АКСИ АБДУЛЛОҲИ ШАМСИДДИН ДАР РОҲПАЙМОӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ МЕҲНАТКАШОН ДАР ДОРТМУНД

Рузи меҳнат (1-Май) чун анъана дар шаҳри Дортмунд мардуми зиёдро ба кӯчаҳо баровард. Ин мардум аз ҳар имконияте истифода мебаранд то ба ҳукумату роҳбарияти шаҳру давлат ҳушдор бидиҳанд, ки ҳаққи шаҳрвандии моро пос доред. Ҳарчанд дар нисбат ба давлатҳои пасошуравӣ талаби ҳаққи шаҳрванд бо чунин шева, яъне гирдиҳамоӣ қариб баробар ба ҷиноят аст, аммо дар дили Аврупо гирди ҳам омадан як кори маъмулист. Новобаста аз он, ки Аврупоиҳо сатҳи зиндагии хуб доранду кам воқеъ мегардад, ки ҳаққи шаҳрвандияшон поймол шавад, онҳо боз аз ҳар имконияте истифода мебаранд то мавқеъи худро ба гуши ҳукуматиҳо бирасонанд. Ҳамин тавр дар рӯзи иди меҳнаткашон ҳам иттифоқҳои касаба, ҳам ҳизбҳои чапгарову ҳам ростҳо зиёда аз 3.000 нафарро гирди ҳам ҷамъ оварданд.

Ҳамкорони собиқи Абдуллоҳи Шамсиддин ҳам дар ин рӯз бо мардум ва бо ёди Абдуллоҳ буданд. Онҳо бо шиорҳо ва расми Абдуллоҳ бори дигар ба гуши масъулон расонданд, ки истирдоди ҷаълии А. Шамсиддин бори дигар собит кард, ки ҳукумат дар Тоҷикистон қонунмеҳвар набуда тамоми идораҳои давлатӣ дар қабзаи як нафар ва дар хизмати як нафар аст.

Ҳамкорон ва дӯстони А. Шамсиддин бори дигар таъкид карданд, ки аз ҳама имкониятҳо ва абзорҳои мавҷуда барои озодии Абдуллоҳ истифода мебаранд.

Инчунин кушиш менамоянд, ки барои мушаххас кардани макони будубоши Абдуллохи Шамсиддин тамоми чорахои заруриро меандешанд. Ва ҳушдор доданд, ки ба ӯ шиканча ва дигар шаклхои бадрафторӣ таҳдид мекунад. Илова бар ин, ба ӯ бояд имконият диҳанд, ки бо хешовандонаш тамос гирифта тавонад.

Онҳо гуфтанд, агар ҳукумати Тоҷикистон боварӣ дорад, ки Абдуллоҳ гунаҳгор аст, бигзор парвандааш бозбинӣ шуда мурофиааш озод ва бо иштироки расонаҳои дохиливу хориҷӣ бо риояи тамоми қавонини байналмилаливу ҷории Тоҷикистон, бо дастрасии бемамониат ба вакили дифоъ гузаронида шавад.

Гуфтанист, ки ҳукумати Тоҷикистон баъди истирдоди Абдуллоҳи Шамсиддин ӯро дастгир карда бе таъмини вакили дифоъ ва эълони айбнома ду моҳ дар боздоштгоҳ будани ӯро пинҳон карда баъди ин ӯро барои ким кадом “лайк” ё “комментария” барои 6 сол равонаи зиндон карданд.

Ҳам истирдод, ҳам боздошт ва ҳам парвандаи А. Шамсиддин ҷаълӣ буда зиддӣ қонунгузориҳои ҷории Тоҷикистон ва қавонини байналмилалие, ки ҳукумати Тоҷикистон зери онҳо имзо кардааст, мебошад.

Боздошт ва зиндон кардани А. Шамсиддин обрӯи бе ин ҳам пасти низоми ҳоким дар Тоҷикистонро пеши чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ пасттар карда пурра бар зарари ин низом анҷом хоҳад ёфт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: