Бино бар гӯфти пайвандони адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ӯро барои ду ҳафта ба утоқи ҷаримавӣ маъруф ба ШИЗО интиқол додаанд. Буду бош дар ШИЗО нисбат ба утоқҳои одии зиндон хеле сахт буда, онҷо зиндониёнеро барои мудатҳои гуногун ҷой мекунанд, ки ягон тартиботи зиндонро вайрон карда бошанд, аммо режими худкомаи ҳукумати Раҳмон аслан зиндониёни сиёсиро сари чанд вақт ба ШИЗО маҳкум мекунанд, то камбудиҳояшон расонаӣ нашавад ё барои тарсу зулми бештар болои онҳо. Масалан, ягон хабар аз бедодгариҳои зиндон расонаӣ шавад ва ё зиндонии сиёсие аз ҳуқуқҳои худаш ҳимоят кардани шавад дарҳол нафарро равонаи ШИЗО мекунанд то ба дигарон “дарс” шавад.
Тибқи хабари родюи “Озодӣ” ду ҳафта пеш Бузургмеҳр Ёров аз дохили зиндон ба пайвандонаш нома фиристода, ҷузъиёти парвандаи нав алайҳашро шарҳ дода будааст ва ин “ҷурм” сабаб шудаву ӯро ба ШИЗО фиристодаанд.
Ҳуриниссо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров рӯзи 9-уми май дар суҳбат бо родюи “Озодӣ” гуфтаст, ки чор рӯз пеш ба писараш ғизо бурд, вале посбонони зиндон қабул накарданд. “Онҳо ба ман гуфтанд, ки Бузургмеҳр Ёров ба утоқи ҷаримавӣ бурда шудааст ва ҳеҷ чиз қабул карда намешавад. Пурсидам, барои чӣ ба ШИЗО бурдед, чизе нагуфтанд. Хона омадам ва гиря кардам. Ман панҷ сол аст, ки ӯро надидаам,”—мегӯяд, модари Бузургмеҳр.
Ба гуфти Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос, раиси «Бунёди Бузургмеҳр» эҳтимолан сабаби аслии ба ШИЗО бурдани Бузургмеҳр нашри номаи ӯ дар бораи парвандаи нав нисбаташ, ки бо ҷурми “қаллобӣ” кушодаанд бошад. Мақомот барои нашри ин нома бо сабаби он, ки гуиё ҷузъиёти ин парвандаи “қаллобӣ” махфӣ будааст ӯро муҷозот мекунанд, ҳол он, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон парвандаи “қаллобӣ” зарурат ба муҳри махфӣ надорад.
Бузургмеҳр Ёров соли 2015 боздошт шуда бо иттиҳомоти бардуруғ ва бо баргузории мурофиаҳои судии махфӣ, бо нақзи қонунгузориҳои ҷории Тоҷикистон ва қонунҳои байналмиллалие, ку худи ҳукумати Тоҷикистон зери онҳо имзо гӯзоштааст баррасӣ шуда ӯро 28 сол равонаи зиндон кардаанд. Ва инак ин парвандаи 4-ум алайҳи Бузургмеҳр Ёров аст, ки дар ҳеҷ як кадомаш ӯ худро гунаҳгор намешуморад ва доимо аз поймол шудани ҳуқуқҳояш ва нақзи тартиботи мурофиаҳо гуфтааст.
Инчунин, соли 2019 гурӯҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона озодии вакили зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёровро аз мақомоти тоҷик талаб карда буданд, аммо мақомот то ҳол пешниҳодро нодида мегирад.
Тафтиши парвандаи Бузургмеҳр Ёров бар асоси дархости чаҳор созмони байналмилалии ҳуқуқӣ — Freedom Now, Lawyers for Lawyers, Hogan Lovells US LLP ва DLA Piper UK LLP анҷом шуда, натоиҷи он рӯзи 3 июни 2019 нашр шуда буд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон зулми навбатӣ нисбати ҳуқуқшинос, адвокат ва зиндонии сиёсӣ Бузургмеҳр Ёровро маҳкум карда аз мақомоти дахлдор риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, аз ҷумла зиндониёнро қотеъона талаб мекунад.
Даст аз зулм бардоред!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ)
Варшава. Лаҳистон
10.05.2023

Добавить комментарий