КШНГЗС зодрӯзи Шоҳида Маҳмадҷоноваро табрик мегӯяд

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), бо табрики зиндонии сиёсӣ, Шоҳида Маҳмадҷонова ба муносибати зодрӯзи вай, тасреҳ кард, КШНГЗС тамоми талоши худро ҷиҳати озод шудани ин Зан-Модар ба харҷ хоҳад дод. Раиси КШНГЗС дар як гуфтугӯи кӯтоҳ бо сайти “Зиндониён”, зимни табрики Шоҳида Маҳмадҷонова ба муносибати рӯзи таваллуди ин... Читать далее →

7 саволи модари Гулбиддин Зиёбеков аз КДАМ

Модари Гулбиддин Зиёбеков дар номае ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, 7 савол матраҳ карда ва хостааст, масъулони ин ниҳод ба саволҳои ӯ ҷавоб диҳанд. Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари Гулбиддин Зиёбеков, дар номае саркушода ба масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ), 7 савол матраҳ карда ва хостааст, масъулони ин ниҳод ба саволҳои ӯ посух диҳанд.... Читать далее →

Салмон Султонзода: “Сабаби зиндонӣ шудани Шобудин Бадалов ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ, озодандешӣ ва худшиносу Худошинос будани буд”

Салмон Султонзода, узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик ва фаъоли КШНГЗС бо баёни ин ки “шобудинҳо” баромада аз даруни мардум ҳастанд, онҳоро касе омода накардааст, бегонае таълим надодааст, онҳо сабзида дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ҳастанд, мушкилоти ҷомеа ин ҷавонмардони ғаюр ва миллатдӯстро ба воя расонида обутоб додааст, гуфт: “Ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ, озодандешӣ ва худшиносу Худошинос будани... Читать далее →

Раҳмон бояд бидонад, ки бо зиндонӣ кардани Шобудин, наметавонад фарҳанги сукут ва хомӯширо дар ҷомеа ниҳодина кунад – 14 ёддошти тааммулбарангези Шобудин Бадалов дар Фейсбук

Баъд аз бознашри ёддошти зиндонии сиёсӣ, Шобудин Бадалов таҳти унвони “Мо экстремисту террорист нестем!“ дар сайти “Зиндониён”, дирӯз яке аз “дилсӯзон” дар паёме бароямон навишт, ки набояд суханони Шобудин, ки қаблан алайҳи режими Раҳмон навишта, бознашр шаванд, зеро – ба бовари ин “дилсӯз” – ӯро дар зиндон сахттар азобу шиканҷа мекунанд. Дар посух ба “дилсӯзиҳои”... Читать далее →

Нӯҳ соли зиндагӣ, дар вартаи зиндон сипар

Нӯҳ соли зиндагӣ, дар вартаи зиндон сипар, Ай Юсуфи Канъони дур, аз дидаи доғи падар! Рӯзе синонат бишканад, занҷираи зиндонро, Эй пайкари равшанзамир, ай бандаи соҳибназар! Озодӣ дар савти умед, рӯзе ба гӯшат мерасад, Имрӯз ё фардо нашуд, фардо расад рӯзи дигар. (Пайрави Иқбол) #Ҳафтаи_Шобудин_Бадалов #Озодӣ_ба_Шобудин_Бадалов #Свободу_Шобудину_Бадалову #Free_Shobudin_Badalov

Номаи саркушода ба СММ, САҲА ва кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон ва гурӯҳи тамос

Ба сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ): Дабири кулл, Шӯрои амният, Котиботи додгоҳи байналмилалӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон ва гурӯҳи тамос: Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Покистон, Русия, Эрон ва Афғонистон. Олиҷанобон! Бо арзи дуруди бепоён! Худ огоҳед, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ)... Читать далее →

Шобудин Бадалов: “Мо экстремисту террорист нестем!”

Шобудин Бадалов, фаъоли сиёсии тоҷик, ки ҳамакнун режими Раҳмон ӯро ба 9 сол зиндон маҳкум кардааст, дар таърихи 28 июли соли 2020 баъд аз озод шуданаш аз ҳабси муваққатӣ дар Русия дар ҳамон таърих, ёддоште бисёр пурмазмун дар сафҳаи худ дар Фейсбук навишта. Ӯ дар ин ёддошт, бо тақдиру ташаккур аз ҳамаи касоне, ки барои... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑