Амруллоҳи Низом Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз рӯзноманигорони зиндонӣ ва боздоштшуда https://zindoniyon.files.wordpress.com/2022/10/unnamed-file-7.png Дар ҳамин шабакаҳои иҷтимоӣ кам касоне ҳастанд, ки ин азизонро нашиносанд. Аммо, ман фикр мекунам, аксари онҳое, ки ахбор, аҳвол ва таҳаввулоти Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд, дасти кам яке аз ин бузургонро ба сурати маҷозӣ ҳам, ки бошад, мешиносанд. Бар илова, аксари онҳое, ки... Читать далее →
Домулло Ҷалолиддини Маҳмуд “муфтӣ”*-и ҲНИТ буд
Ба муносибати Ҳафтаи Ҷалолуддини Маҳмуд Амруллоҳи Низом Тазаккур: Он чи дар ин ёддошт омада, назари шахсии муаллифи он аст ва лузуман мунъакискунандаи дидгоҳи фаъолони КШНГЗС нест. Сайти “Зиндониён” танҳо ёддошти мазбурро аз сафҳаи муаллиф бардошта. * * * Домулло Ҷалолиддини Маҳмуд, яке аз чеҳраҳои шинохтаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви Раёсати олии он аст.... Читать далее →
“Интизор доштам, бузургони ин ҳизб ӯро муаррифӣ мекунанд, вале ин корро накарданд”
Ба муносибати Ҳафтаи Абдуқаҳҳор Давлат Амруллоҳи Низом Ин бачаи хуб солҳо оинанамои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд. Ӯ сардабири нашрияи ин ҳизб бо номи “НАҶОТ” буд. То вақте дар озодӣ буд, барои ҳифзи обрӯ ва эътибори ин ҳизб талош мекард, аммо ҳоло, ки ба хотири ин ҳизб пушти миллаҳои зиндон равонаш кардаанд, қариб, ки хелеҳо... Читать далее →
Андар боби “эътирофи душман”
Ба муносибати Ҳафтаи Домулло Саъдуддини Рустам Амруллоҳи Низом Арабҳо як мақулаи хубе доранд, ки мегӯяд: الحق ما شهدت به الأعداء “Дуруст ё ҳақиқат онест, ки душман ба он шаҳодат бидиҳад.” Дар бораи домулло Саъдуддини Рустам, яке аз зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ин мақулаи маъруф хеле сидқ мекунад. Дар замони Расули Худо душманони он Ҳазрат (с) ҳама... Читать далее →
Ёри падар
Амруллоҳи Низом Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад яке аз раҳбарони зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аз собиқ ҳамсафони падарам. Мане, ки аз хурдсолӣ барои таҳсили илм роҳии диёри ғурбат шуда будам ва то ҳол насиб нашудааст, ки турбати поки модару падарамро зиёрат кунам, дӯстони падарам пас аз реҳлати эшон барои ман дарсҳои зиёде дар ин зиндагӣ... Читать далее →
Амруллоҳи Низом: “Абдурраҳим Восиев ҳамчун як фаъоли сиёсӣ ва руҳонии кишвар ба маротиб зиёдтар аз хеле аз ба ном журналистон барои бедории ҷомеа талош кардааст”
Рӯзноманигори тоҷик, Амруллоҳи Низом хотирнишон кард, ки Абдурраҳим Восиевро аз замони донишҷӯӣ дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мешиносад. Ӯ ёдовар шудааст: “Агар рисолати як журналист бедор кардани ҳамнаслони худ ва ҷомеа бошад, агар рисолати як журналист пешниҳоди роҳҳои пешгирӣ аз вартаи ҳалокату фалокат бошад, агар рисолати як журналист мубориза бар зидди ноадолатиҳои синфи ҳукмрон алайҳи оммаи... Читать далее →
Таҳқиқоти журналистии Амруллоҳи Низом дар бораи Шаҳид Давлатмурод Рустамов
Ба муносибати Ҳафтаи шуҳадои зиндон Дар таърихи 30-юми марти соли 2018 аз зиндони “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат ба оилаи як зиндонии сиёсӣ занг зада, мегӯянд, биёед ва ҷасади ӯро таҳвил бигиред!.. Ин шаҳиди гумном касе набуд ҷуз Давлатмурод Рустамов, сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва аз муборизони қадимӣ, ки баъд аз ҳодисаи маъруфи сентябри соли 2015... Читать далее →
“Дӯстони” Зайд Саидовро душманони ӯ мехондам
Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор Ман боре ин мардро вонахӯрадаам, аммо аз рӯзе, ки боздошт шуд, ахборашро пайгирӣ мекунам. Аммо мегӯянд, ҷаноби Зайд Саидов марди шарифе ҳаст. Ин гапро дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он борҳо аз забони дӯст ва душманони ӯ шунидаам. Дар замони дар Тоҷикистон будан, албатта пас аз боздошти ӯ дар рафти кор ва... Читать далее →