(Бо қалами Ҷамшед Ёров)
Расо 7 сол пеш, дар ҳамин руз, суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии якумин парвандаро нисбати Бузургмеҳр Ёров оғоз кард.
Айни ҳол бошад мо мунтазири ба анҷом расидани “тафтишот”-и парвандаи чорум нисбати ин маҳбуси сиёсӣ ҳастем. Ба наздикӣ бояд кӣ он анҷом ёбад ва ба суд баррои барраси ирсол гардад. Парванда анҷоми соли гузашта ва аввалҳои моҳи январи соли ҷорӣ оғоз шудааст.
Чӣ хеле, кӣ медонем тамоми он се парвандаи пешина, кӣ дар натиҷаи он Бузургмеҳр ба 28 сол зиндонӣ шуд ғаразнок, сиёсӣ ва тамоман ғайриқонунӣ буданд. Даъвоҳои беасосу бемантиқи мақомоти тафтишотӣ, ки супориши роҳбарияташонро иҷро мекарданд дар мурофиаҳои судӣ тасдиқ нашуданд. Суди якуми Бузургмеҳр Ёров дар муҳити каме кушод ва бо иштироки якчанд каратинаи ҷомеъаи шаҳрвандӣ сурат гирифт. Вале мурофиаҳои судии парвандаҳои дуюм ва сеюм паси дарҳо баста гузаронида шуд, ки ин худ далолат аз тарси мақомот оиди фош нашудани чузъиёти парвандаҳо ва хатогиҳои дар он буда метавонад.
Инак, бо ин ҳам қаноат накарда, анкун нисбати Бузургмеҳр Ёров парвандаи чорум бо “даъвои” яке аз маҳбусоне, ки ҳамроҳаш дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат адои ҷазо мекард оғоз карда шудааст. Дар ин маврид низ муфатишони Вазорати корҳои дохила чизе ба ғайр аз “қаллобӣ” иншо карда натавонистанд. Бояд гуфт, кӣ барои мақомоти тоҷик ин ягон мушкилие нест. Чунки дар Тоҷикистон касе аз онҳо, дар назар дорам суд ва прокуратураро, намепурсад ва намесанҷад дурустии оғози парвандаи ҷиноятиро.
Бузургмеҳр Ёров адвокат надорад!
Муроҷиатҳои мо ба адвокатҳо, собиқ ҳамкорони Бузургмеҳр, ташкилотҳое, кӣ ёрии ҳуқуқӣ мерасонад бенатиҷа буд. Касе аз тарси аксуламали кормандони “ҳифзи ҳуқуқ” ҳимояи Бузургмеҳрро ба дӯш нагирифт. Ва тафтишот мачбурӣ як нафарро “навшогирдро” ба Ёров Б. чун адвокат таъин кард.
Он касеро кӣ шаҳодатномаи адвокатӣ дораду гуё манфиатҳои қонунии Бузургмеҳрро ҳимоят мекунад адвокат номидан ҳам мумкин нест. Ин адвокат то ҳол ягон маротиба якка ба якка ва танҳо бо зерҳимояаш во нахурдааст, ба наздаш надаромадааст. Дархосту маълумотномаҳое, ки барои парванда заруранд ва бегуноҳии Бузургмеҳҳро исбот метавонанд кунанд нанавиштаасту дастрас накардааст. Худаш икрор шудааст, ки уро бе иштироки муфатиши ВКД ба назди Бузургмеҳр рох намедиҳанд.
Чи гуна ин касро метавон адвокат номид вақте, кӣ у вазифаҳои касбиашро ба хешовандони Ёров Б. вогузор мекунад? Аз адвокати давлатӣ дигар чи интизор шудан ҳам мумкин буд?!
Кист он нафаре, ки бо аризаи у парванда нисбати Ёров Бузургмеҳр оғоз карда шудааст, ному насаб ва симои у, шарҳи ҳодиса аз суханони худи Бузургмеҳр, ному насаби муфатишу адвокати ноухдабаро, нақши кормандони муасисаи ислоҳии ЯС 3\1 подколковник Сафаров Манучеҳр, майор Ориф, сардори муассиса Турсунов Б. ва дигар ҷузъиёти ин таъқиби нави сиёсии ғаразнокро нисбати Бузургмеҳр Ёров ба наздикӣ нашр ҳоҳем кард.

Добавить комментарий