Ба гузориши расонаҳо, Манучеҳр Шеров, сокини 36-солаи шаҳри Хоруғ ва аз наздикони Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро бо иттиҳоми “таҳқири намояндаи ҳокимият ва авбошӣ” ба 10 сол зиндон маҳкум кардаанд. Ба гузориши Радиои Озодӣ, Раёсати умури дохилии Бадахшон хабар дод, ки ҳукм 15-уми апрел содир шуд. Мурофиаро раиси Додгоҳи ноҳияи Рӯшон Зафар Бобизода баргузор кардааст. Бар асоси ин... Читать далее →
“Пеш аз он ки ба гиребони дигарон бинӣ халонӣ, аввал ганди гиребони худ бибӯй!”
Рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ дар вокуниш ба “дастур”-и Алишер Мирзонаботов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мабнӣ бар “чораҷӯйӣ” нисбат ба “шахсоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти беасос паҳн мекунанд”, бо баёни ин ки “дар ҳақиқат паҳн кардани маълумоти дурӯғ ҷиноят аст”, навишта, ки ҳамчунин пеши роҳи иттилооти ростро гирифтан ва пинҳон кардани он низ ҷиноят аст.... Читать далее →
Ин рӯзҳо дар деҳаи Тавдем модаре Наврӯз надорад
Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, дар бораи ғаму ғуссае, ки имрӯзҳо Певистамо Абдулмуминова, модари Гулбиддин ба хотири аз даст додани писараш аз сар мегузоранд, навиштааст. Вай бо ишора ба ин ки “чор моҳ аз қатли Гулбиддин Зиёбеков гузашта”, ёдовар шудааст, ки аммо “на дигар гап аз тафтиши воқеа, на қотилони... Читать далее →
Гурӯҳи 44: “Агар Ифтихор Саидбеков озод нашавад, даст ба гирдиҳамоӣ мезанем!”
Дар ҳоле, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар як муроҷиати видеоӣ сипосгузории худро аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати пуштибонӣ ва ҳимояти онҳо аз барқарории адолат ва волоияти қонун дар Бадахшон изҳор доштанд, намояндагони мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон яке аз аъзои гурӯҳи 44-нафараи ҷомеаи шаҳрвандиро боздошт карданд. Яке аз раҳбарони... Читать далее →
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров: “Тирборонам карданд, каме захм бардоштам.”
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, аз раҳбарон (лидерон)-и Бадахшон, гуфт, ки аз як суиқасд наҷот ёфтааст. Вай дар гуфтугӯе бо яке аз ҳаводоронаш, ки навори он дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мунташир шудааст, бо баёни ин ки тирборонаш карданд ва каме захмӣ гардидааст, гуфт: “Тирборон шуд, камакак ранение бардоштам.” Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо баёни ин ки тир ба дасти росташ... Читать далее →
Фаврӣ: Суиқасди бенатиҷа ба ҷони Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров
Субҳи имрӯз (ҷумъа, 4 марти 2022) ба ҷони Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров суиқасд воқеъ шуд, вале натиҷае надошт. Ба гуфтаи шоҳидон, ин суиқасд аз тарафи афроде бо либосҳои ғайринизомӣ дар назди бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сурат гирифтааст. Сомонаи Pamir Daily News, ки бештар ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистони... Читать далее →
“Бародарони моро бегуноҳ ё зиндонӣ ва ё дар пеши дарвозаашон ба қатл мерасонанд” // Муроҷиати модарони ВМКБ ба мардуми Тоҷикистон – (Видео)
Шуморе аз модарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сокини Русия ҳастанд, ба мардуми Тоҷикистон ва мақомоти кишвар муроҷиат намуданд. Яке аз онҳо бо баёни ин ки “беаҳамиятӣ зоҳир намудан дар баробари шаҳрвандони худ ин ба он маъност, ки ходимони ҳуқуқ худ Конститутсияро риоя намекунанд ё шаҳрвандони худро одам намешуморанд”, изҳор дошт: “Модарон ҳамеша... Читать далее →
Муроҷиати як бонуи нафақахӯр аз Хоруғ ба сохторҳои қудратӣ: “Мо силоҳ надорем, ҷинояткор ҳам нестем! Рафтори сохторҳои қудратӣ метавонад заминае барои ҷанги шаҳрвандӣ гардад”
Як бонуи нафақахӯр аз шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як муроҷиати видеоӣ, хитоб ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва сохторҳои қудратӣ, зимни шикоят аз бебандубориҳои сохторҳои қудратӣ дар шаҳри Хоруғ, бо баёни ин ки “мо сокинони шаҳри Хоруғ силоҳ надорем, ҷинояткор ҳам нестем”, изҳор дошт: “Рафтори сохторҳои қудратӣ метавонад заминае барои аланга... Читать далее →