Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ) талаби 7,5 соли зиндони айбдоркунандаи давлатӣ барои рӯзноманигор Хуршед Фозиловро иттиҳомоти беасос номида ӯро куллан бегуноҳ мешуморад ва аз додгоҳи шаҳри Панҷакент талаб мекунад, ки ӯ аз толори мурофиа озод карда шавад!
Хуршед Фозилов узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон буда дар телевизиони маҳаллӣ кор мекард. Масъули сомонаи бахши идораи обу ҳаво дар ноҳия ҳам буд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи мушкилоти иҷтимоии шаҳру ноҳияи Панҷакент матлаб менавишт.
Ногуфта намонад, ки Хуршед Фозилов ҳаштумин хабарнигорест, ки аз тобистони соли гузашта аз сӯи мақомоти Тоҷикистон боздошт мешавад. Ва ҳамаи онҳоро ҳатман бо ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ айбдор мекунанд, ки ҳам худи рӯзноманигорон ва ҳам пайвандонашон ин иттиҳомотро тамоман рад мекунанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ)
Варшава. Лаҳистон
25.05.2023

Добавить комментарий