Анора Саркорова, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, дар ду бахш аз ёддошт дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, дар бораи ҷузъиёти муҳокимаи Амриддин Аловатшоев навиштааст, ба ин тартиб: (Бахши аввал) Дар яке аз видеоҳо бо ширкати Амриддин Аловатшоев, ки тавассути кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон филмбардорӣ шудааст, ин варзишкор баъд аз боздошташ дар январи соли ҷорӣ гуфтааст,... Читать далее →
Рустами Ҷонӣ: “Амриддин Аловатшоевро барои он зиндонӣ карданд, ки соири бадахшониҳо дигар гап назананд”
Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ бо баёни ин ки мақомоти кунунӣ ба ҳар кас, ки мардум дил баст, рашк мебаранд ва аз чаҳор тараф бар ӯ тӯҳмат меборонанд, хотирнишон кардааст: “Амриддин Аловатшоевро барои он зиндон карданд, ки дигар помириҳо гап назананд ва ба ҳар каломи ҳукумат “лабайк” гӯянд.” Матни пурраи ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст:... Читать далее →
Меҳмоншоҳ Шарифов: “Мақомоти Тоҷикистон аз зиндагии мардум дур мондаанд”
Меҳмоншоҳ Шарифов, файласуфи иҷтимоии тоҷик, дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, роҷеъ ба эъломи ба 18 сол маҳкум ба зиндон шудани Амриддин Аловатшоев, бо тарҳи ин суол, ки “ин чӣ ҳолат ва чӣ мантиқ аст, ки дар Тоҷикистон ҳукмрон аст”, навишта: “Инҷо дигар таҳлили ҷомеашинос, файласуф ва равоншинос зарур нест. Масъала оддист ва... Читать далее →
Анора Саркорова: “Оё сукути хешони Амриддин Аловатшоев кӯмаке ба ӯ кард?”
Анора Саркорова, рӯзноманигори тоҷик, пас аз он ки додгоҳи Тоҷикистон Амриддин Аловатшоевро ба 18 сол зиндон маҳкум кард, хитоб ба касоне, ки сукутро тарҷеҳ медоданд тасреҳ кардааст: “Тарафдорони мавқеъи сукут ва хомӯш мондан ҳоло чӣ мегӯянд? Оё сукути хешони Амриддин Аловатшоев кӯмаке ба ӯ кард? Бо сукути худ оё ин варзишкорро наҷот додед? Оё мақомоти... Читать далее →
Баёнияи КШНГЗС оид ба маҳкум шудани Амриддин Аловатшоев ба 18 сол зиндон
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ҳукми додгоҳ нисбати Амриддин Аловатшоевро, ки имрӯз санаи 29 апрели соли 2022 эълон шуд золимона, ноодилона ва ғайриқобили қабул меҳисобад. Бино ба гузориши расонаҳо, баррасии парванда санаи 29 апрел соати 14 оғоз шуда, дар чанд соат ҳукм бароварда шудааст. Аз рӯи хабарҳо маълум шуд, ки ба... Читать далее →
Чаро Амриддин аз иҷрои адолат навмед шуда?
Рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ бо ишора ин ки адвокатҳои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар як сӯҳбати тӯлонӣ тавонистаанд, Амриддинро мутмаин созанд, ки ҳимояти онҳо зарур аст, хотиррасон кардааст: “Амриддин Аловатшоев дар ҳолати навмедӣ ва афсурдаҳолӣ гуфта буд, ки ба ҳимояти касе мӯҳтоҷ нест ва ба адолат бовариаш намондааст.” Ин рӯзноманигор дар ёддоште навиштааст: “Амриддин Аловатшоевро розӣ... Читать далее →
Шуморе аз гирдиҳамомадагони тоҷик дар Олмон: “Додгоҳи Чоршанбиев бояд боз ва бо ширкати рӯзноманигорон баргузор шавад!” – (Видео)
Шуморе аз тоҷикони сокини Олмон бо барпоии тазоҳуроте дар ин кишвар, аз мақомоти Тоҷикистон тақозо намуданд, ки додгоҳи Чоршанбе Чоршанбиев бояд ба сурати боз ва бо ширкати бастагон, рӯзноманигорон ва ҳамаи хоҳишмандон баргузор шавад. Онҳо изҳор доштанд, ки дар ин ҷиҳат номае ба дафтари Кумисиюни Аврупо доданд. Сухангӯи тазоҳуркунандагон дар суханоне бо ишора ба ин... Читать далее →
Ҳукумати Тоҷикистон — ҳукумати беназир
Сайидюнуси Истаравшанӣ Бознашр аз сомонаи Паём Ба баҳонаи Ҳафтаи дифоъ аз мардуми Бадахшон Дар ёддошти ин ҳафта, ки камокон ба мардуми Бадахшон ва дифоъ аз онҳо ихтисос дорад, дар бораи як вежагии мунҳасир ба фарди ҳукумати Тоҷикистон ба риёсати Эмомалӣ Раҳмон, ки ба назарам, на дар таърих метавон барои он назир пайдо кард ва на... Читать далее →
Амриддин Аловатшоевро нишон диҳед!
Корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти кишвар дархост кардаанд, фавран Амриддин Аловатшоевро нишон диҳанд. Гуфта мешавад, вай дар асари шиканҷаи зиёд дар ҳоли ҳозир дар бемористони Қаряи Боло бистарӣ мебошад. Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои шинохта дар миёни зодагони ВМКБ дар Русия рӯзи 11-уми январи имсол нопадид шуд. Мақомоти тоҷик танҳо рӯзи 2-юми феврал боздошти ӯро... Читать далее →