Зиндониҳои сиёсии тоҷик оё ба қавли раҳматӣ Файзинисо Воҳидова, баччаҳои “ҷайра” ҳастанд?


Дирӯз субҳ (2 майи 2023) дар Фаластини ишғолӣ (режими “Исроил”) яке аз зиндониён ва асирони фаластинӣ шаҳид шуд. Бо пахши хабари шаҳодати ин асир, ки баъд аз 86 рӯзи эътисоби ғизо ҷон ба Ҷонофарин супурдааст, дунё такон хӯрд ва вокунишҳо шурӯъ шуд: аз мушакборони сарзаминҳои ишғолӣ тавассути муҷоҳидони фаластинӣ гирифта то интиқоди шадиди дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва низ вокуниши бисёр шадидуллаҳни Созмони ҳамкорҳои исломӣ ва ҳамчунин Иттиҳодияи Араб ва то интиқодҳои аҳзоб ва шахсиятҳои ҷаҳонӣ.

Аммо – ва бо камоли таассуф – 8 сол аст, ки шумори зиёде аз тоҷикҳо, фақат ба хотири ин ки мухолифи сиёсӣ ва вобаста ба як ҳизби сиёсии мунтақид ҳастанд, дар сиёҳчолҳои режими Эмомалӣ Раҳмон – ки вазъи бисёр вахимтар ва ба маротиб бадтар аз зиндонҳои исроилӣ дорад – ва дар сахттарин шароит ба сар мебаранд ва чанд нафари онҳо то кунун монанди шаҳид Хизр Аднон ҷон ба Ҷонофарин супурдаанд (мисли марҳуми шаҳид мулло Қурбон Маннонов ва шаҳид эшони Абулфайз ва ғайра), вале аҳаде аз ҷаҳониён ҳатто “лом” намегӯяд! Медонед, чаро?

Ду иллат дорад: яке, ин ки тоҷикистониҳое дорем, ки аз рафтори Раҳмон дар зиндон кардани ин бечораҳо ҳимоят мекунанд. Мутаассифона! Вақте аз мазлумияти ин бечораҳо лаб кушодед, зуд вокуниш мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо (зиндониҳо) ҳақ доранд, ки дар зиндон бипӯканд! Бале, якчунин афроде бо камоли таассуф на танҳо дар дохили Тоҷикистон, ки ҳатто дар берун аз он ҳастанд; касоне, ки баъзе аз онҳо дар паноҳандагӣ ва дар Урупо ба сар мебаранд. Намедонам, дили онҳо то чӣ ҳадд сахт ва мисли санг аст, ки аз ҷиноятҳои Раҳмон алайҳи ин афроди бечора ҳимоят мекунанд!

Иллати дигараш он аст, ки мо ҳанӯз натавонистем ба гӯши ҷаҳониён мазлумияти ин бечораҳоро бирасонем. Бале, бо ин ки аҳзоб ва ҷунбишҳои сиёсии мо имрӯза дар Урупо фаъол ҳастанд, вале натавонистаанд ҳанӯз воқеияти моҷароро ба ҷаҳонёин бирасонанд. Кумитаи зиндониён (КШНГСЗ) хеле талош мекунад дар ин замина, ки ҷо дорад аз так-таки фаъолони ин ниҳод тақдиру ташаккур кунам, вале бояд бештар талош шавад. Фаъолон ва муборизони тоҷик ба ҷойи аҳаммият ба ин қазияи бисёр муҳим, ба масоиде андармон ҳастанд, ки воқеан ҷойи таассуф аст. Як ҳафта аст, ки аз як нафар ба номи Гусейн ё Гасан ҳарф мезананд. Ин воқеан ҷойи таассуф аст.

Мо бояд бештар талош кунем.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: