шуд, ки дар натиҷа ду нафар кушта ва ду нафари дигар, аз ҷумла як зан захмӣ шуданд.
Баъд аз ин дар шахр гирдиҳамоӣ барпо гардид, ки дар он аҳолии шаҳр ихроҷи нирӯҳои давлатиро талаб карданд. Баъд ба онхо ваъда дода шуд, ки нирӯҳо аз мавқеъҳои худ дар шаҳр бароварда мешаванд ва бо мурури замон онҳоро ба ҷойҳои доимии мустақарашон мефиристанд, амио ҳукумат ба ваъдааш вафо накард.
Баъди 11 руз ҳодисаи дигар руй дод. Шаби 22 август раҳбари ғайрирасмии Бадахшон, маъюби дараҷаи аввал Имумназар Имумназаров бо тарзи мармуз дар манзили зисташ террор шуд.
Бори дигар дар шаҳр мардум гирдиҳамоӣ карданд, ки бо қиёс аз гирдиҳамоиҳои пешин бесобиқа буд. Ба гирдиҳамоӣ ҳудуди 8 ҳазор нафар ҷамъ омада буданд ва сокинони дигар ноҳияҳо ВМКБ ҳам ба ин гирдиҳамоӣ пайваста буданд.
Ин дафъа талаби сокинон сахттар буд. Онҳо дар навбати аввал даъвати Маҷлиси вакилони халқии Вилоятро тақозо карданд, то иҷозаи баргузории гирдиҳамоӣ гирифта шавад. Бо дарёфти муҷозот сокинон интизор доштанд, ки ба мақомот як қатор дархостҳо ироа кунанд. Талаботи асосии мардум он замон хуруҷи нерӯҳо ва барканории раиси вилоят буд, аммо иҷлосия сурат нагирифт, зеро тавассути намояндаи Бунёди Оғохон Ёдгор Файзов вазири дифоъ ба гирдиҳамомадагон расонд, ки дар сурати пароканда шудани гирдиҳамоӣ омода аст созишномаи хуруҷи нерӯҳоро имзо кунад. Вазир барои тасдиқи суханони худ низомиёнро аз ҳама дидбонгоҳҳо кӯҳӣ ва аз дохили шаҳр берун кард. Бо вуҷуди ин, бархе аз низомиён дар шаҳр монданд. Баъдан хабар расид, ки пас аз сафари раисиҷумҳур ба ВМКБ дар моҳи сентябр нирӯҳо аз минтақа хориҷ мешаванд, аммо боз ҳам мақомот ба ваъдаашон вафо накарданд.
Баъди аз ин ҳодисаҳои Хоруғ обрӯи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ хисороти ҷиддӣ дида, сатҳи боварии мардуми Бадахшон ба ҳукумати марказӣ якбора поин рафт.
Пас аз гузашти солҳо савол ба миён меояд: Барои чӣ? Чаро ҳукумат чунин амалиёти хуношомро анҷом дод? Ин ҳама қурбонӣ барои чӣ буд?
Расман дастгир шудани қотилони генерал Назаровро асоси ин амалиёт номида буданд, аммо боздошти ин афрод чандон муҳим набуд. Аллакай бо гузашти чанд рӯзи амалиёт сохторҳои қудратӣ аз мардум талаб мекарданд, ки на қотилони генерал, балки раҳбарони ғайрирасмии вилоят, фармондеҳони собиқи саҳроӣ Иумназар Имумназаров, Муҳамадбоқир Муҳамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов ва Толиб Айёмбековро таслим кунанд.
Дар ин бора раиси Бунёди Оғохон Ёдгор Файзов дар яке аз вохӯриҳо бо фаъолони шаҳр, ки бо иштироки муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов, роҳбари Ташкилоти Оғохон оид ба рушд Мунир Миралӣ баргузор шуда буд, хабар дод.
Аз ҷумла, Ё. Файзов гуфт, ки мақомот омодаанд, дар сурати таслими аслиҳаи худ ҳамаи ҷангиёнро бубахшанд, аммо дар баробари ин вай таъкид кард, ки фармондеҳони собиқ — Имумназар Имумназаров, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов ва Толиб Айёмбеков бояд ба мақомот супурда шаванд.
Масъалаи боздошти гумонбарони куштори генерал Назаров дигар матраҳ набуд.
Додситони кулл ва вазири умури дохила низ мегӯянд, ки амалиёти Хоруғ ҳадафи аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ будааст. Умуман, ба гуфтаи онҳо, дар шаҳр 4 гурӯҳи ҷиноӣ вуҷуд дошт, ки Иумназаровро раҳбари ҳамаи онҳо медонистаанд.
Хулоса, дар вохуриҳо бо мардум аз аввал то охир ҳукумат дуруғ мегӯфт ва танҳо фурсат меҷуст то хостаҳои худро бароварда кунаду халос. Яъне ин нишасту дастдоданҳо танҳо ба хотири гул задани мардум буданду халос.
Чигунае дар боло гуфтем ҳодисаҳои соли 2012 паёмадҳои манфӣ доштанд, ки муҳимтаринаш коҳиши обрӯ ва эътибори ҳукумати марказӣ дар назари мардуми Бадахшон, бахусус дар миёни ҷавонон, буд. Ҳатто, дар байни ҷавонон пасон эҳсосоти радикалӣ ба таври ҷиддӣ афзоиш ёфта, пас аз ҳодисаҳои ноябри соли 2021 ва махсусан майи соли 2023 дар Вамар ва Хоруғ ба авҷи худ расидаанд.
Бо вуҷуди он, ки ҳоло вазъ дар умум дар Бадахшон ба эътидол омада як оромии нисби ҳукмфармост, аммо дар мафкураи мардум даҳшат, тарс, нобоварӣ ва номуайянӣ боқӣ мондааст.
Болотар аз ин, пас аз чанд амалиёти хунин ва бархурдҳои золимона бо мардуми Бадахшон, на танҳо дар Бадахшон, балки дар Душанбе ва дигар манотиқ ҳам сару садоҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки мардумро асабоният ва ҳисси ноамнӣ фаро гирифта боварии мардум ба адлу адолат хеле коста шудааст. Чунин муҳит дар оянда барои амнияти режим хатарзо буда ба ҳеҷ ваҷҳ ба фоида ин режим нест. Яъне, худи ҳукумат ва нерӯҳои қудратӣ нохоста ва ё худ дидаву дониста ба амнияти худ хатар эҷод кардаанд ва бо дасти худ доранд ба решаи худ теша мезананд.
(Давом дорад)

Добавить комментарий